ТАКСӢ (франс (tахi), таксомотор, автомобилест барои кашондани мусофирон. Дар такси киропулӣ аз рӯи нишондоди таксометр дода мешавад. Таксӣ бори аввал дар Лондон соли 1903 ва дар Петербург соли 1907 пайдо шуд.
Ба сифати такси автомобилҳои сабукрав, боркаш ва махсус истифода мешаванд. Таксиҳоеро, ки фақат ба тарафҳои муайян аз рӯи фосилаҳои муқарраршуда мусофир мекашонанду киропулиашон якборист, таксиҳои маршрутӣ меноманд.