Главная / Ҷамъият / ТАКРОР – дар таълим

ТАКРОР – дар таълим

ТАКРОР, дар таълим, ёдоварии дониш, маҳорат ва малакаҳоя пештар андӯхташуда бо мақсади такмил ва истифодаи онҳо барои вазифаҳои нави таълимӣ. Такрор дар мактабӣ советӣ мувофиқи принсипи дониши шуурнок ва амиқ ба роҳмонда шудааст.

takror
Яке аз намудҳои такрор такрори ҷорист. Ба мақсади такрори ҷорӣ муаллмм бо талабагон сӯҳбат мегузаронад, бо онҳо саволу ҷавоб мекунад.
Такрор аксар дар аввали соли хониш, пеш аз ҳама, аз забонҳои модарӣ, русӣ, хориҷӣ ва математика гузаронда шуда, гоҳо ду-се ҳафта кашол меёбад. Такроре, ки бо мақсади ҷамъбаст ва мураттаб намудани дониши талабагон гузаронда мешавад такрори махсус буда, он баъди мавзӯи калон ё як қатор мавзӯъҳои алоқаманд, дар охири соли хониш ва ё поёни мавзӯи таълимӣ гузаронда мешаванд.
Дарсҳои такрору ҷамъбастӣ бояд чунон ташкил шаванд, ки талабагон ҳодисаҳо, қоидаҳо, теоремаҳо, қонунҳоро на фақат ба ёд оранд, балки донишҳои пешинаро барои ҳалли вазифаҳои нави маърифатӣ ва амалӣ истифода бурда тавонаад. Такрори пеш аз имтиҳонот низ аз аҳамият холӣ нест. Ф. Xоҷаев.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САФОРАТХОНА

САФОРАТХОНА, намояндагии дипломатие, ки ба он сафир ва ё дигар намояндагони дипломатии класси 1- ум …