Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАКРОРИСТЕҲСОЛ

ТАКРОРИСТЕҲСОЛ

ТАКРОРИСТЕҲСОЛ, такрор ва таҷдиди муттасили истеҳсолоти ҷамъиятиро гӯянд. Он такрористеҳсоли неъматҳои моддӣ, қувваи норӣ ва муносибатҳои истеҳсолиро дар бар мегирад. Дар такрористеҳсоли одди истеҳсолот ҳар сол дар ҳаҷми пештарааш таҷдид мешавад, ҳангоми такрористеҳсоли васеъ ҳаҷми он то рафт меафзояд. Такрористеҳсоли оддӣ бештар дарформасияҳои ҷамъиятию иқтисодии токапиталистӣ мушоҳида мешуд ва зимни он неъматҳои моддӣ ҳар сол дар ҳаҷми пештараашон истеҳсол мегардиданд.

takroristehsol

Дар давраи капитализм дар ҳаҷми пештараашон истеҳсол намудани неъматҳои моддӣ кофӣ нашуда монд ва капиталист такрористеҳсоли капитал, арзиши изофа ва гирифтани даромадро мақсади асосии худ қарор дод. Такрористеҳсоли васеи капиталисти бино ба зиддияти асосии капитализм байни хусусияти ҷамъиятии истеҳсолот ва азхудкунии шахсии натиҷаи меҳнат, ки дар тазоди қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ барало зоҳир мешавад, дар давраҳои муайян гузаронида шуда, муттасилин онро бӯҳронҳои мунтазам такроршаванда вайрон мекунанд.
Дар замони сосиалиам такрористеҳсоли васеи сосиалистӣ мувофиқи план мунтазам инкишоф ёфтани истеҳсолоти ҷамъиятро дар бар мегирад. Он просесси муттасилу пай дар паи таҷдиду васеъшавӣ ва такмили техникии истеҳсолоти ҷамъиятиро ифода карда, ба моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот асос ёфтааст ва барои таъмини талаботи рӯзафзуну инкишофи ҳаматарафаи аъзоёни ҷамъият хизмат мекунад.
Қонуниятҳои такрористеҳсол дар ҳамаи мамлакатҳои сосиалистӣ якхела бошанд ҳам, вобаста ба дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ, таркиби хоҷагии халқ, манбаъҳои моддию меҳнатӣ, захираи табиию даромади миллӣ ва ғайра хусусияташои фарқ мекунад. Мақсади асосии такрористеҳсол таъмин намудани суръати баланди инкишофи истеҳсолот ва баланд бардоштани накӯаҳволии ҳамаи аъзоёни ҷамъият мебошад. М. Мамадназарбеков.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …