Маълумоти охирин

ТАКРОР

ТАКРОР яке аз санъатҳои бадеии лафзист иборат аз такроран кор фармудани калимаю ибора ё гурӯҳи калимаҳо дар мисраъ ва байту бандҳои шеър ё порчаҳои мансур. Такрор бо предмети тасвир, мавзӯъ ва ғояи асар робитаи мустаҳкам дорад. Дар рубоии зерини Рӯдакӣ сухан аз мардӣ меравад ва мақсади шоир низ таъкиди чунин хислат, яъне «мардӣ» мебошад:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Такрор барои ифодаи эҳсосоти қаҳрамони лирикӣ, баёни ҳаяҷони қалбӣ ва шӯру туғёни фикр дар шеърҳои лирикӣ корбаст мешавад. Дар асарҳои эпикӣ такрор дар зимни тасвири рӯйдодҳои пуршиддат барои афзудани драматизаш тасвир ба кор мераванд.

sher
Агар шоир аз НОИЛОҶӢ такрорро барои пур кардани мисраъ истифода кунад, он қубҳи сухан ҳисоб мешавад. Масалан, дар мисраи «Дурам ман аз бари туву ман зиндаам ҳанӯз» «ман» ва «-ам» такрори зиёдатист.
Р. Мусулмоқӯлов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …