Маълумоти охирин

ТАККА

ТАККА, така, нарбузи наслафзоеро гӯянд, ки аз бузғолаи бузҳои хушзот интихоб мешавад. Таккаро аз 18 моҳагӣ (то 7—8 сол) барои ҷуфтӣ кардан истифода мебаранд. Така бояд хушзот, ҷисман пурқувват, солим, сохти баданаш беҷирм бошад. Бузғолаи нари хушзотро аз 15—20-рӯзагӣ, 4,5—5, 12 ва 18-моҳагӣ интихоб мекунанд.

buz-taka

Такаи зоти бузҳои маҳаллӣ дар 15—20-рӯзагӣ 5—7 кг, 4,5—5-моҳагӣ то 22—25 кг, 12-моҳагӣ то 30— 35 кг; 15-моҳагӣ то 50 кг ва 4,5—5-солагӣ то 90—100 кг мешавад. Вазни такаи зоти буҳои серпашми советӣ, ки дар республика мавқеи асосӣ дорад, мувофиқан 4—6 кг, 18— 20 кг, 25—30 кг, 35—40 кг ва то 66— 70 кг аст. Дар мавсими ҷуфтӣ бо нутфаи як така то 500 (сунъӣ) ва 50— 60 (табиӣ) буз бордор мегардад. Такаҳоро баъди ба охир расидани давраи ҷуфтӣ (ноябр—декабр) ба рамаҳои алоҳида (дар ҳар рама 90—100 сар) ҷудо мекунанд. Д. Эргашев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …