Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАХАРКА

ТАХАРКА

taharka

ТАХАРКА, шоҳи Куш ва фиръавни Миср (ҳукмронӣ 689—663 то мелод) аз сулолаи XXV Эфиопия. Соли 673 хуҷуми ошуриҳоро, ки сардорашон Синахериб буд, рафъ намуд. Вале соли 671 ҳангоми ҳуҷуми нави ошуриҳо Тахарака Мисри Шимолӣ, аз ҷумла, шаҳри Мемфисро аз даст дод. Соли 669 маҳалҳои аз дастдодаро баргардонда, Мисрро то соли 666, то вақти қариб тамоми мамлакат, аз ҷумла шаҳри Фиварр забт кардани шоҳи Ошур Ошуронипал дар тасарруфи ХУД нигоҳ дошт. Тахарака маҷбур шуд, ки ба Напата (Нубия) гурезад. Дере нагузашта дар онҷо вафот кард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …