Маълумоти охирин

ТАГАЛ

ТАГАЛ, такал, 1) ғуч, қӯч, қӯчқор, наргӯсфанди наслафзоеро гӯянд, ки аз барраи гӯсфанди хушзот интихоб мекунанд. тагал дар 4—5-моҳаи (дар зотҳои тезрас аз ин ҳам барвақттар) болиғ мешавад.

tagal

Тагалро аз гӯсфандони мода ҷудо нигоҳ медоранд. Онро аз 1,5-солагӣ сар карда, дар тӯли 7—8 сол барои ҷуфтӣ истифода мебаранд. Тагал бояд хушзот, ҷисман пурқувват, солим, сохти баданаш беҷирм бинад; 2) гӯсфанди нари ахтаеро гӯянд, ки шохҳои тобдори каҷ дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …