Маълумоти охирин
Главная / Теги: Забоншиносӣ

Теги: Забоншиносӣ

РЕША

zabon

РЕША, қисми маънодори калима, (морфема, морфа), ки ҳеҷ гуна воситаҳои тағйирёбии калима ва шаклсозро (аффиксҳоро) дар бар намегирад. Решаи калима бо роҳи ҷудо кардани ҳамаи аффиксҳои калимасоз муайян карда мешавад. Масалан, «об» дар калимаҳои «обӣ», «обдон» ва ғайра. Бо роҳи аффиксасия аз реша калимаҳои нав ба вуҷуд меоянд. Дар баъзе …

Муфассал »

ХАБАР

zabon

ХАБАР, яке аз сараъзоҳои ҷумла буда, аз тарафи гӯянда тасдиқ ё инкор шудани амал, ҳолат ё аломати мубгадоро ифода мекунад. Xабар ба мубтадо тобеъ буда, онро аз ҷиҳати замон, шахс, шумора ва сиға муайян менамояд. Муносибати грамматикии хабар ба мубтадо ба тарзи зерин сурат мегирад. Xабар 1) амалеро мефаҳмонад, ки …

Муфассал »

ФРАЗЕОЛОГИЯ

zabon

ФРАЗЕОЛОГИЯ (аз юнонӣ рhrasis— ибора, ифода ва логия), як қисми забонiиносист, ки маҷмӯи таркиб, ибора, ҷумлаҳои рехтаю устувор, қонуниятҳон инкишоф ва категорияҳои лингвистии онҳоро меомӯзад. Чунин ифодаҳои рехтаю устувори забонро воҳидҳои фраpеологm (фразеологизмҳо) меноманд. Ба воҳидҳои фразеологии забон ду ва ё зиёда калимаҳои мустақилмаъно (масалан, гурги борондида— шахси доно; маккор; …

Муфассал »

ФОНОЛОГИЯ

book-1

ФОНОЛОГИЯ (аз юнонӣ phone — овоз ва …логия), як шӯъбаи забоншиносӣ, илмест, ки сохт ва амали воҳидҳои хурдтарини аз маъно маҳрумбудаи забон (ҳиҷоҳо, фонемаҳо) ва вазифаи онҳоро дар нутқ ҳамчун ҷузъҳои воҳидҳои мураккаби маънодор (морфемаҳо, калимаҳо) меомӯзад. Фонология бо ҳамин хусусияташ аз фонетика фарқ мекунад. Фонология омилҳои таҷзияи ҷараёни нутқ …

Муфассал »

ФОНЕМА

zabon

ФОНЕМА (аз юнонӣ рhonema—овоз), хурдтарин воҳиди овозии забон аст, ки ба ҷузъҳои паи ҳам ҷудо намешавад ва метавонад ба сифати симои овозии воҳидҳои маънодор — морфема, калима истифода гардад. Мафҳуми фонема дар забошниносӣ бо мақсади аз хусусиятҳои тавлидию акустикии овозҳои нутқ ҷудо кардани вазифаҳои онҳо — имконияти ба воситаи овозҳо …

Муфассал »

ФОНЕТИКА

book

ФОНЕТИКА (юнонӣ рhoneticos аз рhone — овоз), як соҳаи илми забоншиносист, ки сохти овозии забонро меомӯзад. Сохти овозии забон ду ҷиҳати омузиш дорад: тавлидию акустикӣ ва функcионалию забонӣ. Ин ҷиҳатҳои нутқи овозиро ду соҳаи илми забоншиносӣ: фонетика (дар маънои танги калима) ва фонология меомӯзанд. Фонетика на танҳо вазифаҳои забонии ҳодисаҳои …

Муфассал »

ФОНДИ АСОСИИ ЛУҒАВИИ ЗАБОН

books

ФОНДИ АСОСИИ ЛУҒАВИИ ЗАБОН; қисми асоси ва устувори таркиби лугавии забонро гӯянд, ки калимаҳо (лексика)-и аслию манбаии забонро дар бар мегирад. Ба фонди асосии луғавии забон пеш аз ҳама калимаҳое тааллуқ доранд, ки номи муҳимму зарурӣ ва мустаъмали ҳодисаву воқеоти марбути зиндагӣ ва ҳаёти воқеиро ифода менамоянд. Масалан, воми ашё …

Муфассал »

ФЛЕКСИЯ

zabon

ФЛЕКСИЯ (аз лотинӣ— хамшавӣ, гузариш), шакли ёридиҳандаест, ки ба охири реша ва ё асоси калима ҳамроҳ шуда, барои ифодаи муносибати синтаксисии онҳо бо калимаи дигар дар ибора ва ҷумла хизмат меқуиад. Ду навъи флексия— дохилӣ ва берунӣ вуҷуд дорад. Дар флексияи дохилӣ шакли кали.маҳо ба воситаи тағйири овозҳои асоси калима …

Муфассал »

ФИЛОЛОГИЯ

zabon

ФИЛОЛОГИЯ (юнонӣ рhilolojia — сухандӯстӣ, донишдӯстӣ), маҷмӯи илмҳои иҷтимоӣ—забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, таърих ва ғайра, ки ба воситаи таҳлили забон ва услуби осори хаттӣ (матн) таърихи маданияги маънавии инсониятро омӯхта, моҳияти онро ошкор месозанд. Асоси таҳқиқи филологиро матн ташкил менамояд ва ин таҳқиқ ду ҷанба дорад: яке ҷанбаи маҳдуд, ки ба омузиши …

Муфассал »

ФЕЪЛ

book

ФЕЪЛ, яке аз ҳиссаҳои нутқ аст, ки амал ва ҳолату вазъиятро ҳамчун амал мефаҳмояад. Феъл дорои категорияи шахс, шумора, тарз, замон ва сиға, шаклҳои тасрифӣ ва ғайритасрифӣ (масдар, сифати феълӣ, феъли ҳол), ду намуд (мутлақ ва давомдор) мебошад. Феъл се замон (ҳозира, гузашта, оянда) дорад. Замони ҳозира дорои шаклҳои зерин …

Муфассал »