Маълумоти охирин
Главная / Теги: Тиб (страница 9)

Теги: Тиб

ТАБЛАРЗА

lixoradka-pri-sistemnoj-krasnoj-volchanke

ТАБЛАРЗА, эҳсоси хунукист, ки дар натиҷаи тангшавии рагҳои хунгузари пӯст якҷоя бо ларзиш ва ташаннуҷи мушакҳои пуст (мурғаки пӯст) ба ашал меояд. Табларза бештар дар ибтидои таб, ҳангоми сирояти беморӣ, ҷароҳат ва ғайра пайдо мешавзд. Ҳангами Табларза ҳарорати бадан баланд шуда, гармӣ хориҷ мешавад; баъд Табларза қатъ мегардад. Табларза дар …

Муфассал »

ТАБЕС

tabes

ТАБЕС (лотинӣ tаbеs — пӯсиш) заъфи ҳароммағз, як навъ бемории музмини асабия, ки зуҳури минбаъдаи сифилис аст. Осеби ҳароммағз боиси ихтилоли ҳисси мушаку бандҳо, тази роҳгардӣ (атаксия), сабаби хала, номураттабии тағзияи бофтаҳо ва ғайра мегардад.

Муфассал »

ТАБ

tab

ТАБ, ҳуммо, табрез, табёза дар тиб, дар натиҷаи ба маркази танзими ҳарорат таъсир намудани омилҳои гуногун: сирояти микроорганизмҳои касалиовар, захм, нобудшавии бофтаҳо ва ғайра баланд шудани ҳарорати баданро гӯянд. Таб бемории мустақил нест. Вале баъзе беморнҳоро ҳоло ҳам «таб» меноманд (масалан, таби қу (q), таби зард, таби рехтагарон ва ғайра). …

Муфассал »

СУЗОК

suzok

СУЗОК, сӯзонак, пармев, гонорея, як навъ бемории аъзои таносулро гӯянд, ки барангезандааш гонококкҳо мебошанд. Манбам сироят шахси бемор буда, беморӣ асосан ҳангоми алоқаи ҷинсӣ мегузарад. Бо роҳи ғайриҷинсӣ одатанкӯдаконе, ки модарашон ба Сузок гирифторанд (ҳангоми таваллуд гонокомкҳо ба чашм ё сӯрохии маҳбал медароянд), сироят меёбаяд; аз ҷои хоб ва сачоқи …

Муфассал »

СУЗАНЗАНӢ

suzanzani

СУЗАНЗАНӢ, иглотерапия, иглорефле-ктотерапия, як навъ усули бо роҳи ба нуқтаҳои муайяни пӯст халондани сӯзави борик (аз тилло, нуқра, платина ё пӯлод бо мақсади муолиҷаи бемориҳо месозанд; дарозиашон аз 1,5 то 12 см). Сузанзанӣ дар тибби Хитой, Ҳиндустон, Эрону Тӯрон ва Япония аз қадимулайём маълум буд. Дар СССР Сузанзанӣ аз охири …

Муфассал »

РЕНТГЕНОЛОГИЯ

rentgenologiya

РЕНТГЕНОЛОГИЯ (аз номи олими немис В. К. Рентген ва …логил), илм дар бораи истифодабарии шуоъҳои рентгенӣ дар тиб ва хоҷагии халқ. Рентгенология баробари кашфи шуои рентгенӣ (1895) ба вуҷуд омада, зуд ба илми мустақил мубаддал гардид. Инкишофи Рентгенологияи тиббӣ ба тараққиёти радиологияи тиббӣ алоқаи зич дорад. Усули рентгенологӣ яке аз …

Муфассал »

РЕВМОКАРДИТ

6f1bdcd79b316978eed95f9321c64655

РЕВМОКАРДИТ (аз юнонӣ каг(Иа — дил), иллати тарбодии дил, иллатест, ки дар дили одамӣ тарбодзада пайдо мешавад. Просесси тарбоди пардаҳои мухталифи дил — эндокард (нигаред, Эндокардит), миокард (нигаред,Миокардит) ва перикард (нигаред, Перикардит)-ро фаро мегирад. Дар бофтаҳои пайвасткунандаи дил газаки тарованда (экссудативи) рӯй дода, гиреҳҳои тарбодӣ ҳосил мешаванд ва минбаъд дар …

Муфассал »