Маълумоти охирин
Главная / Теги: Тиб (страница 30)

Теги: Тиб

Намакҳои табиӣ

2

Намакҳои табиӣ номи шартии гурӯҳи минералҳое, ки дар та­биат бо роҳи таҳшиншавӣ ҳосил мегарданд. Таркиби химиявиашон аз хлорид ва сулфатҳои натрий, калий, магний иборат аст. Муҳимтарин И. т.: намаксанг (галит), силвин, карналлит, каинит, полагалит, лангбей­нит, мирабилит, тенардит. Вобаста ба шароит ва вақти пайдоиш конҳои Намакҳои табии се хел аст; конҳои …

Муфассал »

Назъ

2

Назъ (ар. — ҷонканӣ, ҷудошавӣ), дами марг, нафаси охирин. Аломатҳои Назъ душвор гардидани нафаскашӣ, аз ҳуш рафтан, суст шудани дил, аз кор мондани узвҳои ҳис ва ғайра мебошанд. Назъ аз якчанд дақиқа то якчанд соат давом карда, зоҳиран бо нафаси охирин, аниқтараш кашишхӯрии охирини дил ба итмом мерасад. Назъ ҳолати …

Муфассал »

Назла

2

Назла (ар. — фуруд омадан), дар тибби қадим бемориест, ки дар натиҷаи аз қисми пеши майна ба халқ, бинӣ, шуш, сина, меъда ва ғайра фуруд омадани фузул (моддаҳои тари нодаркор) ба вуҷуд меояд, Масалан, ба бинӣ рехтани фузулро одатан зуком меномиданд. Назла ду навъ мешавад: 1) Назлаи гарм, ки рақику …

Муфассал »

Набз

2

Набз (ар. — ҷунбиши paг), пулс (лот. pulsus — зарб, такон), зарб ё таппиши мураттаби рагҳои хун, ки дар натиҷаи кашиши (инқибози) дил ва ба рагҳо фушурда ба­ровардани хун ба амал меояд. Табибони қадим ба тафтишу санҷиши Набз диққати калон медоданд, аз рӯи вазъу ҳолати он бемориро шинохта, оқибат, пешгирӣ …

Муфассал »

Мӯътод

2

Мӯътод (одаткарда;, акклиматизатсия (аз лотини ad— ба, барои ва юн. klima — иқлим), ба шароити нав мутобиқшавии организмҳо. Мӯхтод одатан ҳангоми тағйироти физиологии морфологии организм ба вуҷуд меояд. Тағйироти физиологӣ (дигаргуншавии мубодилаи модда) дар даруни орга­низм аз таъсири шароитҳои тағйирёфтаи муҳити берунӣ (рушноӣ, харо- рат, намии ҳаво, режими хӯрок ва …

Муфассал »

Мӯсоев Муллопӯлод

2

Мӯсоев Муллопӯлод (1875, деҳаи Қистакӯзи Хуҷанд —12. 07. 1963 — Ҳамон ҷо), табиби халкқӣ. Падари профессор А. М. Пӯлодов, бо номи Муллопӯлоди табиб ва «табиби қистакӯзӣ» машҳур буд. Мӯсоев баъди хатми мадрасаи Қиста- кӯз илми тиб ва таҷрибаи табибиро дар шаҳри Қӯқанд аз бобояш Муллоисо ва Ибни Ямин (падари Ҳамза Ҳакимзода …

Муфассал »

Логопедия

Логопедия

ЛОГОПЕДИЯ (аз забони юнонӣ: logos — калима ва paideia — тарбия намудан), соҳаи педагогика, ки нуқсонҳои нутқ (лакнати забои ва ғайра) ва пешгирӣ кардани онҳо, инчунин роҳҳои ислоҳи ин нуқсонҳоро меомӯзад. Аввалҳо бо масъалаҳои Логопедия (асри 17) соҳаи сурдопедагогика машғул буд. Аз нимаи 2-юми асри 19 омӯхтани нуқсонҳои нутқ соҳаи …

Муфассал »

Муҳити аъзам

%d0%ba%d0%bd%d0%b8%d0%b3%d0%b0

“Баҳри кабир”, китоби Муҳаммад Аъзамхон ибни Шоҳаъзамхон оид ба тиб, ки соли 1879 ба забони форсӣ-тоҷикӣ  дар чор ҷилд таълиф шудааст. Ин китоб, ки соли 1896 да Канпур ба табъ расидааст, 14967 номи давоҳои муфрадро дар бар мегирад. Муаллиф ба ғайр  аз доруҳое, ки тавсифашон дар китобҳои тиббии форсӣ ва …

Муфассал »

Манқагӣ

bemorii_manqa_poi_gov

МАНҚАГӢ, бемории сироятии одам ва ҳайвонот аст. Барангезандаи Манқагӣ бактерияҳои Actinobacillus mallei мебошанд. Манбаи сироят ҳайвоноти хонагии касал аст. Одам дар сурати ба ҷои осебдидаи пӯст ва пардаҳои луобии узвҳои ҳозима роҳ ёфтани бактерияҳо сироят меёбад. Бактерияҳо бо хун ба тамоми организм паҳн шуда, иллати фасодноки узвҳои гуногунро ба вуҷуд …

Муфассал »

Лизогения

lizogeniya

ЛИЗОГЕНИЯ (аз юн. lysis—таҷзия, вайроншавӣ ва… geneia — пайдоиш) – ин қобилияти генетикии бактерияҳо, ки баъди сирояти бевосита пас аз чанд насл вайрон шуда, бактериофагҳо ҷудо мекунад. Назарияи Лизогенияро соли 1950 олимони франсавӣ А. Лвов ва А. Гутман кашф кардаанд. Онҳо ошкор намуданд, ки ҳолати лизогенӣ бо мавҷудияти бактерияҳои махсус …

Муфассал »