Маълумоти охирин
Главная / Теги: Тиб (страница 11)

Теги: Тиб

ПУЧАК

puchak

ПУЧАК, фурункул, илтиҳоби шадиди фасодноку табоҳи халта­чаи мӯй ва бофтаҳои пайвасткунандаи атрофи он, ки бактерияҳои фасодовар ба вуҷуд меоранд. Пучак аз ифлосӣ ва андаке ҷароҳатнокшавии пӯст, бисёр ҷудо шудани арақу равған, ихтилоли мубодилаи модда ва ғайра пайдо мешавад. Пучак дар шакли риреҳчаи сурхрангу нӯгдори дарднок ва асосан дар рӯи пӯсти …

Муфассал »

ПУЛМОНОЛОГИЯ

pulmonology

ПУЛМОНОЛОГИЯ (аз лотинӣ pulmo, pulmonis — шуш ва …логия), соҳаи тибби клиникиест, ки бемориҳои узвҳои нафас (хирной, бронххо, шуш, пардаи шуш)-ро меомӯзад. Сили шушро бошад, фтизиатрия меомӯзад. Пулмонология чун соҳаи мустақили тиб дар нимаи дуюми асри 20 аз терапия, ҷарроҳия ва педиатрия ҷудо шудааст. Пулмонология аз як қатор усулҳои махсуси …

Муфассал »

ПСОРИАЗ

psoriaz

ПСОРИАЗ (аз юнонӣ psoriasis — хориш), шукуфаи сабусакдор, бемории музмини ғайрисироятии пӯсти одам, ки дар натиҷаи зарбаи асабию рӯҳӣ, ихтилоли мубодилаи модда, фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ падид меояд. Заминаи вирусӣ ё генетикӣ, доштани Псориаз низ аз имкон берун нест. Ба Псориаз аксар наврасони 12—15-сола гирифтор мешаванд. Псориаз аксар дар cap, оринҷ, …

Муфассал »

ПСИХИАТРИЯ

psixiatriya-ravonshinosi

ПСИХИАТРИЯ (аз психо… ва юнонӣ iatreia — муолиҷа, табобат), як соҳаи илми тибро гӯянд, ки сабабу моҳият, аломатҳои зоҳирӣ, ҷараён, этиология, патогенез ва усулҳои пешгирию муолиҷаи бемориҳои рӯҳиро меомӯзад. Психиатрия ба Психиатрияи умумӣ ва Психиатрияи хусусӣ тақсим мешавад. Психиатрияи у м у м ӣ қонуниятҳои асосии вайрон шудани фаъолияти рӯҳӣ …

Муфассал »

ПРОФИЛАКТИКА

tib

ПРОФИЛАКТИКА, пешгирӣ, дар тиб, чораҳои пешгирикунандаест оид ба муҳофизат ва мустаҳкам намудани саломатии одам. Профилактика ду хел мешавад. Профилактикаи шахси (гигиенаи шахсӣ дар зиндагӣ ва истеҳсолот) ва Профилактикаи ҷамъиятӣ (тадбирҳое, ки барои муҳофизати саломатии кол­лектив равона карда мешаванд). Мафҳуми Профилактика ва шаклҳои аниқи татбиқи он дар давраҳои гуногуни инкишофи таърихии …

Муфассал »

ПРОЛАКТИН

prolaktin

ПРОЛАКТИН (аз лотинӣ pro — ба пеш, пештар ва lactis — шир), гор­мони лактогенӣ, гормонест, ки лактаисияи (просесси ҳосилшавӣ, ҷамъшавӣ ва фосилаҳои ҷудошавии шир дар одам ва ширхӯрҳо) ширхӯрҳоро назорат менамояд. Пролактин сафеда буда. массаи молекулавиаш ба 23—24 •103 баробар аст. Соли 1969 Ч. Ли (ИMA) якҷоя бо ҳамкоронаш сохти …

Муфассал »

ПРОКТОЛОГИЯ

proktology

ПРОКТОЛОГИЯ (аз юнонӣ proktos— сурохии ақиб ва …логия), қисмати тибби клиникиест, ки бемориҳои рӯдаи ғафс (аз ҷумла рӯдаи рост) — носур, иллати сурохии ақиб, баво­сир, проктит, колити ҷароҳатӣ, грануламатозӣ ва катаралим рӯдаи ғафс, қабзият ва ғайраро меомӯзад. Бемориҳои проктологиро ҷарроҳон, терапевтҳо (гастроэнтерологҳо) ва инфексионистҳо табобат мекунанд. Оид ба бемориҳои проктологӣ …

Муфассал »

ПРОКТИТ

proktit

ПРОКТИТ, сарам, илтиҳоби пардаи луобии рӯдаи рост. Бештар якҷоя бо илтиҳоби рӯдаҳои болотаристода (проктосигмоидитҳо, колитҳо, энтероколитҳо ва ғайраҳл) вомехӯрад. Сабабҳои Прокрит гуногунанд: сирояти шадид ва музмин, заҳролудшавӣ аз хӯрок ва дисбактериозҳо, ихтилоли рагӣ, мубодилавӣ ё иммунолог ва ғайрп. Носури рӯдаи рост, бавосир ва ғайра боиси пайдоиши Прокрити дуюмин мегарданд. Прокрит …

Муфассал »

ПРОГНОЗи беморӣ

treatment

ПРОГНОЗи беморӣ, пешгӯии духтур оид ба ҷараёну оқибати беморӣ. Прогноз ҳаёт (зинда мондани бемор), дараҷаи барқароршавии саломатӣ ва коршоямӣ боду ғубори беморӣ ва ғайраро дарбар гирифта, ба этиология ва патогенез, маълумоти статистикӣ ва таҳлили хусусиятҳои фардии ҷараёни бемории шахс такя менамояд. Оид ба Прогноз дар асарҳои Буқрот маълумоти зиёде ба …

Муфассал »

ПРЕСБИАКУЗИС

presbiakuzis

ПРЕСБИАКУЗИС (аз юнонӣ presbys — пир ва akusis — қувваи сомеа, шунавоӣ), пастшавии қувваи сомеаро дар пиронсолӣ гӯянд. Пресбиакузис дар натиҷаи тағйироти синну сол дар бофтаҳои узви сомоа ба амал меояд.

Муфассал »