Маълумоти охирин
Главная / Теги: Таърих

Теги: Таърих

САЙРАМ

САЙРАМ, С а р ё м, номи шаҳри қадимест, ки дар Осиёи Миёна вуҷуд дошт. Сайрам дар асрҳои миёна яке аз шаҳрҳои мутараққӣ, маркази ҳунармандӣ ва тиҷоратии Осиёи Миё¬на буд. Дар манбаъҳои ҳаттии асри 10 бо номи Ал-Мадинатулбайзо (шаҳри Сафед), Исфиҷоб маълум аст. Номи Сайраи дар маъхазҳои асри 11 зикр …

Муфассал »

Димнаи САЙЁД

САЙЁД, димнаи шаҳри мансуб ба асрҳои 9—11, воқеӣ pайони Москваи вилояти Кӯлоб. Сайëд қад-қади дарёи Панҷ ба масофаи 500—800 м ва қад-қади баландии Ӯртабуз то 1,5 км тӯл кашидааст. Дар Сайëд бостоншиносони тоҷик аз соли 1970 ин ҷониб ҳафриёт мебаранд. Масоҳати умумии ҳафриёт 5000 м2 буда, ба чор қисм тақсим …

Муфассал »

САДДИ ИСКАНДАРӢ

САДДИ ИСКАНДАРӢ Садди Искандер, Садди Сикандар, деворест, ки мувофиқи ривоятҳо Искандари Мақдунӣ барои бастани пеши роҳи лашкари Яъҷуҷу Маъҷуҷ сохта будааст. Бисёр шоирони классикии форс-тоҷик Садди Искандариро ҳамчун образи шеърй истифода намудаанд: Зи ту дар оина наззора кардан, Зи ман садди Саркандар пора кардан. (Хусрави Деҳлавӣ). Садди Искандарӣ бо номҳои …

Муфассал »

ХИЗОНАИ ШАҲРИСТОН

ХИЗОНАИ ШАҲРИСТОН, маҷмӯи осори санъати заргарӣ ва сиккаҳост, ки дар деҳаи Шаҳристони Поёни райони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод (соли 1957) ёфтаанд. Xизонаи Шаҳристон аз се ангуштарии тилло, се гӯшвораи тилло, ду овезаи сиккамонанди зарробишуда ва ду шикастапораи он, ду овезаи зангӯламонанди биринҷӣ, ду сиккаи тилло ва ҳафт шикастапораи он, ду порчаи …

Муфассал »

ХИЗОНА

ХИЗОНА, маҷмаъи чизҳое, ки пинҳон карда дар замин гӯронида шудданд ва барои соҳибашон арзиши гарон доранд. Хизонаҳо қариб дар ҳама ҷоҳо пайдо шудаанд ва одатан барои илми таърих сарчашмаи муҳиманд. Қадимтарин хизонаҳо бадавраҳои неолит ва энеолит мансубанд. Дар ҳудуди Тоҷикистои хизонаи Амударё, хизонаи Шаҳристон, хизонаи осори биринҷии асри 11—12 аз …

Муфассал »

ТУРКИСТОН

308px-turkestan

ТУРКИСТОН, истилоҳи таърихию географиест, кӣ баъд аз ташаккули аввалин қабилаҳои туркзабон пайдо шудааст (асрҳои 6—7). Мафҳуми «Туркистон» истилоҳи муайяну муқаррар набуд ва дар давраҳои гуногуни таърихи ноҳияҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон ва баъзе маҳалҳоро ҳамин тавр ном мебурданд. Дар ибтидои пайдоиши истилоҳи «Туркистон» фақат ҳамон маҳаллҳоро Туркистон меномиданд, ки дар он …

Муфассал »

ТУМИРИСА

ТУМИРИСА (соли таваллуд ва вафот номаълум), маликаи массагетҳо дар асри 6 то м. Баъд аз марги шавҳараш ба тахт нишаста буд. Куруш бо мақсади мустаҳкам кардани сарҳади давлати худ ва аз ҳуҷуми қабилаҳои кӯчманчӣ эмин будан бар зидди массагетҳо лашкар кашид. Тумириса бо сардории писараш Спаргапис ба муқобили Куруш мубориза …

Муфассал »

ТРОСКИЗМ

ТРОСКИЗМ, ҷараёни ғоявяю сиёсии майдабуржуазӣ, ки ба марксизм ленинизм ва ҳаракати коммунистии байналхалқӣ душман буда, моҳияти оппортунистии худро бо ҷумлапардозиҳои радикалии чап рӯпӯш мекард. Троскизм чун як навъи меншевизм дар РСДРП ибтидои асри 20 ба вуҷуд омад. Троскизм номи худро аз номи идеолог ва пешвои ин ҷараён Л. Д. Троский …

Муфассал »

Ҷумҳурии Тоҷикистон

tj1

ТОҶИКИСТОН, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 октябр 1924 чун республикаи автономӣ дар ҳайати Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон таъсис ёфт; аз 16 октябр 1929 Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ва аз 5 декабр 1929 дар ҳайати СССР. Тоҷикистон дар ҷанубу шарқи Осиёи Миёна воқеъ гашта, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар шарқ бо Хитой …

Муфассал »

ТАЪРИХШИНОСӢ – историография

tarix

ТАЪРИХШИНОСӢ историография, 1) таърихи илмҳои таърих, маҷмӯи асарҳои тадқиқотие, ки ба ягон мавзӯи муайян ё давраи таърихӣ (масалан, таърихи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октяюр) бахшида шудаанд ё маҷмӯи асарҳои таърихие, ки аз ҷиҳати иҷтимоию синфӣ ё миллӣ муттаҳиданд (масалан, Таърихшиносии марксистӣ, Таърихшиносии франсавӣ); 2) як соҳаи илмро номанд, ки таърихи илми …

Муфассал »