Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 4)

Теги: Шахсони машҳур

ШИЛЛЕР Иоҳанн Фридрих

schiller-f

ШИЛЛЕР (Schiller) Иоҳанн Фридрих (10. 11. 1759, Марбахи Некар — 9. 5. 1805, Веймар), шоир ва драматурги немис, назариётчии санъати Маорифпарварӣ, баробари Г. Э. Лессинг ва И. В. Гёте асосгузори адабиёти классикии немис аст. Рӯҳи исён ва озодихоҳӣ, ҳифзи қадру манзалати инсон, нафрат доштан ба тартиботи феодалӣ хусусияти драмаҳои дар …

Муфассал »

ШЕЛЛИНГ Фридрих Вильгельм

shelling

ШЕЛЛИНГ (Schelling) Фридрих Вильгельм (27. 1, 1775, Леояберг — 20. 8. 1854, Рагац, Швейцария), файласуфи немис, намояндаи идеализми классикии немис. Проф. Ин-ти Йен (1798—1803). Дар ин ҷо бо романтикҳо (нит. Романтизм) шиносоӣ пайдо кардааст. Дар фалсафаи Шеллинг якчанд марҳала (натурфалсафа идеализми трансцендевталӣ, «фалсафаи озод», «фалсафаи кашфу шуҳуд» ва ғ.)-ро ҷудо …

Муфассал »

ШЕКСПИР Уильям

uiliam-shekspir

ШЕКСПИР (Shakespeare) Уильям 23. 4 1564, Стратфорд-он-Эйвон — 23. 4 1616, ҳамон ҷо), шоир ва драматурги англис. Яке аз саромадони давраи Эҳьё. Эҷодиёташ ба чор давра тақсим мешавад. Дар давраи аввал воқеаномаҳои «Генрихи VI» (се пьеса, 1590—92), «Ричарди II» (1503), «Мазҳакая хатоҳо» (1592), фоҷиаи «Тит Андроник» (1594), достонҳои «Венера ва …

Муфассал »

ШВЕРНИК Николай Михайлович

nikolayshvernik

ШВЕРНИК Николай Михайлович (19. 5. 1888, Петербург—24 12. 1970, Москва), ходими партиявию давлатии советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1958). Аъзои КПСС аз с. 1905. С-ҳои 1905—17 аъзои комитетҳои РСДРП-и Петербург, Николаевск, Тула, Самара. С-ҳои 1923—25 аъзои Президиуми Комиссияи Марказии Тафтишоти РКП (б) ва комиссари халқии Инспекцияи коргару деҳқони РСФСР. С. 1925—26 …

Муфассал »

ШАҲИДӢ Толибхон Зиёдуллоевич

shahidi-t

ШАҲИДӢ Толибхон Зиёдуллоевич  (тав. 13. 3. 1946, Душанбе), композитори советии тоҷик, писари Зиёдулло Шаҳидӣ. Лауреат Мукофоти комсомоли ленини Тоҷикистон (1978). Аъзои КПСС аз .с. 1983. Аъзои Правленияи ИБ Тоҷикистон аз с. 1981. С. 1967 Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанберо (таҳти роҳбарии Ю. Г. Тер-Осипов) хатм карда, с-ҳои 1969—72 дар Консерваторияи давлатии …

Муфассал »

ШАҲИДӢ Зиёдулло Муқаддасович

shahidi-z

ШАҲИДӢ Зиёдулло Муқаддасович (4. 5. 1914, Самарқанд —25. 2. 1985, Душанбе), композитори советии тоҷик. Арт. Халқии РСС Тоҷ. (1974). Аъзои КПСС аз с. 1950. С. 1932 мактаби миёнаро хатм карда, то с. 1939 ҳамчун навозанда дар театрҳо ва студияҳои радиои Тошкент, Самарқанд ва Сталинобод кор кард. С-ҳои 1939—52 роҳбари Ансамбли …

Муфассал »

ШАФЕӢ Боряқ

ШАФЕӢ Боряқ, (тав. 1932, вил. Лагмони Афғонистон), шоир ва ходими ҷамъиятии афғон. Шафеӣ яке аз мактабҳои шабонаи Кобулро хатм карда, бо роҳи таълими хусусӣ донишашро такмил додааст. Дар Вазорати иттилоот ва култур, ж-ҳои «Паёми ҳақ», «Нандорӣ»,- «Жвандун» радиои Афғонистон ва Кобул-нан-дорӣ (Театри Кобул) вазифаҳои гуногунро ба уҳда дошт. Шафеӣ ҳануз …

Муфассал »

ШАФАҚ Ризозода

ШАФАҚ Ризозода (1892, Табрез—1971), адабиётшиноси эронӣ. Таҳсили ибтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш гирифт. Яке аз иштирокчиёни инқилоби Машрута (1905— 11) буд. С. 1910 рӯзномаи «Шафақ»-ро интишор дод. Дар натиҷа ба таъқибот дучор шуда, ба Истанбул рафт. Пас дар фак-та фалсафаи Ун-та Берлин таҳсил кард ва ба унвони докторӣ ноил гардид. …

Муфассал »

ШАУМЯН Степан Георгиевич

shaumyan

ШАУМЯН Степан Георгиевич (13. 10. 1878, Тбилиси—20. 9. 1918), ходими Партияи коммунистӣ, яке аз роҳбарони ҳаракати революционӣ дар Кавказ, журналист ва мунаққиди адабӣ. Аъзои Партияи коммунистӣ аз с. 1900. Яке аз роҳбарони Комитети иттифоқии кавказии РСДРП. Вакили съездҳои 4-ум (1906) ва 5-уми (1907) РСДРП, баъдтар яке аз муассисони ташкилоти болшевикии …

Муфассал »

ШАТАЛОВ Владимир Александрович

shatalov-v

ШАТАЛОВ Владимир Александрович (тав. 8. 12. 1927, Петропавловский вил. Қазоқистони Шимолӣ),лётчик – кайҳоннаварди СССР, генерал – лейтенанти авиация (1975), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (яив. 1969, окт. 1969), номзади илмҳои техника (1972). Аъзои КПСС аз с. 1953. С. 1956 Академияи Ҳарбии ҳавоиро (ҳоло ба номи Ю. А Гагарин) хатм намуда, …

Муфассал »