Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 28)

Теги: Шахсони машҳур

СОИДӢ Ғуломҳусайн

unknown_person

СОИДӢ Ғуломҳусайн (1935, Табрез—1986), нависандаи эронӣ. Бо тахаллуси Гавҳар Мурод ҳам эҷод кардааст. Факултети тиббии Университети Табрезро хатм кардааст. Новелла ва драмаҳои аввалинаш дар охири солҳои 50 нашр шудаанд. Бештар аз 40 новелла, повест ва драма навиштааст. Дар асарҳои ӯ зиндагии мураккабу пурзиддияти мардуми Эрон инъикос ёфтааст. Қаҳрамонони Соидӣ одамони …

Муфассал »

СОИДӢ Хоҷа Ҷалолуддин Муҳаммади Исфаҳонӣ

unknown_person

СОИДӢ Хоҷа Ҷалолуддин Муҳаммади Исфаҳонӣ (соли таваллудаш номаълум — вафаташ 1536), шоири форс- тоҷик. Аз хонадони Соидиëни Исфаҳон. Авлоди ӯ пешвоёни мазҳаби шофеӣ буданд. Соид аз анвои шеъри форсӣ бештар ба ғазал таваҷҷӯҳ доштааст, ки намунаи онҳо дар тазкираҳо масбутанд. Ин байт аз ӯст;   Сабре, ки буд андар дилам …

Муфассал »

СОИБ Мирзо Муҳаммадалӣ

unknown_person

СОИБ  Мирзо Муҳаммадалӣ (1603, Исфаҳон—1677, ҳамон ҷо), шоири эронӣ. Аз оилаи тоҷир. Гузаштагонаш аз Табрез буданд, аз ин рӯ баъзан ӯ бо номи Соиби Табрезӣ ëд мешавад. Дар аҳди Аббоси Кабир оилаи Соиб бо гурӯҳи тоҷирон ба Исфаҳон кӯчонда шуд. Дар Исфаҳон Соиб ба таҳсили илмҳои замон шурӯъ намуд. Ӯ …

Муфассал »

СОДОТ Хоҷа Самеъ

unknown_person

СОДОТ Хоҷа Самеъ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Дар Самарқанд касби камол кард. Як муддат дар Ҳиндустон зист, боз ба зодгоҳаш баргашт ва ниҳоят, дар Бухоро манзил гузид. Содот шоири ҳунарманд ва пурмаҳсуле будааст. Малеҳои Самарқанди ба ҷуз девони комили ғазалиёт боз асари маясури «Авранги ҳикмат» …

Муфассал »

СОДИҚОВ Мустафо

unknown_person-05

СОДИҚОВ Мустафо (тааллудаш 1927, шаҳри Душанбе), ронанда, Қаҳрамони Меҳнат Сотсиалисти (1967), Ронандаи Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1965). Аъзои КПСС аз соли 1969. Солҳои 1945—46 коргари заводи нони № 2, 1946-48 ронандан Автобазаи № 2-и шаҳри Душанбе ва 1948—51 дар сафи Армияи Советӣ буд. Аз соли  1951 ровандан Автобазаи № 1-и шаҳри …

Муфассал »

СОДИҚОВ Маъруф Содиқович

unknown_person

СОДИҚОВ Маъруф Содиқович (таваллудаш 21. 12. 1908, деҳаи Ругунди Уротеппа), муаррихи советии тоҷик, доктори илми таърих (1976), профессори (1978). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1929. Университети коммунистии Осиëи Миёна (1930) ва Университети коммунистии м еҳнаткашони Шарқро дар Москва (1936) хатм намуд. Солҳои 1925— 27 ҷонишини раиси «Иттифоқи …

Муфассал »

СОДИҚИ САМАРҚАНДӢ

unknown_person

СОДИҚИ САМАРҚАНДӢ Мавлоно Қозисодиқи Ҳалвоӣ (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1596), шоир ва донишманди тоҷик (асри 16). Гузаштагонаш ҳалвопаз будаанд. Содиқи Самарқандӣ илмҳои расмии замонашро дар Самарқанд омӯхтааст. Ба нияти сафари Ҳиндустон ба Кобул рафта, чанде дар он шаҳр маскун шуд ва ба таълиму тадрис машғул гардид. Аз он ҷо ба Лоҳур, …

Муфассал »

СОБОЛЕВ Сергей Львович

sobolev_sergey_lvovich

СОБОЛЕВ Сергей Львович (таваллудаш 6. 10. 1908, Петербург), математик ва механики советӣ, академики АФ СССР  (1939; аъзо-корреспондент 1933), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1968). Аъзои КПСС аз соли 1940. Баъди хатми Университети давлатии Ленинград (1929) аввал дар Институи сейсмологияи АФ СССР, баъд дар Институти математикаи АФ СССР ба номи В. А. Стеклов …

Муфассал »

СОБОЛЕВ Леонид Сергеевич

sobolev-leonid

СОБОЛЕВ Леонид Сергеевич (21.7.1898, Иркутск—17. 2. 1971, Москва), нависандан советии рус, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1968). Омӯзишгоҳи баҳрии Петроградро хатм намудааст. Иштирокчии Ҷанги граждаиӣ (1918—20); солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) мухбири ҳарбии «Правда» буд. Асарҳояш аз соли 1926 нашр шудаанд. Дар романи «Таъмири куллӣ» (ҷилди 1, 1932, бобҳои наваш 1962) таназзули …

Муфассал »

СОБОЛЕВ Владимир Степанович

sobolev-vladimir

СОБОЛЕВ Владимир Степанович (таваллудаш 30. 5. 1908, Луганск, ҳозира Ворошиловград —2. 9. 1982, Новосибирск), геологи советӣ, олими соҳаи минералогия ва петрография, академики АФ СССР (1958), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ. Асарҳои асосии Соболев бо тадқиқи ҷинсҳои магмавӣ ва метаморфии платформаи Сибир ва Украина алоқаманданд. Соболев дар ҳалли проблемаҳои минералогияи умумӣ ва минералогияи …

Муфассал »