Маълумоти охирин
Главная / Теги: сатҳ

Теги: сатҳ

САТҲҲОИ ТАРТИБИ ДУЮМ

САТҲҲОИ ТАРТИБИ ДУЮМ, сатҳҳоеанд, ки координатаҳои росткунҷаи декартии нуқтаҳояшон аз рӯи муодилаи алгебравии дараҷаи дуюм муайян карда мешаванд. Муодилаи (*) образи ҳақиқии геометрӣ набуданаш ҳам мумкин аст, вале дар чунин мавридҳо барои умумияти мафҳум мафҳуми сатҳҳои тартиби дуюми мавҳумро истифода мебаранд. Вобаста ба қиматҳои коэффисиентҳои муодилаи умумии (*) онро тавассути …

Муфассал »

САТҲҲОИ КЕҲИН

САТҲҲОИ КЕҲИН сатҳҳои минималӣ, сатҳҳоеанд, ки каҷии миёнаи ҳар як нуқтаашон ба сифр баробар аст (нигаред, Каҷӣ). Сатҳҳои кеҳин ҳангоми баррасии масъалаи вариатсионии зерин пайдо мешаванд: дар фазо ягон хати каҷи сарбаста дода шудааст; дар байни ҳамаи сатҳҳои имконпазирӣ аз хати каҷи мазкур гузаранда сатҳеро бояд интихоб кард, ки қисми …

Муфассал »

САТҲИ ДАВРЗАНӢ

САТҲИ ДАВРЗАНӢ, сатҳест, ки дар натиҷаи дар атрофи меҳвари беҳаракат давр задани ягон хати каҷ (ташкилкунанда) ҳосил мешавад. Нуқтаҳои хати каҷи ташкилкунанда (т) ҳангоми даврзанӣ давраҳоеро ҳосил мекунанд, ки параллелҳои сатҳ ном доранд (расм). Параллели калонтаринро экватор (а) ва хурдтаринро гарданаи Сатҳ меноманд. Буриши сатҳ бо ҳамворие, ки аз тири …

Муфассал »

САТҲИ ВИНТӢ

САТҲИ ВИНТӢ, сатҳест, ки хати £ ҳангоми дар гирди меҳвари ноҷунбони ОО’ бо суръати кунҷии доимӣ чарх зада ва қад-қади ҳамин меҳвар ба пеш ҳаракат карданаш, ташкил медиҳад (расми 1). Сатҳи винтие, ки хати рост мекашад, геликоид (аз юнонӣ ЬеНкоз — спирал ва е1<1оз— шакл) ном дорад. Агар ин хати …

Муфассал »