Маълумоти охирин
Главная / Теги: Нуҷум (математика) (страница 3)

Теги: Нуҷум (математика)

Нуқтаи каниш

0

Нуқтаи каниш, қимати аргу­менте, ки дар он бефосилагии функ­сия вайрон мешавад (нигаред Функсияи бефосила). Мавриди оддии вайроншавии бефосилагӣ дар ягон нуқтаи а чунин аст; ҳудудҳои lim f(x) – f(<1 — 0) x-+a, x>o ҳангоми ба а майл кардани х ҳам аз рост ва ҳам аз чап мавҷуданд, вале лоақал яке …

Муфассал »

Нуқта

0

Нуқта (ар. — изи ниҳоят хурди чизҳои нӯктез чун қалам, сӯзан ва ғайра) дар математика, яке аз мафҳумҳои асосии геометрия. Ҳангоми ба таври системавӣ баён намудани геометрия ба сифати маф­ҳумҳои ибтидоӣ Нуқтаро қабул мекунанд. Дар математикаи муосир элементҳои табиаташон гуногун, ки аз онҳо фазоҳои ҳархела тартиб ёфтаанд низ Нуқта номида …

Муфассал »

Нумератсия

0

Нумератсия (лот. numeratio, аз numero — мешуморам), 1) маҷмӯи усулҳои номгузорӣ ва бо рақамҳо ифода намудани ададҳо. Принсипи нисбатан мукаммали Нератсияи ададҳо принсипи позитсионӣ мебошад, ки мувофиқи он ҳамон як адад (рақам) вобаста ба мавқеи худ қиматҳои гуногунро нишон медиҳад. Ин гуна системаи ҳисоб (системаи Нумератсия) ба он асос карда …

Муфассал »

Нормал

Нормал (франс. normal, аз лот. normalis — рост), хати ростест, ки ба расандаи ягон нуқтаи хати кач (ё ба ҳамвории расандаи сатх) перпенди­куляр мебошад. Хати каҷи ҳамвор дар ҳар нуқтааш як Нормал дорад, ки дар ҳамвории хати каҷ мехобад. Агар х = f(t) ва у = g(t) муодилаҳои па­раметрии хати …

Муфассал »

Меъёри арзиши изофа

0

Меъёри арзиши изофа –  ин муносибати арзиши изофа ба капитали Тағйирёбанда    ки бо фоиз ифода ёфтааст. Нишондиҳандаи “Меъёри арзиши изофа” дараҷаи аз тарафи капи­талистон истисмор шудани синфи коргарро иникос менамояд.

Муфассал »

Нониус

0

Нониус, шкалаи ёрирасонест, ки тавассути он ҳиссаҳои тақсимоти шкалаи асосии асбоби ченкунандаро месанҷанд. Аз номи олими португалӣ Нониус Нувиш (P. Nunes) гирифта шудааст, ки аввалии бор арбоби ба Нониус монандро кор фармуда буд. Тимсоли Нониумҳои замонавиро математики фравсавӣ П. Верве пешниҳод кардааст, аз ҳамин сабаб Нониумро бештар вернер низ меноманд. …

Муфассал »

Номография

0

Номография (аз юн. nomos—қонун ва …графия), фасли математика аст, ки назария ва усулҳои амалии сохтани номограммаҳоро меомӯзад. Хусусияти номограмма аз он иборат аст, ки ҳар як нақша соҳаи додашудаи дигаргуншавии тағйирёбандаро ифода мекунад ва ҳар як қимати тағйирёбандаҳо дар он соҳа дар но­мограмма бо элементи геометрии муайян (нуқта ё хат) …

Муфассал »

Номограмма

0

Номограмма (аз юн. nomos — қонун ва gramma—хат, ҳарф, имло), нақшаест, ки тасвири махсуси вобастагии функсионалӣ мебошад (ниг. номография). Асосан чун воситаи ҳисоб дар муосиботи инженерӣ ис­тифода мешавад.

Муфассал »

Новиков Пётр Сергеевич

0

Новиков Пётр Сергеевич (таввалудаш 28. 08. 1901, Москва—09. 01. 1975, Москва), математики советӣ, академик АФ СССР (1960). Унститути Москваро хатм намуд (1925). Солҳои 1929—1934 дар Институти технологияи химиявии Москва кор кард. Аз соли 1934 дар Институти математикаи ба номи В. А. Стеклови АФ СССР тадқиқот мебарад (аз 1957 мудири шӯъбаи …

Муфассал »

Нобаробарӣ дар математи­ка

0

Нобаробарӣ дар математи­ка, вобастагии байни ададҳо ё бузургиҳост, ки нисбат ба ҳамдигар калон ё хурд будани онҳоро нишон медиҳад. Барои ишораи Нобаробарӣ аломати < -ро истифода мебаранд, ки қуллаи он ба самти адади хурд нигаронда мешавад. Масалан, вобастагиҳои 2>1 ва 1 < 2 нишон медиҳад, ки 2 аз 1 калон …

Муфассал »