Маълумоти охирин
Главная / Теги: Мусиқӣ (страница 8)

Теги: Мусиқӣ

Орган

1

Орган (юн. organon — олот, асбоб), асбоби мусиқии клавишдори қадимаи юнониёнро гӯянд. Орган дар Тоҷикистон ҳам даст. Он дар толори консертии Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода насб шудааст (1978). Ин Органро фир­маи «Ригер-клосс»-и Чехославакия сохтааст. Он дорои 2 мануал ва 29 регистр буда, трактурааш механикист. Нигаред.  низ …

Муфассал »

Оратория

1

Оратория (лотинӣ oratoreum — ибодатгоҳ), асари калони «мусиқиест, ки одатан дорои сюжети драмавӣ буда, барои сарояндагон (солистон), хор ва оркестр эҷод мешавад. Оратория бо кантата қаробат дорад, вале аз он бо ҳаҷм, хусусияти эпикию драмавӣ ва сюжет фарқ мекунад. Оратория дар асрҳои 16—17 дар Италия пайдо шудааст. Ба ташаккули Оратория …

Муфассал »

Орази Наво

1

«Орази Наво» номи яке аз шӯъбаҳои «Шашмақом» аст, ки дар қисмати насрии мақоми «Наво» (ҷои 14-ум) амал дорад. Аз рӯи ху­сусиятҳои оҳангӣ, усули дойра ва роҳи хониш ба мақом «Наво» наздик аст. Дар асоси шӯъбаҳои «Орази Наво» ва «Орази Дутоҳ» авҷи «Намуди ораз» тасниф гардидааст.

Муфассал »

Ораз

«Ораз» (арабӣ сг А* — рухсора, чеҳ­ра), 1) номи шӯъбаест дар системаи «Дувоздаҳмақом». Дар қисмати насрии мақомҳои «Наво» ва «Дугоҳ»-и «Шашмақом» амал дошта, бо номи «Орази Наво» ва «Орази Дутоҳ» маъмул аст. Усули дойра, сохти оҳангӣ ва ченаки шеърии «Ораз» дар ҳарду мақом якхела буда, ба пардаҳои ҳар ду мувофиқат …

Муфассал »

Октава

0

Октава (аз лотинӣ octava — ҳаштум), дар мусиқӣ, 1) фосилаест, ки ҳашт зинаи қаторовози диатоникӣ ё шаш пардаи яклухтро дарбар мегирад: 1 октава = 1200 сент  301 савар. 2) Зинаи ҳаштуми қаторовози диатоникӣ. 3) Як қисми қаторовози мусиқӣ, ки ба он зинаҳои асосии мусиқӣ (до, ре, ми, фа, соль, ля, …

Муфассал »

Ойстрах Давид

0

Ойстрах Давид Фёдорович (30. 9. 1908, Одесса — 24. 10. 1974, Амс­тердам, дар Москва дафн шудааст), скрипканавози со­ветӣ, Артисти Халқии СССР (1953). Аъзои КПСС аз соли 1942. Институти драмаю мусиқии Одессаро хатм намудааст (1926). Аз соли 1934 дар Консерваторияи Москва дарс медод, (аз 1939 профессор, аз 1950 мудири кафедраи скрипка). …

Муфассал »

Оини Ҷамшед

Оини Ҷамшед cуруди қадимии маросимист, ки дар аҳди Сосониён тасниф шудааст. 2) Оҳанги дуюм аз оҳангҳои «Сигона»-и Борбади Марвӣ. 3) Шӯъбаи овозӣ дар «Ҳаштмақом». 4) Гӯшаи созӣ дар дохили  шӯъбаҳои «Ҳумоюн» ва «Бастанигор» («Дувоздаҳмақом»), ки чун қисмати алоҳидаи созӣ дар ин шӯъбаҳо навохта мешуд.

Муфассал »

Озодвори Чангӣ

Озодвори Чангӣ (562, Истахр — 625, ҳамон ҷо), мутриба, мусиқидони машҳури форс- тоҷик. Чанд муддат дар дарбори Хусрави Парвиз хизмат карда, дастаи занону духтарони санъаткорро сарварӣ менамуд. Озодвори Чангӣ асосан дар чангнавозӣ шӯҳрат пайдо карда, аз аввалин занони санъаткори касбӣ ба шумор мерафт. Бо ташаббуси ӯ дар аҳди Сосониён дастаи занону …

Муфассал »

Озодвор

0

«Озодвор» 1) Оҳанг, суруди қадимиест, мансуб ба Озодвори Ҷангй. 2. Шуъбаи созӣ дар «Понздаҳмақом». 3) Гӯшаи алоҳидаи созӣ дар «Дувоздаҳмақом», ки дар байни шуъбаҳои «Наврӯзи сабо» ва «Наврӯзи хоро» чун қисмати илова- гии созӣ барои такмили ин шуъбаҳо истифода мешудааст. Озод дар мусиқии асрҳои 14—15 чун гӯшаи алоҳи­даи созӣ амал …

Муфассал »

Одоевский Владимир Фёдорович

0

Одоевский Владимир Фёдорович (13. 8. 1803, Москва — И. 3. 1869; ҳамон ҷо), нависанда, файласуф, педа­гог ва мунаққиди мусиқии рус. Дар пансиони ашрофопи Университети Москва маълумот гирифт (1816—22). Ӯ муассис ва раиси ташкилоти ҳикматдӯстон («Любомудри») буд (1823—25). Солҳои 1824—25 ҳамроҳи В. К. Кюхелбенер алманахи «Мнемозина»-po нашр мекард; яке аз ҳодимони …

Муфассал »