Маълумоти охирин
Главная / Теги: Мусиқӣ (страница 4)

Теги: Мусиқӣ

«МОЯ»

«МОЯ» —асл, асос), 1) яке аз шаш овозаи «Дувоздаҳмақом». Ба мақомҳои сегонаи «Рост», «Дугоҳ» ва «Сегоҳ» алоқа дорад. Абдулмӯъмин Сафиуддини Урмавӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ нағмаҳои Мошпалавро муайян кардаанд, ки бо спстемаи нотанависии имрӯза чунин мешавад: Ҳамаи оҳангҳои Мошпалав аз пардаҳои баланд оғоз ёфта, баъд ба паст мефароянд. 2) Пардаи асосӣ, …

Муфассал »

МОДУЛЯЦИЯ

modulyatciya-dar-musiki

МОДУЛЯЦИЯ дар мусиқӣ, аз як лаҳн ба лаҳни дигар (мас., аз до мажор то соль мажор), ҳамчунин дар доираи як лаҳн аз як парда ба пардаи дигар (мас., аз до мажор то до минор) гузаштан. Дар бандубасти асари мусиқӣ барои рабти қисмҳои он роли калон мебозад. Модуляция якчанд хел шуда …

Муфассал »

МУҲАЙЯР

musikishinosi

МУҲАЙЯР (ба ҳайрат- андозанда), дар м у с и қ ӣ, шакли озоди асари бо услуби муайян офаридашуда. Дар системаи «Дувоздаҳмақом» номи яке аз 24 шӯъба. Бино ба нишондоди Ҷомӣ қаторовози шӯъбаи Муҳайяр аз пардаҳои зерин иборат аст: А—Ҷ – X—X—Йа—Йҷ—Йх—Йх  Ё худ бо ифодаи cентӣ: —О—180—294—498—702—882—996— 1200 (як октаваи …

Муфассал »

МУҚТАЗАБ

musiki

МУҚТАЗАБ (ар. —буридашуда), номи яке аз баҳрҳои ф аръии арӯз. Ин баҳрро барои он Муқтабоз гӯянд, ки онро аз мунсареҳ бурида гирифтаанд. Рукнҳои ин ду баҳр ба ҳам хеле монанд буда, фақат аз ҷиҳати татиби ҷойгиршавӣ тафовут доранд. Агар дар мунсареҳ аввал рукни мустафъалун, баъд мафъӯлоту ояд, дар Муқтазаб аввал …

Муфассал »

МУШКИЛОТ

musiki

МУШКИЛОТ (арабӣ ҷамъи— душвор, сахт), шуъбаи созии мақомҳои таркиби «Шашмақом». Одатан, дар Мушкилот ба ҷуз аз қисмҳои «Тасниф», «Тарҷеъ», «Гардун», «Мухаммас», «Сақил» ҳар мақом воситаҳои созии ба худ хос дорад. Дар таркиби «Шашмақом» 46 оҳанги созӣ ҳаст. Бисёр оҳангҳо бо номи Мушкилот машҳуранд. Оҳангҳои халқии калонҳаҷм бештар дар асоси усулҳои …

Муфассал »

МУШКДОНА

musiki

«МУШКДОНА» 1) номи канизи Ширин, ки дар санъати созу овоз моҳир будааст. 2) Оҳанг, суруди қадимӣ мансуб ба мусаннифи он — Мушкдона. 3) Шуъбаи овозӣ дар «Ҳаштмақом». 4) Гӯшаи созӣ дар «Дувоздаҳмақом», ки дар дохили шуъбаҳои «Бастанигор» ва «Чанбар» воқеъ буда, бештар дар қисматҳои созии ин шуъбаҳо амал мекунад. Низомӣ …

Муфассал »

МУХАММАС

navo

МУХАММАС, дар м у с и қ ӣ, яке аз қисмҳои асосии шӯъбаи «мушки-лот*-и «Шашмақом». Мухаммас дар «мушкилот» одатан пас аз тасниф, тарҷеъ ва гардун иҷро карда мешавад. Дар мақомҳои гуногуни силсилаи «Шашма-қом» Мухаммасҳои зерин мавҷуданд: «Мухаммаси Бузрук», «Мухаммаси Насруллоҳӣ» (дар мақоми «Бузрук»), «Мухаммаси Ушшоқ», «Мухаммаси Рост», «Мухаммаси Панҷгоҳ» (дар …

Муфассал »

МУСТАЗОДИ НАВО

mustazod

«МУСТАЗОДИ НАВО» яке аз шӯъбаҳои мақоми «Наво» аз силсилаи «Шашмақом». «Мустазоди Наво» аз ҷиҳати бандубаст айнан мисли «Савт»-ҳо ё «Муғулча»-ҳои «Шашмақом» аст. «Мустазоди Наво» аз панҷ қисм иборат буда, мустазоди Ҳаҷрии Кӯҳистонӣ, мухаммаси Мулҳам бар ғазали Рофеъ (Талқинчаи Мустазод), ғазали Сайидо (Қашқарчаи Мустазод), соқиномаи Ҷомӣ (Соқиномаи Мустазод) ва мустазоди Ҳисорӣ …

Муфассал »

МУСТАЗОД

musiki

МУСТАЗОД, дар м у с и қ ӣ, як усули дойра. Алишер Навоӣ дар «Ми-зон-ул-авзон» ҳашт усулп мусиқиро ишора намудааст, ки яке аз онҳо Мустазод мебошад. Усули Мустазод дар мақомҳои «Бузург» ва «Наво»-и «Шашмақом» амал мекунад. Мустазод дар «Шашмақом» ҳамроҳи номи мақомҳо омада «Мус-тазоди Рок», «Мустазода Наво», «Талқинчаи Мустазод», «Қашқарчаи …

Муфассал »