СУТУН, як ҷузъи иншооти меъморист, ки иборат аз поя, тана ва боша буда, сақфи хонаро нигоҳ медорад. С. аа чуб, санг ва хишти пухта, металл ё оҳану бетон сохта мешавад. Дар ҳудуди Тоҷикистон қадимтарин Сутуни сангин (асри 13) дар ёдгории меъмории Ҳоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (деҳан Угуки ноҳияи Ғончӣ) боқӣ мондааст. …
Муфассал »БОША
БОША, дар меъморӣ ҷузви ороишии сутунҳои чӯбӣ. сангӣ, хиштӣ ва бетонист. Баъзан сарсутун ё сари сутун ҳам мегӯянд. Боша бо шакл, андоза ва нигориш аз дигар сутунҳо фарқ мекунад ва ҳамин ҷиҳат дар санъати меъмории атиқа низ ривоҷ дошт. Чунончи, дар Юнони Қадим ва Руми Қадим се навъи Боша ионӣ, …
Муфассал »БОРОБУДУР
БОРОБУДУР (Borobudur) ёдгори қадимии меъморӣ дар ҷазираи Яваи Марказии Индонезия. Дар даврони ҳукмронии Шайландер солҳои 778-850 бо истифода аз панҷоҳу ҳафт ҳазор метри мураббаъ сангҳои хокистарранги вулканӣ бунёд гардидааст. Тарҳи умумиаш ҳирамшакл буда, аз пойдевор ва ду ҷабат айвон иборат аст. Панҷ қабати поинии маъбад мураббаъшакли зинаосо буда, се қабати …
Муфассал »БОМ
БОМ, ҷузви меъморӣ, қисми болопӯши биноҳои иқоматӣ ва маъмурию фарҳангӣ. Навъҳои бом вобаста ба иқлиму шароити ҷуғрофӣ, масолеҳи сохтмон ва мувофиқи тақозои санъати меъморию таъйинот гуногун мешаванд. Шаклҳои маъмултарини бом: боми ҳамвор, боми якнишеба, боми дунишеба ва ғайра. Дар Осиёи Марказӣ пештар аксар биноҳои похсагӣ ва синҷиро бо бом мепӯшонданд. …
Муфассал »БОЛОҲАВЗ
БОЛОҲАВЗ, ансамбли меъморӣ дар қисми ғарбии Арки Бухоро, ки аз масҷид, манора ва ҳавз иборат аст. Қадимтарин қисмати ансамбли меъморӣ ҳавзи хаштгӯшаи бо тахтасангҳо рӯкашшуда аст, ки дар қисми марказии он воқеъ мебошад. Ин ҳавз яке аз ҳавзҳои сершумори Бухоро буд, ки то фарорасии даврони шуравӣ аҳолиро бо оби ошомиданӣ …
Муфассал »БОЛОХОНА
БОЛОХОНА, дар санъати меъморӣ хонае, ки дар болои бинои асосӣ сохта мешавад. Дар Осиёи Марказӣ Болохонаро дар болои дарвозаҳона низ месозанд. Болохона айвондор ва беайвон мешавад. Таъйиноти ҳар ду навъи он дар фасли гармо барҳаво шудани иқоматгоҳ аст. Болохона аслан дар биноҳои иқоматӣ, вале гоҳе дар биноҳои фарҳангию маъмурӣ низ …
Муфассал »БОЛОР
БОЛОР, ҷузъи меъморӣ, ки барои пӯшидани биноҳои иқоматӣ, маъмурӣ, фарҳангӣ ва дар сохтмони пулҳо (купрукҳо) истифода мешавад. Андоза, шакл ва иқтидори Болор вобаста ба ҷой ва мавқеи истифодаи он муайян мегардад. Аслан дар меъмории биноҳо Болорҳои чӯбӣ кор меоянд, ки се навъанд: лӯлаболор, чорлабболор (Болори чоррах ё чортарош), Болори пушти …
Муфассал »Пентагон
Пентагон (англ. Реntogon, аз юн. Реntagonon панҷгӯша), бинои панҷгӯшаест дар наздникии Вашингтон, штати Виргиния, ки дар он вазорати ҳарбии ИМА ҷой гирифта аст. Ба маънои васеаш идораи ҳарбии ШМА, ки дар ташаккули сиёсати ШМА нуфузи калон дорад.
Муфассал »Павилон
Павилон (франс. pavilion, аэ лот. papilio—хайма), 1) бинои алоҳидаи ҳаҷман хурд ё айвоншакле, ки ба табиати маҳал мувофиқ сохта шудааст. Дар забони тоҷикӣ бо истилоҳи кӯшк ифода мешавад. Аксари маъбаду қасрҳои Шарқ шакли Павилонро доранд. Дар Европа (асрҳои 18 дар Франсия ва Англия, асри 18 чоряки якуми асри 19 дар …
Муфассал »Оқтеппа
Оқтеппа, яке аз бошишгоҳҳои мансуб ба охири ҳазораи 5 — нимаи дуюми ҳазораи 3 то милод, ки 3,6 километр ҷануби ғарбтари шаҳри Ашқобод воқеъ аст. Оқтеппа ба маданияти Анов мутааллиқ буда, аввал бошишгоҳи як авлод, баъд ҷамоаи як оилаи калон ва ниҳоят қурғони оилаи хурд шуд. Осори 4 хона, анбор …
Муфассал »