Маълумоти охирин
Главная / Теги: Кӯҳҳо

Теги: Кӯҳҳо

СУФАКӮҲ

sufakuh

СУФАКӮҲ, кӯҳҳоеро гӯянд, ки қуллаҳояшон ҳамвору нишебиҳояшон каму беш рост ё ки зинашакланд. Сатҳи ҳамвори Суфакӯҳ одатан аз ҷинсҳои сахту мазбут таркиб ёфтааст. Маҳалҳои калонеро, ки релефашон асосан аз Суфакӯҳ иборат аст, ноҳияҳои суфакуҳӣ меноманд (масалан, суфакӯҳҳои Турғай ва Устюрт дар СССР).

Муфассал »

Паҳнкӯҳи Сибири Миёна

pahkuhi-sibiri-miyona

Паҳнкӯҳи Сибини  Миёна, паҳнкӯҳи фарохест дар қисми марказии Осиёи Шимолӣ, дар ҳудуди РАСС Ёқут., кишвари Краснояр ва вилояти Иркутски РСФСР. Дар Ҷануб бо кӯҳҳои Саяни Шарқӣ, Наздибайкал ва Пасибайкали Шимолӣ, дар Ғарб бо ҳамвории Сибири Ғарбӣ, дар Шимом ва Шарқ бо па.тии Сибири Шимолӣ, инчунин ҳамворит Ёқутистони Марказӣ ҳамсарҳад мебошад. …

Муфассал »

Паҳнкӯҳ

pahnkuh

Паҳнкӯҳ, хамвории васеи тахт ё каме пасту баландро гӯянд, ки аз соҳили баҳр бештар аз 500 м баланд аст (паҳнкӯҳи Сибири Миёна, паҳнкӯҳи Дакан дар Ҳиндустон). Аксар Паҳнкӯҳҳоро водиҳои чуқур ба қисмҳо ҷудо кардаанд. Паҳнкӯҳ аз денудатсияи бардавом, дар шароити режими тектоникии платформагӣ, дурудароз ҳамвор шудани ягон қитъаи хушкӣ ва …

Муфассал »

Патом

patom

Патом (кӯҳсори Патом), кӯҳсорест дар байни дарёҳои Витим ва Чара (вилояти Иркутски Республикаи Совети Федеративии Сотсиалистии Россия). Патом аз кӯҳҳои начандон баланд (1200—1300 метр) иборат буда, онҳоро водиҳои чуқур аз ҳам ҷудо кардаанд. Китъаҳои  баландтаринаш дар Ҷануби Шарқ воқеъ гаштаанд (кӯҳи Лонгдор то 1924 метр). Патом аз варақсангҳои кристаллӣ, оҳаксанг …

Муфассал »

Оқтоғ

oktog

Оқтоғ, қаторкӯҳест, дар ҷануби ғарби Республикаи Советии  Сотсиалистии Тоҷикистон, дар байни водии дарёҳои Кофарниҳон ва Обикиику Вахш. Аз Шимол ба Ҷануб ба масофаи тақрибан 150— 155 километр тӯл кашидааст. Бараш 20— 22 километр. Релефи теппамонанд дорад. Баландин қаторкӯҳ ба ҳисоби миёна 1000—1200 метр, ҷои аз ҳама баландаш қӯҳи Мундитоғ (2227 …

Муфассал »

Охрид

oxrid

Охрид (okhrida; ohrid), кӯлест дар Югославия ва Албания. Дар пастхамии байникӯҳӣ, дар баландии 695 метр ҷой гирифтааст. Масоҳат 348 километр2; чуқуриаш то 285 метр. Охота як қисми обашро ба воситаи роҳи зеризаминӣ аз кули Пресна мегирад. Оби кӯл ба воситаи дарёи Дрин ба баҳри Адриатика ҷорӣ мешавад. Аз кӯл зағорамоҳӣ, …

Муфассал »

Кӯҳҳои Паропамиз

kuhhoi_paropamiz

Кӯҳҳои Паропамиз, системам кӯҳиест дар қисми шимоли ғарбия Афғонистон. Доманакӯҳҳои ғарбии он — баландиҳои Бодхез ва Қаробел дар территорияи Республикаи Советии Сотсиалистии  Туркменистон воқеъ гаштаанд. Паропамиз аз қаторкӯҳҳои ба самти арз кашолёфта (Бан­ди Туркистон, Сафедкӯҳ, Сиёҳкӯҳ ва ғайра) иборат мебошад. Тӯлаш 600 километр, бараш то 250 километр. Баландин қисми зиёди …

Муфассал »

Ортогоналӣ

Ортогоналӣ

Ортогоналӣ (аз юнонӣ orthos — рост ва гнейс), ҷинси кӯҳист, ки дар натиҷаи тағйирёбии (метаморфизми) ҷинсҳои фишонда (гранитҳо, диоритҳои кварсдор ва ғайра) ба вуҷуд омадааст.

Муфассал »

Олтойи Муғул

0

Олтойи Муғул, системаи кӯҳиест дар РХМ ва Хитой. Аз Шимоли Ғарб ба Ҷануби Шарқ тақрибан 1000 километр тӯл кашидааст, бараш 150—300 километр. Ҷои аз ҳама баландаш 4362 метр (кӯҳӣ Мунх- Хайрхон-Ула). Аз якчанд қаторкӯҳҳои мӯтавозӣ иборат аст, ки онҳоро водиҳои чуқури тектоникӣ бурида гузаштаанд. Теппадои кӯҳҳо аксар ба пуштакӯҳ монанд …

Муфассал »

Олтой Гоби

0

Олтой Гоби, системаи кӯҳиест дар ҷануби РХМ, давоми Олтойи Муғул дар самти ҷануби шарқии он. Тӯлаш зиёда аз 500 километр. Асосан 1500—2500 метр баландӣ дорад. Нуқтаи баландтаринаш Ихэ—Богдо—Ула (3957 метр). Олтойи Гоби аз як қатор массиву қатокӯҳҳо иборат аст, ки онҳо аз гра­нит, регсанг ва варақсангҳои крис­таллӣ таркиб ёфтаанд. Ландшафт …

Муфассал »