Маълумоти охирин
Главная / Теги: Ҳайвонот (страница 9)

Теги: Ҳайвонот

Орангутан

1

Орангутан (малаӣ orang-utan — одами ҷангалӣ), (Pongo pygmaeus), маймуни калони одамшакл; намояндаи ягонаи ҷинси Pongo. Ду зернамудаш дар ҷазираҳои Ка­лимантан (Р. р. ру- gmaeus) ва Сумат­ра (Р. р. abelii) паҳн шудааст.  Орангутани наринаи болиғ (қадаш 130—150 сантиетр, вазнаш то 100— 150 килограмм) нисбат ба модинааш калонтар аст. Мӯяш зарди сурхчатоб, …

Муфассал »

Опалина

01

Опалина (Opalina), як ҷинси ҳайвонҳои соддатарин, паразитест аз синфи қамчинакдорҳо. Танааш баргшакл (дарозиаш то 1 миллиметр) буда, бо қамчинакҳо пӯшида шудааст. Эктоплазма ва андоплазма бо даҳҳо, баъзан садҳо ядро аз ҳам чудо гаштааст. Сурохии даҳон надорад, бо тав­ри осмосӣ ғизо мегирад. Бо роҳи ғайриҷинсӣ (ба ду тақсимшавӣ) ва ҷинсӣ (копулясия) …

Муфассал »

Онтогенез

0

Онтогенез (аз юнонӣ ontos — ҳастӣ ва …генез), инкишофи фардии орга­низм, маҷмӯи табаддулоти пайдарҳамии морфологӣ, физиологӣ ва биохимиявиро гӯянд, ки организм аз лаҳзаи пайдоиш то дами марг аз cap мегузаронад. Мафҳуми Онтогенез якҷоя бо мафҳуми филогенез ду ҷиҳати аз ҳам ҷудона- шавандаи ҷараёни ягонаи инкишофи табиати зиндаро ифода мекунад. Дар …

Муфассал »

Ондатра

0

Ондатра, муши мушкбӯ, калламуши обӣ (Ondatra zibetica), ҳайвони ширхурест аз оилаи хояндаҳо (По-dentia). Ватанаш Америкаи Шимолӣ. дар СССР Ондатраро солҳои 30 асри 20 ба шароити маҳаллӣ мутобиқ намуданд ва дар тӯли ним аср дар бисёр ҷойҳои мамлакатамон аз он ҷумла дар Тоҷикистон паҳн шуд. Ондатра дар Тоҷикистон ибтидои солҳои 50 …

Муфассал »

Олигосен

0

Олигосен (аз олиго ва юнонӣ каinos — нав), замони (қисми) олигосен, замони охири палео­ген. Истилоҳи «Олигосен»-ро бори аввал соли 1855 геологи немис Г. Бейрих ба илм ҷорӣ кардааст. Таҳнишастҳои замони Олигосенро ба ду, баъзан ба се табақа (ярус) тақсим мекунанд ва дар як табақа номи маҳаллӣ дорад.

Муфассал »

Олиго

0

Олиго (аз юнонӣ oligoa — камтар, андак), қисми калимаҳои мураккаб, ки кам будани шумора, миқдор ва ғайраро ифода менамояд. Масалан, олигоф­рения, олигурия ва ғайра.

Муфассал »

Оилаи занбур

0

Оилаи занбур, оилаест, ки аз якчанд ҳазор (аз 100 то 100 ҳазор) занбурҳои корӣ, шоҳзанбӯр ва инчунин занбури нар (тобистон) ташкил меёбад (нигаред Занбӯри асал). Дар баҳор шоҳазанбӯр ба шонҳо тухм мегузорад, ки аз он кирмина ва зочая занбури корию нарзанбӯр инкишоф меёбад. Оилаи занбур тобистон, ки давраи асосии асалгирӣ …

Муфассал »

Озодмоҳи

0

Озодмоҳи (Salmonidae), оилаи моҳист аз қатори шӯрмоҳӣ. Дар дарё, баҳр ё уқёнусҳои Нимкураи шимолӣ зист мекунад. Баъзе намуҳояш дар обҳои Нимкураи ҷанубӣ низ муқимӣ гаштааст. Оилаи Озодмоҳӣ 9 ҷинсро дарбар мегирад, аз ҷумла Озодмоҳии уқёнуси Ором (Oncorhynchus), Озодмоҳии охридӣ (Salmoihymus), Озодмоҳии хушзот (Salmo) ва ғайра. Зиёда аз 10 намуди Озодмоҳӣ …

Муфассал »

Овисидҳо

0

Овисидҳо (аз лотинӣ Ovum—тухм, caedo —мекушам), моддаҳои химиявиест, ки тухми ҳашарот ва канаҳоро нест мекунад. Нигаред низ Пестисидҳо.

Муфассал »

Обченкунак

0

Обченкунак (Amphibiocorisae, Gerromorphа), якчанд оилаи ҳашарот (Hydrometridae, Mesoveliidae, Hebridae ва Gerridae)-po гӯянд, ки ба ганданафасакҳои обӣ мансубанд. Танааш борики дарозрӯя (дарозиаш 2—34 миллиметр) аст: пойҳояш дароз буда, ба­рои дар об озод ҳаракат кардан ё тез лағжидан мувофиқ шудааст. Қисми поёни танааш бо мӯякҳои нуқрагуни тарна- шаванда пӯшида шудааст. Аксарияти Обченкунак …

Муфассал »