Маълумоти охирин
Главная / Теги: Ҳайвонот (страница 7)

Теги: Ҳайвонот

Пака

paka

Пака (CuHiculus), як ҷинси хояндаҳост аз оилаи агутиҳо. Пой ва думаш кӯтоҳ; калонҷусса (дарозиаш то 80 сантиметр), пашмаш дурушти кӯтоҳ, рангаш тираи қаҳвагӣ, дар ду паҳлӯяш 4 қатор холҳои сафед ва дар паси ҷоғаш ҷавф дорад, ки он вазифаи садопардаро иҷро мекунад. Ду намуди Пака маълум аст: дар доманаи кӯхи …

Муфассал »

Павиан

pavian

Павиан (Papio), як ҷинси маймунҳои биниборики мансуби оилаи мартишкашаклҳост. Танаш 75—80 сантиметр, думаш 50—60 сантиметр вазнаш то 30 килограмм. Фуки дароз ва дандони тез дорад. Мӯяш дарози хокистарранги тира (баъзан мисли ёл менамоянд), дарозии дасту пойҳо қариб баробаранд, панҷаю кафи пояш кутоҳ аст. 5 намудаш (гамадрил, сфинкс, бабуин, анубис, чакма) …

Муфассал »

Оҳу

ohu

Оҳу 1) гавазни холдор (Сег- vus da та), ҳайвони ширхори ҷуфт- сумест аз ҷипси гавазн. Нуги шохи нароҳу васеи белмонанд буда, модаоҳу бешох аст. Бадани нароҳу 130 сантиметр дарозӣ, 85—90 сантиметр баландӣ (то са­ри дӯш), қариб 90 килограмм вазн дорад, модаоҳу нисбатан хурдтар аст. Рангаш тобистон зарди сурхчаи холи сафеддор, …

Муфассал »

Оқсил

oksil

Оқсил, як навъ касалии сироятии ҳайвонҳои ҷуфтсум. Нишонаҳояш пайдоиши обила ва малхидани пардаи луобии даҳон, сина ва байни сумҳо. Оқсил тез паҳн мешавад, ҳайвонҳои як мамлакат ва ҳатто як қитъаро саросар фаро гирифта метавонад. Ба хоҷагии қишлоқ зарари калони иқтисодӣ ме- расонад (ҳайвонҳо каммаҳсул мешаванд, ҷавонаҳо мемиранд). Ҳозир 7 тип …

Муфассал »

Оғил

oqil

Оғил, оғол, 1) ҷоест, ки гов, гӯсфандон ва дигар чорпоёнро нигоҳ медоранд; сутургоҳ, молхона; 2) хонаи занбӯр, занбӯрхона.

Муфассал »

Охур

oxur

Охур барои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, ҷоест барои хӯроки чорпоён. Охур пошхурӣ, сарфаи хӯрок, шароити беҳдошту гигиенаи хӯрокдиҳиро таъмин менамояд. Сохт ва андозаи Охур ба намуд, синну сол ва усули Нар­ва риши чорво вобаста аст. Охур бояд барои ҳар гуна хӯроки якдафъагии ҳайвонот, инчунин барои пур кардани хӯрок, беҳдошт ва дезинфексия …

Муфассал »

Офтобиҳо

oftobiho

Офтобиҳо 1) Zeifortes, як қатори моҳиҳоеро гӯянд, ки ба хормоҳи- шаклҳо монанданд. Қариб 50 наму­дашон дар соҳилҳои баҳрҳои гарми тропикӣ паҳн шудаанд. Яке аз намояндаҳои Офтобиҳо Zeus faber (нигаред расм) аст, ки то 20—30 сантиметр (баъзан то 50 сантиметр)            мешавад. Офтобиҳо асосан дар қисми шарқии уқёнуси Атлантика ва баҳри Миёназамин …

Муфассал »

Офтобгардак

oftobgardak

Офтобгардак (Agamidae), номи муштараки оилаи калтакалосҳо. Са­ри Офтобгардак бо лавҳачаҳои майда пӯшида шудааст; пойҳои боқуввату тезҳаракат ва думи дароз дорад. Офтобгардак аз ҳаяҷон ё гармӣ рангашро тағйир дода метавонад. Қариб 35 ҷинси Офтобгардак (аждар, калотҳо, лӯндасаракҳо, офтобгардак, хордум ва ғайра), ки қариб 300 намудро дарбар мегирад, дар Афри­ка (ғайр аз …

Муфассал »

Пармачӣ

parmachi

Пармачӣ, номи умумии се оилаи ҳашароти пардаболро гӯянд: Пармачии ҳақиқӣ (Tenthredinidae), Пармачии тортанак (Pamphiliidae) ва поягӣ (Сеphidae). Зиёда 5 ҳазор намуд дорад: дар СССР қариб 1500 намуд, бештар сокини минтақаи бешаанд. Кирми нам ҳамаи Пармачиҳо ва аксар намудҳои Пармачии болиғ алафхӯранд, баъзеашон дарранда. Прмачии модина одатан бофтаи нарми растаниро пешакӣ …

Муфассал »