Маълумоти охирин
Главная / Теги: Ҳайвонот

Теги: Ҳайвонот

САЙДАК

5918bff78594f

САЙДАК, сайгак (Saiga talariса), як ҷонвари ҷуфтсумеро гӯянд, ки ба ковокшохҳо мансуб аст. Дарозии таваи наринаашон то 140 см, қадаш то 80 см, вазнаш то 40 кг ва модинааш хурдтар аст. Биниаш дарози Хартумшакл. Шохаш зардтоб (дарозиаш қариб 40 см); модинааш бешох. Мӯи тахтапушташ зардча ва шикамаш сафед. Дар Муғулистон, …

Муфассал »

РӮБОҲ

ruboh

РӮБОҲ (Vulpes), саълаб, як ҷинси ширхӯрҳои даррандаро гӯянд, ки ба оилаи сагшаклҳо мансуб аст. Фукаш борику гӯшҳояш рости нӯгтезанд. Танаш бо мӯи зич пӯшида шудааст. Рангаш вобаста ба ҷои зист ҳар хел мешавад; масалан, дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбии Тоҷикистон хокистаррангу дар дигар ноҳияҳои кӯҳӣ зарди сурхтоб. 6 (аз рӯи маълумоти …

Муфассал »

РОМУЗ

del

РОМУЗ, далфин, дулфин, делфин (Dolphininaе), як вавъ ширхӯрҳои баҳриро гӯянд, ки аз ҷумлаи китҳои дандондор медонанд. Дарозии танашон 1,2—10 м. Аксар Ромуз дар тахтапушт боли шиноварӣ доранд. Фукашон борик ва дандонашон хеле бисёр (зиёда аз 70) аст. Системаи асаби марказии Ромуз нағз инкишоф ёфтааст; нимкураҳои мағзи сарашон калон аст (дар …

Муфассал »

ХИРС

xirs

ХИРС (Ursidae), як навъ ҳайвони даррандаро гӯянд. Бино ба таснифоти зоологӣ хирс як оилаи ширхӯрҳост. Дарозиаш 1,5—3 м, вазнаш аз 60 то 700 кг. 7 намуди хирс  (айнакдор, лабдароз, малайӣ, ҳимолой, малла, сафед ва барибал) маълум аст. Аксари онҳо дар ноҳияҳои нимкураи шимолӣ маскун шудаанд, фақат хирси айнакдор дар Америкаи …

Муфассал »

ХАЧИР

09-moriles_mula

ХАЧИР, астар, ҳайвони дурагаи хонагиеро гӯянд, ки аз ҷуфт шудани байтал ва нархар пайдо мешавад. То 40 сол умр мебинад. Xачир одатан бе насл аст. Дар СССР Хачирро дар Кавказ ва Осиёи Миёна мопарваранд.

Муфассал »

ХАРТУМДОРҲО

fil

ХАРТУМДОРҲО (Ргоboscidae), як навъ ҳайвонотеро гуянд ки ба ширхӯрҳо мансубанд. Бинию лаби болоии инкишофёфтаи онҳо ба хартум табдил ёфтаанд. Дандони ашки ҷоғи болоиашон хуб инкишоф ёфтааст. Аз хартумдорҳо ҳоло фақат филҳо боқӣ мондаанд.

Муфассал »

ХАЛТАДОРҲО

xaltadorho

ХАЛТАДОРҲО (Меtatheria), як навъ ҳайвоноти ширхӯри нисбатан соддаро гӯянд. Халтадорҳо бино бо таснифоти зоологӣ ба қатори мӯҳрадорҳо мансубанд. 9 оилаашон маълум аст: опоссумҳо, халтадорҳои дарранда, мӯрчахӯрҳои халтадор, қашқалдоқҳои халтадор, кӯрмушҳои халтадор, оппоссумҳои калламушшакл, поссумҳо, вомбатҳо ва кенгуруиҳо ё халтадорҳои ҷаҳанда. Опоссумҳо (Didelfidae) дар бешазори Америкаи Шимолӣ ва Америкаи Ҷанубӣ зиндагӣ …

Муфассал »

ХАР

xar

ХАР, маркаб, дарозгӯш (Еquus Аsinus), ҳайвонест тоқасум (аз ҷинси асп). Хари ваҳшӣ дар Африка (хари нубиягӣ ва сомалигӣ) ва Осиё (гӯр ё гӯрхар, онагр, киянг) вомехӯрад. Xар ҳайвони маъмули хонагист. Се гурӯҳи зоти хар маълум аст: 1. Хари хурдҷуссаи Африка ва Осиё (қадаш 80—105 см); зоти харҳои ин гурӯҳро дар …

Муфассал »

ХАРГУШ

xargush

ХАРГУШ, як навъ ҳайвони хояндаи ширхори хонагист (аз оилаи заргӯшҳо). Зотҳои гуногуни харгуш аз заргӯш — харгуши вақшӣ (Огусtolagus саniculec) пайдо шудаанд. Азбаски харгуш зудрас ва сернасл аст, онро барои гӯшт, пӯст ва тибит мепарваранд. Xаргуш тамоми сол насл медиҳад. Дар 3—4-моҳагӣ болиғ мешавад. Даври ҳамлаш —28— 32 шаборӯз. Соле …

Муфассал »

ХАРЗА

xarza

ХАРЗА (Магtes flavigula), як навъ дарранда (аз Дарозпи танаш 55—80 см, думаш тақрибан 40 см, вазнаш то 5,7 кг. Дар ҷангалзор зиндагӣ мекунад, ба дарахт нағз мебарояд. Хоянда ва паррандаҳоро сайд мекунад, ба ҳайвонҳои сумдори майда низ ҳамла карданаш мумкин.

Муфассал »