Маълумоти охирин
Главная / Теги: Геология (страница 5)

Теги: Геология

Пастӣ

pasti

Пастӣ, қитъаи заминест, ки дар баландии то 200 метр аз сатҳи уқёнус воқеъ гаштааст. Сатҳаш одатан ҳамвор, баъзан теппадор мешавад. Пастӣ бештар дар натиҷаи фурӯравиҳои тектоникӣ ва бо тахнишастҳои баҳрӣ е континентӣ (аксар дарёӣ) пур шудани пастхамӣ ба вуҷуд меояд Пастиҳое низ хастанд, ки аз сатҳи уқёнус поёнтаранд (масалан, Пастии …

Муфассал »

Пастхамӣ

pastxami

Пастхамӣ, чуқурии рӯи заминро гӯянд, ки атрофаш тамоман ё қисман бастааст. Бараш одатан ба даҳҳо, садҳо ва баъзан ҳазорҳо килоиетр мерасад (масалан, Пастхамиҳои Тарим, Сариқамиш, Фарғона ва ғайра). Пастхамӣ бештар дар натичаи ҳаракатҳои тектоникӣ пайдо мешавад. Одатан қаъри Пастхамиҳои тектоникӣ аз ҷинсҳои терригению вулқоногенӣ таркиб ёфтаанд. Дар ҷойҳои камҳаракати қишри …

Муфассал »

Павлов Алексей Петрович

pavlov_aleksey_petrovich

Павлов Алексей Петрович (1. 12. 1854, Москва — 9. 9. 1929. Бад-Тёлс, Германия; дар Москва дафн карда шудааст), геологи советӣ, академики Академияи Фанҳои Петербург (1916; аъзо- корреспондент 1905). Соли 1879. шуъбаи табиатшиносии факултети физикаю математикаи Университети Москваро хатм кардааст. Аз соли 1886 профессори ҳамин университет. Павлов  асосан масъалаҳои стратиграфия, палеонтоло­гия, …

Муфассал »

Парагнейс

paragneys

Парагнейс (аз пара… ва гнейс), ҷинси кӯҳии метаморфиест, ки дар қаъри қишри Замин дар натиҷаи тағйир ёфтани ҷинсҳои таҳшинӣ ба вуҷуд меояд. Асосан ҷинсҳои терригенӣ (регсанг, алевролит, варақсангҳои гилӣ ва ғайра) аз таъсири фиҳори зӯр ва ҳарорати баланд хусусиятҳои физикию химиявии худро тағйир дода, ба арагнейс табдил меёбанд. Парагнейс дар …

Муфассал »

Парагенезиси минералҳо

paragenezisi_mineralho

Парагенезиси минералҳо (аз пара… ва генезис), дар қишри Замин қонунан якҷоя воқеъ будани минералҳоро гӯянд, ки дар шароити муштарак ба вуҷуд омадаанд. Истилоҳи «Парагенезиси минералҳо» бори аввал соли 1849 истифода шудааст. Мафҳуми «Парагенезиси минералҳо» бошад, солҳои 20 асри 20 дар асарҳои В. И. Вернадский инкишофи комил ёфт. Муҳимтарин омилҳое, ки …

Муфассал »

Ортогоналӣ

Ортогоналӣ

Ортогоналӣ (аз юнонӣ orthos — рост ва гнейс), ҷинси кӯҳист, ки дар натиҷаи тағйирёбии (метаморфизми) ҷинсҳои фишонда (гранитҳо, диоритҳои кварсдор ва ғайра) ба вуҷуд омадааст.

Муфассал »

Орогенез

Орогенез

Орогенез, орогенезис (юнонӣ oros — куд ва …аскез), кӯҳпайдошавӣ, ҳаракатҳои кӯҳпайдошавиест, ки дар ноҳияҳои геосинкли­налӣ аз таъсири массаҳои тазйиқовар ба амал меоянд. Истилоҳи «Орогенез»- ро соли 1890 геологи америкоӣ Г. Дил­берт ба илм ҷорӣ намуд. Аввалҳо чунин мешумориданд, ки аз Орогенез ҷинҳо ва кӯҳҳо пайдо мешаванд. Ба фикри олимони советӣ …

Муфассал »

Ороген

Ороген

Ороген (аз юнонӣ oros — кӯҳ ва …ген), марҳилаи дуюми инкишофи геосинклиналҳост (зонаҳои аз ҷиҳати тектоники серҳаракати қишри За­мин). Дар ин марҳила қишри Замин боло бардошта шуда, кӯҳҳо ба вуҷуд меоянд. Истилоҳи Орогенро соли 1921 геологи австриягӣ Л. Кобер ба илм дохил кардааст. Мувофиқи ақидаи ӯ Ороген дар байни массаҳои …

Муфассал »

Обручев Владимир Афанасевич

0

Обручев Владимир Афанасевич (10.10.1863, деҳаи Клепенино, ҳозира вилояти Калинини РСФСР — 19. в. 1956, Москва), геолог ва географи советӣ, академики Академияи Фанҳои COСP (1929; аъзо- корреспондент 1921), Қаҳрамони Меҳнати Со­сиалистӣ (1945). Президенти фахрии Ҷамъияти географии СССР (аз 1947). Соли 1886 Институти кӯқкории Петербургро хатм кардааст. Профессори Институти технологии Томск (1901—12), …

Муфассал »

Норденшелд Нилс Адолф Эрик

0

Норденшелд (Nordenskiold) Нилс Адолф Эрик (18.11.1832, Хелсинки — 12.8.1901, Далью, наздикии Малмё), геолог ва географи Шветсия, тадқиқотчии Арктика, баҳрнавард, муарриху картограф, аъзои АФ Стокголм (1858). Аъзо-корр. АФ Петербург (1879), аъзои фахрии Ҷамъияти географҳои рус (1881). Соли 1853 Университети Гелсингфорс (ҳоло Хельсинки )-ро хатм кард. Соли 1861 дар экспедитсияи О. Торелл …

Муфассал »