Маълумоти охирин
Главная / Теги: Геология (страница 3)

Теги: Геология

СОЙ

soy

СОЙ, пастхамиест дар минтақаи доманакӯҳҳо, адирҳо ва теппаҳо, ки аз он селобаҳо ва оби чашмаҳо ҷорӣ мешаванд. Дар гармои тобистон аксари Сойҳо беобанд. Сой як шакли релеф буда, аз амалиëти эрозионии обҳои району селобаҳо ва ҳаракатҳои тектоникӣ ба вуҷуд меояд. У. Олимов.  

Муфассал »

СКАРНҲО

skarn

СКАРНҲО (аз шведӣ — лой, партов), ҷинсҳои кӯҳии метасоматиеро гуянд, ки таркибашон аз силикатҳои калсий, магнию оҳандор ва алюмосиликатҳо иборатанд. Скарнҳо асосан дар зонаи контактӣ (аксар дар ҷойҳои баҳамрасии ҷинсҳои магмавӣ бо оҳаксанг ё доломитҳо) ва баъзан дар дохили ҷинсҳои магмавӣ ва таҳшинию метаморфӣ вз таъсири маҳлулҳои баландҳарорати магматогенӣ ба …

Муфассал »

СИПАР

seriya

СИПАР, дар геология, структураи бузурги барҷаста дар платформа, баръакси плита. Дар Ҳудуди Сипар ҷинсҳои кристаллии ниҳоят метаморфшудаи давраи токембрий (гранит, гнейс, варақсангҳои кристаллӣ), ки таҳкурсии платформаҳоро ташкил медиҳанд, ба рӯи Замин баромадаанд. Просесси бардошта шудани Сипар дуру дароз тӯл мекашад. Одатан рӯи Сипар табақаи таҳнишаст надорад. Таҳнишастҳои на чандон ғафс …

Муфассал »

СИННИ ГЕОЛОГӢ

СИННИ ГЕОЛОГӢ, синни ҷинсҳои кӯҳиро гӯянд. Синни геологӣ ду хел мешавад: мутлақ ва нисбӣ. Синни геологии мутлақ — синни ҷинсҳои кӯҳиест, ки дар воҳиди мутлақи вақт ифода ёфтааст. Онро дар натиҷаи омӯхтани коҳиши элементҳои радиоактивӣ (уран, торий, калий, рубидий ва ғайра), ки дар таркиби минералҳо мавҷуданд, муқаррар менамоянд. Синни геологии …

Муфассал »

СИНКЛИНАЛ

СИНКЛИНАЛ (аз юнонӣ synklino— хам мешавам), чини синклиналӣ, чини қабатҳои фурӯхамидаи ҷинсҳои кӯҳиро гӯянд. Дар маркази Синклинал нисбат ба болҳои он ҷинсҳои ҷавонтар хобидаанд. Синклиналҳо одатан бо чинҳои болобарҷаста паи ҳамдигар меоянд.

Муфассал »

СИНЕКЛИЗА

СИНЕКЛИЗА (аз юнонӣ syn— якҷоя ва еnklesis нишеб шудан), фурӯхамидаи доирашакл ва фарохи қишри Замин дар ҳудуди платформа (масалан, Синеклизаи Москва дар платформаи Европаи Шарқӣ, Синеклизаҳои Тунгус ва Вилюй дар платформаи Сибир). Бараш садҳо км; масоҳаташ беш аз 60—100 ҳазор км2. Дар Синеклизаҳо одатан ҷинсҳои таҳшинӣ ва таҳшинию вулқоногенӣ қабат-қабат …

Муфассал »

СИЛЛИМАНИТ

СИЛЛИМАНИТ (аз номи олими америкоӣ Б. Силлиман), минералест аз синфи силикатҳо. Таркиби химиявиаш Аl[АlSiO5] (нигаред низ Андалузит ва Кианит). 1—1,5% омехтаи Ғе20з дорад. Системаи кристаллбандиаш ромбӣ. Кристаллҳояш сӯзаншакл; агрегатҳои маҳиннах ҳосил мекунад. Рангаш хокистарранг, бӯри равшан, сабзи бенур. Шишаҷило. Сахтиаш 6,5—7,5; зичиаш 3270 кг/м3. Аз ҳарорати баланд (қариб 1545 0С) …

Муфассал »

СЕРИЯ

СЕРИЯ дар геология, калонтарин қисмати стратиграфиро гӯянд, ки табақаи ғафси ҷинсҳои кӯҳиро дарбар гирифта, ба даврияти ягонаи таҳшинӣ, вӯлқонӣ ё тектоникӣ мувофиқ меояд. Ҳаҷман ба қисми геологӣ баробар буда, ба чандин свитаи геологӣ тақсим мешавад.

Муфассал »

МЕТАЛЛОГЕНИЯ

metalogeniya

МЕТАЛЛОГЕНИЯ (аз металл ва юн. geneia — пайдоиш, ба вуҷуд омадан), як фасли илм оид ба сарватҳои зеризаминӣ буда, қонунияти регионалии пайдоиш ва ҷойгиршавии қоидаи маъданро меомӯзад. Асосгузорони М. дар СССР — В. А. Обручев, С. С. Смирнов, Ю. А. Билибин; дар хориҷа — геологӣ франсавӣ Л. де Лоне. Вазифаи …

Муфассал »