Маълумоти охирин
Главная / Теги: Геология (страница 2)

Теги: Геология

ПЛИТА

plita

ПЛИТА (дар геология), қитъаест дар ҳудуди платформа, ки таҳкурсии чиндори он нисбатан фурӯнишаста буда, бо табақаи ғафси (то 10—15 км) ҷинсҳои таҳшинии уфуқӣ хобида ё андаке чиндор пӯшида аст. Акси Плита, ки нисбатан барҷаста аст, сипар ном дорад. Плитаҳо дар навбати худ ба структураҳои нисбатан хурд — антеклизаҳо (барҷастагиҳо) ва …

Муфассал »

ЮРА

ЮРА, давраи (системаи) юра, дар таърихи геологии Замин давраи дуюми эраи мезозойро гуянд, ки 190—195 млн сол муқаддам оғоз ёфта 55—58 млн сол давом кардааст. Номи давра аз к-ҳои Юра, ки дар Франция ва Швейцария воқеанд, гирифта шудааст. Истилоҳи «Ю.»-ро с. 1829 геологи франсавӣ А. Броньяр аввалин бор истифода бурд. …

Муфассал »

ЭРАТЕМА

ЭРАТЕМА дар геология, қисмати ҷадвали умумии стратиграфиро гуянд, ки он ҳиссаи эонотема буда, ба системаҳои геологӣ тақсим мешавад. Аввалҳо дар адабиёти геологӣ одатан «гуруҳ» меномиданд. С. 1966 геологи америкоӣ X. Хедберг истилоҳи «Э.»-ро пешниҳод намуд, ки он с. 1976 дар СССР қабул шуд. Фосилаи вақт, ки дар муддати он Э. …

Муфассал »

ЭРАИ ГЕОЛОГӢ

ЭРАИ ГЕОЛОГӢ, фосилаи вақтест дар таърихи геологии Замин, ки дар тули он эратема ташаккул ёфтааст. Э. г. ба давраҳои геологӣ тақсим мешавад; якчанд Э. г., эони геологиро ташкил медиҳад.

Муфассал »

ШӮРЗАМИН

shurzamin

ШӮРЗАМИН, шуразамин, заминест, ки дар натиҷаи шурзании хоки дашт, биёбон, нимбиёбон ва ғ. (ҳангоми аз сатҳи. замин буғ шудани обҳои зеризаминӣ намакҳо ба қабатҳои болоии хок мебароянд) пайдо шудааст (ниг. Шӯрхок). Ш. аз қабатҳои намак (норм, софолак ва ғ.), гумус (хеле нам), ҷинси намакдор ё қабати обнигаҳдор иборат аст. Ш. …

Муфассал »

ШЕЛФ

shelf

ШЕЛФ (англ, shelf), тунукобаи материки, ҳамвориҳои зериобии атрофи материкҳост, ки қад-қади соҳилҳои баҳру уқьёнусҳо тул кашидаанд ва сохти геологиашон низ бо хушкӣ як хел аст. Чуқурии канори Шелф одатан 100—200 м, вале дар баъзе ҷойҳо (мас., дар хамии Курили Ҷанубии б. Охота) то ба 1500—2000 м мерасад, бари Шелф то …

Муфассал »

СУФАҲО

sufakuh

СУФАҲО дар геогафия ва геология, майдончаҳои табиии ҳамвор ё андаке моили нишебии кӯҳу теппаҳо, водию дарёҳо ва соҳили кӯлу баҳрҳоро гӯянд, ки аз канор зинаҳо дорад. Суфаҳо аз таъсири обҳои равон ё мавҷи ҳавзаҳои об дар натиҷаи бардошташавии номураттаби тектоникӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳо алоҳида ё пай дар ҳами зинашакл …

Муфассал »

СУФАКӮҲ

sufakuh

СУФАКӮҲ, кӯҳҳоеро гӯянд, ки қуллаҳояшон ҳамвору нишебиҳояшон каму беш рост ё ки зинашакланд. Сатҳи ҳамвори Суфакӯҳ одатан аз ҷинсҳои сахту мазбут таркиб ёфтааст. Маҳалҳои калонеро, ки релефашон асосан аз Суфакӯҳ иборат аст, ноҳияҳои суфакуҳӣ меноманд (масалан, суфакӯҳҳои Турғай ва Устюрт дар СССР).

Муфассал »

СУНБОДА

sunboda

СУНБОДА, сумбода (санги сайқал), ҷинси кӯҳии кристаллист, ки аз доваҳои майдаю маҳини корунд ва дигар минералҳо (магнетит, сулфидҳо ва абрақҳои мӯрт) таркиб ёфтааст. Қариб 60% таркиби онро корунд ташкил медиҳад. Сахтиаш аз рӯи шкалаи минералоги 7—8. Сунбода бештар дар байни мармар дар шакли линза, шток ва ғайра, баъзан дар байни …

Муфассал »

СТРАТИГРАФИЯ

stratigrafy

СТРАТИГРАФИЯ (аз лотинӣ stratum қабат ва …графия), як фасли геолологияи таърихист, ки пайдарҳамии пайдоиши ҷинсҳои куҳӣ ва аввалии робитаҳои мутақобилаи фазоии онҳоро меомӯзад. Барои муқаррар намудани синни таҳнишастҳои омӯхташуда таркиби боқимондаҳои организмҳо, ки аз табақаҳои таҳшинӣ ёфт шуда, аз инкишофи нотакрори олами органикии замин дарак медиҳанд, аҳамияти калон доранд. Аз …

Муфассал »