Маълумоти охирин
Главная / Теги: Геология

Теги: Геология

ФИКСИЗМ

ФИКСИЗМ (аз лотинӣ fixus — сахт, тағйирнопазир), фарзияи геологист оид ба тағйирнопазирии мавқеи хушкиҳои руи Замин ва роли ҳалкунандаи ҳаракатҳои амудии тектоникӣ дар инкишофи қишри Замин. Факсизм акси мобилизм аст.

Муфассал »

ФАСИЯ дар геология

ФАСИЯ (аз лотинӣ Fасiеs — рӯй, симо), дар геология, мафҳумест, ки дигаргуниҳои таркиби литологии ҷинсҳои кӯҳӣ ва боқимондаҳои органикии онҳоро дар ҳудуди як қабати стратиграфӣ ифода мекунад. Истилоҳи «Фасия»-ро геологи швейсарӣ А. Гресли дар илм ҷорӣ намуд (1835 —41) Мафҳуми Фасия дар литология ба ду маъно истифода мешавад: 1) Фасия …

Муфассал »

ТРАНСГРEССИЯ

transgressiya

ТРАНСГРEССИЯ (аз лотинӣ (trans-gressio — гузариш, аз ҷое ба ҷое ҳаракат кардан), ба хушкӣ ҳаракат кардани оби баҳр. Трансгрессия бештар дар натиҷаи паст шудани хушкӣ (баъзан аз бардошташавии сатҳи уқёнус) ба амал меояд. Ин ба пасту баландшавии қишри Замин вобастагӣ дорад. Трансгрессияҳо дар тамоми давраҳои геологии Замин рӯй медоданд, ки …

Муфассал »

ТОКЕМБРИЙ

tokembriy

ТОКЕМБРИЙ, замонест дар таърихи геологии Задмин, ки пеш аз давраи кембрий (ё палеозой, фанерозой) омада, табақаҳои ҳамон давраи қишри Заминро дар бар мегирад. Тақрибан 4 млрд сол (8/9 ҳиссаи таърихи геологии Замин) давом кардааст; ба эраҳои археозой ва протерозой тақсим мешавад. Пайдоиши қадимтарин табақаҳои ҷинси кӯҳӣ, ҳаёт (аввалин обсабзҳо, бактерияҳо) …

Муфассал »

ТЕОДОЛИТ

teodolit

ТЕОДОЛИТ, асбоби геодезист барои чен кардани кунҷҳои уфуқӣ (горизонталӣ), амудӣ (вертикалӣ) ва муайян намудани самтҳо ҳангоми суратгириҳои топографӣ, геодезӣ ва маркшейдерӣ. Асоси теодолитро доираҳои горизонталӣ ва вертикалие ташкил медиҳанд, ки дорои тақсимоти дараҷавидан. Теодолит бештар бо олоти гуногун (ориентир — буссол, маркаи визирӣ, масофасанҷи оптикӣ ва ғайра) ҷиҳозонида мешавад. Теодолитҳо …

Муфассал »

ТЕКТОНИКА

tektonika

ТЕКТОНИКА (аз юнонӣ tektonicoz — мансуби сохтмон), геотектоника, як соҳаи геологияро гӯянд, ки инкишофи структураи қишри Замин ва аз таъсири ҳаракатҳои тектоникӣ тағйир ёфтани он, инчунин деформацияҳои ба тараққии куллии Замин вобастаро меомӯзад. Дар боби маънидоди деформация ва ҳаракати қишри Замин ду фарзияи геологӣ ҳаст, ки якеро фиксизм ва дигареро …

Муфассал »

ТАРҲИ ХОК

xok

ТАРҲИ ХОК, буришеот аз сатҳи хок то қабати ҷинсҳои кӯҳӣ; аз қабатҳо ва зерқабатҳои аз ҷиҳати генетикӣ ба ҳамдигар алоқаманде, ки дар ҷараёни хокҳосилшавӣ ташанкул ёфтаанд, иборат аст. Ғафсии тарҳи хок аз даҳҳо см то якчанд м аст. Тарҳи хок табии ва ғайритабиӣ (дар натиҷаи фаъолияти инсон то андозае дигаргун …

Муфассал »

РАДИОГЕОЛОГИЯ

radiogeology

РАДИОГЕОЛОГИЯ, геологияи ядро, як фасли геологияро гӯянд, ки қонунияти тағйирёбии табиии ядрои моддаи Замин ва дар просессҳои геологӣ зуҳур ёфтани онро меомуӯзад. Истилоҳи Радиогеологияро соли 1937 В. И. Вернадский ба илм дохил вамуд.  Радиогеология бо физикаи ядро, геохимия ва космохимия алоқаманд аст. Он ба Радиогеологияи аслӣ, геологияи изотопҳо ва геохронологияи …

Муфассал »

РАГ (дар геология)

rag-g

РАГ (дар геология), кафидаи бо ҷинси кӯҳӣ, минерал ё маъдан пуршудаи қишри Замин. Дар натиҷаи аз ягон манбаъ ба кафидаҳои қишри Замин ворид шудани магма ӯ дар дохили кафидаҳо аз маҳлулҳо (обҳои минералдори зеризаминӣ) таҳшин шудани моддаҳои минералӣ ҳосил мешавад. Рагҳое низ вомехӯранд, ки маҳсули просесси метасоматизм буда, аз ду …

Муфассал »

ПЛУТОНИЗМ

plutonism

ПЛУТОНИЗМ (аз юн. Рluton—Плутон, худои олами зеризаминӣ), таълимоти геологии охири асри 18—аввали асри 19 оид ба роли ҳалкунандаи қувваҳои дохилӣ дар таърихи геологии Замин, ки боиси вулқонизм, заминҷунбӣ ва ҳаракатҳои тектоникӣ мегардад. Ин таълимот дар «Назарияи Замин» ном асари геологи шотландӣ Ҷ. Геттон нисбатан пурра тасвир ёфтааст. Таълимоти Плутонизм муқобили …

Муфассал »