Маълумоти охирин
Главная / Теги: Физика (страница 5)

Теги: Физика

ПРОСЕССИ АДИАБАТӢ

p-adiabat

ПРОСЕССИ АДИАБАТӢ, просессе, ки дар системаи физикӣ бидуни мубодилаи гармӣ бо муҳит воқеъ мешавад. Просесси адиабетиро метавон дар сис­темаи аз гармӣ изолятсияшуда ба амал овард. Мисоли ин такти кории мошини ҳароратӣ мебошад, ки дар вақти он дар силиндри гарминогузарони поршендор ҳангоми набудани табдилоти кори соиш ба гармӣ, газ (бур) васеъ …

Муфассал »

ПРИНСИПИ НОМУАЙЯНӢ

ПРИНСИПИ НОМУАЙЯНӢ, та носуби номуайяниҳо, тан о с у б и носаҳеҳиҳо, аз нуқтаҳои асосии механикаи квантист, ки бино ба он ду бузургии ҳамтарҳи ба як объекти физикӣ мансуб (масалан, координата ва импулси элек­трон)-ро дар як вақт аниқ муайян кардан мумкин нест. Припсипи номуайяниро В. Гей­зенберг соли 1927 кашф кардааст. …

Муфассал »

ПРИНСИПИ НИСБИЯТ

ПРИНСИПИ НИСБИЯТ, яке аз рукнҳои умдаи физика аст; таърифаш: дар ҳама гуна системаи материалие, ки дар ҳолати оромист ва ё дар ҳаракати ростхаттаи мунтазам аст, ҳама гуна ҳодисаи физикӣ (оптикӣ, механикӣ, ҳароратӣ ва ғайра) як хел содир мешавад. Дар ин маврид ҳолати оромӣ ё худ ҳаракати система нисбат ба системаи …

Муфассал »

ПРИНСИПИ МУСОВОТ

ПРИНСИПИ МУСОВОТ дар ф и з и к а, яке аз рукнҳои назарияи нисбиятро гӯянд. Бино ба Принсипи мусовот майдони ҷозиба дар ҳавзаи на чандон калони фазову вақт аз рӯи зуҳуроти худ ба системаи тезшаванда мусовӣ дониста мешавад. Дар майдони ҷозиба ҳамаи ҷисмҳо новобаста ба масса ва дигар хосиятҳои физикиашон …

Муфассал »

ПОТЕНСИАЛҲОИ ТЕРМОДИНА­МИКӢ

ПОТЕНСИАЛҲОИ ТЕРМОДИНА­МИКӢ, функсияҳои ҳаҷм V, фишор р, ҳарорат Т, энтропия S, шумора и зарраҳо п ва дигар параметрҳои мак­роскопии новобастаро гӯянд, ки ҳо­лати системаҳои термодинамикиро тавсиф медиҳанд. Энергияи дохилӣ, энталпия, потенсиал и изохорию изотерӣ (энергияи гелмголтсӣ), петенсиали изобарию изотерӣ (энергияи гиббсӣ) аз ҷумлаи Потенсиалҳои термодинамикианд. Ягон Потенсиалҳои термодинамикиро чун функсияи …

Муфассал »

ПОТЕНИАЛҲОИ МАЙДОНИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӢ

p-electromagniyniy

ПОТЕНИАЛҲОИ МАЙДОНИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӢ, характеристикаҳои майдони электромагнитиро гӯянд, ки тавассути онҳо шиддатно­кии майдони электрӣ ва магнитӣ ифода меёбад.

Муфассал »

ПОТЕНСИАЛИ ЭЛЕКТРОСТАТИ­КӢ

p-ele

ПОТЕНСИАЛИ ЭЛЕКТРОСТАТИ­КӢ, бузургии энергетикии скалярӣ, ки майдони электростатикиро тавсиф медиҳад. Потенсиали электростатикӣ ба нисбати энер­гияи потенсиалии таъсири мутақобили заряду майдон бар бузургии ин заряд баробар аст. Потенсиали электростатикӣ муодилаи Пуассонро қонеъ мегардонад. Потенсиали электростатикӣ бузургии нисбӣ буда, ба монанди энер­гияи потенсиалӣ то садедии ягон бузургии доимӣ муайян карда мешавад ва …

Муфассал »

ПОТЕНСИАЛИ ЭЛЕКТРОДӢ

ПОТЕНСИАЛИ ЭЛЕКТРОДӢ, фарқи потенсиалҳои электрии байни электролит ва электроди андаруни он. Потенсиали электродӣ дар натиҷаи аз ҳадди тақсими фазаҳо гузаштани зарраҳои заряднок, адсорбсияи махсус ориентатсионии ионҳо (ҳангоми мавҷудияти молекулаҳои қутбнок) ба вуҷуд меояд. Фарқи мутлақи потенсиали байни нуқтаҳои дар ду фазаи гуногун ҷой гирифтаро амалан чен ва ё ҳисоб кардан …

Муфассал »

ПОТЕНСИАЛИ ХИМИЯВӢ

p-ximiyavi

ПОТЕНСИАЛИ ХИМИЯВӢ, параметри ҳолати термодинамикии системаҳост, ки ҳангоми азнавтақсимшавии массаи компонентҳо роли қувваро мебозад. Агар фазаи ду компонент аз ҳамдигар фарқ кувад, яъве яке хурд ва дигаре калон бошад, онгоҳ то ба мувозинат омадан фазаҳо аз калон ба хурд мегуаарад. Потенсияли химиявии компонент системаро одатан чун ҳосилаи ҷузъии энергияи Гиббс …

Муфассал »

ПОТЕНСИАЛИ ТАҲШИН

ПОТЕНСИАЛИ ТАҲШИН, фарқи потенсиалҳои электрист, ки ҳангоми таҳ нишастани зарраҳои зарядноки дисперсионӣ ба амал меояд.

Муфассал »