Маълумоти охирин
Главная / Теги: Физика (страница 2)

Теги: Физика

ФИЗИКАИ СТАТИСТӢ

fisics-2

ФИЗИКАИ СТАТИСТӢ, механикаи статисти, як фасли физика буда, хосиятҳон ҷисмҳои макроскопиро ба сифати системаҳое тадқиқ мекунад, ки аз адади калони зарраҳои якхела, молекулаҳо, атомҳо, электронҳо иборатанд. Аз ин ҷиҳат онро назарияи млкроскопӣ ҳам меноманд. Физикаи статистӣ услубҳои статистии таҳқиқотро истифода мебарад, ки ба назарияи эҳтимолиятҳо такя мекунанд. Физикаи статистӣ ба …

Муфассал »

ФИЗИКАИ МОЛЕКУЛАВӢ

fisics-1

ФИЗИКАИ МОЛЕКУЛАВӢ, як соҳаи физикаро номанд, ки хосиятҳои физикии ҷисмҳоро дар ҳолатҳои гуногуии агрегати зимни тадқиқи сохти микроскопи (молекулави)-и онҳо меомӯхт. Минбаъд дар натиҷаи инкишофи вусъатнок ба соҳаҳои ҷудогонаю мустақил (физикаи ҷисмҳон сахт, физикаи молекулавии моеъ, физикаии газҳо ва ғайра) тақсим шуда, худ аз байн рафт.

Муфассал »

ФИЗИКАИ ЗАРРАҲОИ ЭЛЕМЕНТАРӢ

fisics-2

ФИЗИКАИ ЗАРРАҲОИ ЭЛЕМЕНТАРӢ, як соҳаи физикаро номанд, ки пайдоиш, таъсири мутақобил, тағйир ва табдили заррақои элементарии материяро меомӯзад. Физикаҳои зарраҳои элементарӣ на танҳо дар физика, балки умуман дар илми муосир мавқеи хос дорад, зеро мафҳуму қонунҳои асосии он бунёди манзараи илмии оламро ташкил медиҳанд. Таърихи навини тадқиқи зарраҳои элементарӣ солҳои …

Муфассал »

ФИЗИКАИ АТОМ

fisics-4

ФИЗИКАИ АТОМ, як фасли физикаро гӯянд, ки сохт ва ҳолатҳои атомҳоро меомӯзад. Ҳамчун илм ибтидои асри 20 шакл гирифтааст. То охири асри 19 атомро тақсимнопазир меҳисобиданд. Баъди кашфи радиоактивият (1896, А. Беккерел) ва электрон (1897, Ҷ. Томсон) ошкор гардид, ки атом аз маҷмуи зарраҳои заряднок иборат будааст. Соли 1911 Э. …

Муфассал »

ФИЗИКА

fisics-3

ФИЗИКА, (аз юнонӣ phusis — табиат), илмест дар бораи табиат, ки хосиятҳои оддӣ ва умдаи олами моддиро меомӯзад. Физика асосан илми таҷрибавист, яъне асоси қонунҳои онро далелу бурҳонҳои таҷрибавӣ ташкил медиҳанд. Дар ин қонунҳо таносубҳои миқдорӣ дар шакли формулаҳои математикӣ ифода ёфтаанд. Физика ду соҳаи аз як тараф мустақил ва …

Муфассал »

ТРИБОЭЛЕКТР

triboelektr

ТРИБОЭЛЕКТР (аз юнонӣ tribos— соиш), ҳодисаи аз соиши ду ҷисм ба вуҷуд омадани зарядҳои электрист. Ҳангоми соиши байниҳамдигарии ду диэлектрик, нимноқил ё металлҳои таркиби химиявиашон гуногун (ё таркибашон якхелаю зичиашон гуногун) мушоҳида мешавад. Дар натиҷаи соиши ду ҷисми таркиби химиявиашон якхела ҷисми зичиаш нисбатан зиёд мусбат заряднок мегардад.

Муфассал »

ТРИБОМЕТРИЯ

tribometriya

ТРИБОМЕТРИЯ (аз юнонӣ tribos —соиш ва нетрия), усулҳои ченкунии қувва ва коэффисиенти соиши беруна, ҳудуди соиши беруна ва дараҷаи хӯрдашавии сатҳҳои соишхӯрандаро гӯянд.

Муфассал »

ТРАЕКТОРИЯ

traektoriya

ТРАЕКТОРИЯ (аз лотинӣ trajectorius — мансуб ба ҷойивазкунӣ), хати бефосилаест, ки ҳангоми ҳаракати нуқта ба вуҷуд меояд. Агар траектория хати рост бошад, ҳаракати нуқтаро ростхатта, дар акси ҳол каҷхатта меноманд. Намуди траекторияи нуқтаи материалии озод ё ҳаракат ба инҳо вобастаанд: қувваҳон ба нуқта таъсиркунанда, шартҳои ибтидоии ҳаракат, интихоби системаи сарҳисоб; …

Муфассал »

ТЕРМОМЕТРИЯ

termometr

ТЕРМОМЕТРИЯ (аз термо… ва …метрия), як фасли физикаи амалиро гӯянд, ки таҳияи усӯлу воситаҳои чен кардани ҳароратро меамӯзад. Термометр як фасли метрология низ ба ҳисоб меравад: он масъалаҳои ягонагӣ ва саҳеҳияти ченкуниҳо, муқаррар намудани шкалаҳои ҳарорат, сохтани эталонҳо, дарёфти усулҳои дараҷабандӣ ва санҷиши асбобҳои ҳароратсанҷро дар бар мегирад. Ҳароратро бевосита …

Муфассал »

ТЕЗШАВӢ

ТЕЗШАВӢ, бузургии физикиест, ки тезии микдоран ва самтан тағйир ёфтани вектори суръати ҷисмеро ифода мекунад. Ҳангоми ҳаракати ростхатта, вақте суръати ҷисм мунтазам зиёд (ё кам) мешавад, тезшавӣ ададан ба нисбати афзоиши суръат ; бар фосилаи вақте баробар бувад, ки дар давоми он суръат тағйир ёфтааст: = / Тезшавӣ ба қувваи …

Муфассал »