Маълумоти охирин
Главная / Теги: Дарёҳо (страница 2)

Теги: Дарёҳо

Дарёи Оқсӯ

darei_oksy

Оқсӯ, дарёест дар Помири Шарқӣ, болооби дарёҳои Бартангу Мурғоб. Тӯлааш 222 километр, масоҳати ҳавзааш 10 500 километр2. Аз нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Ва­хон cap шуда, 37 километраш аз территорияи Афғонистон ва боқимондааш аз территорияи райони Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ мегузарад. 15 километр шарқтар аз посёлкаи Мурғоб ба Оқсу дарёи Оқбайтали …

Муфассал »

Оттава

ottava

Оттава (Ottawa), дарёест дар ҷануби шарқи Канада, шохоби чапи дарёи Ҳазрати Лаврентий. Саргаҳаш дар баландни Лаврентий. Тӯлаш 1120 километр, масоҳати ҳавзааш 115 ҳазор километр2. Аа чандин кӯлҳо мегузарад, ҷо-ҷо остонаҳо дорад. Сарфи об дар поён обаш ба хисоби миёна қариб 2000 метра/сония. Декабр ях баста, апрел яхаш об меша­вад. Аз …

Муфассал »

Остона

ostona

Остона (остонаи дарё), ҷойҳои харсангу шахдори маҷроҳ дарёро гӯянд, ки дар ин ҷойҳо дарё якбора нишеб шуда, ҷараёнаш суръат мегирад. Остона одатан дар ҷойҳое пайдо мешавад, ки ҷараёни дарё ба тӯдаи харсангҳо ё ҷинсҳои сахти кӯҳӣ дучор меояд. Баъзан боқимондаи шаршараҳо низ ба Остона табдил меёбанд. Аксар вақт ГЭС-ҳоро дар …

Муфассал »

Парагвай

paragvay

Парагвай (Раraguay), дарёест дар Бразилия ва Парагвай, шохоби  рости дарёи Парана. Тӯлаш 2200 км (аз рӯи маълумотҳои дигар 2500 км); масоҳати ҳавзааш 1150 ҳазор км2. Аз қисми шимолу ғарбии паҳнкӯҳи Бразилия оғоз ёфта, ба самти Ҷ. ҷорӣ мешавад, пастхамии васеи ботлоқзори Пантанал ва қисми пастии  Гран-Чакоро бурида мегузарад. Бари дарё …

Муфассал »

Дарёи Панҷ

darei_panj

Панҷ (болооби дарёи Аму), дарёест дар қануби РСС Тоҷикистон. Аз якшавии дарёҳои Помиру Вахон ба вуҷуд омада, қад-қади сарҳади СССР ва Афғонистон ҷорӣ мешавад. Баъди ҳамроҳ шудани дарёи Вахш он Аму ном мегирад. Тӯли Панҷ 921 км, масоҳаташ ҳавзааш 114 ҳазор км2. Қисми зиёди дарё аз водии танг ҷорист. Манбааш …

Муфассал »

Ориноко

Ориноко

Ориноко (Orinoco; ба забони ҳиндуҳои маҳаллӣ Оринуку—дарё), дарёест дар Америкаи Ҷанубӣ, дар Венесуэла ва Колумбия. Тӯлаш мувофиқи маълумотҳои мухталиф аз 2500 то 2730 километр, масоҳати ҳавзааш 1086 ҳазор километр2. Дар нишебиҳои ғарбии колхозҳои Серра-Парима (қисми ҷануби ғар­бии суфакӯҳи Гвиана) ибтидо ёфта, аз пастии Гвиана ҷорӣ мешавад ва ба уқёнуси Атлантик …

Муфассал »

Дарёи Онон

0

Онон, дарёест дар Республикаи Халқии Монголия ва вилояти Читаи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. Бо дарёи Ингода ҳамроҳ шуда дарёи Шилка (ҳавзаи Амур)-ро ташкил медиҳад. Тӯлаш 1032 километр; масоҳати ҳавзааш 96200 километр2. Аз кӯҳсори Хэнтэй оғоз ёфта, дар масофаи зиёд дашти баланди ҳамворро бурида мегузарад. Ҷазираҳои бисёре до­рад. Манбааш асосан …

Муфассал »

Дарёи Ом

0

Ом, дарёест дар вилоятҳои Ново­сибирск ва Омски Республикаи Советии Федеративии Сотсиалисти Россия, шохоби рости дарёи Иртиш (ҳавзаи дарёи Об). Тӯлаш 1091 километр, масоҳати ҳавзааш 52 600 километр2. Аз канори ҷануби шарқии ҳамвории Васюган ибтидо ёфта, бештар дар пастии Барабин ҷорӣ мешавад. Манбааш асосаи барф. Давраи серобиаш май — июл. Сарфи …

Муфассал »

Дарёи Олекма

0

Олекма, дарёест дар вилоятҳои Чита, Амур ва РАСС Еқутистони РСФСР, шохоби рости дарёи Лена. Саробаш дар нишебиҳои шимоли қаторкӯҳи Мурой (Олёкминский Становик). Аввал ба Шимоли Шарқ ва баъд ба Шимоли Ғарб ҷорӣ шуда, дар наздикии шаҳри Олёкминск ба дарёи Лена ҳамроҳ мешавад. Тулаш 1436 километр, масоҳати ҳавзааш 210 ҳазор километр2. …

Муфассал »

Дарёи Оленёк

0

Оленёк, дарёест дар РАСС Ёқут., қисми болообаш дар кишвари Краснояри РСФСР. Тӯлаш 2292 километр, масоҳати ҳавзааш 220 ҳазор километр2. Аз пуштакӯҳи Вилюй cap шуда, баъди аз қисми шимоли паҳнкӯҳи Сибири Миёнаю пастии Сибири Шимолӣ гузаштан ба халиҷи Оленёки баҳри Лаптевҳо мерезад ва дар резишгоҳаш делта (масоҳат 475 километр2, тӯлаш 20 …

Муфассал »