Маълумоти охирин
Главная / Теги: Биология (страница 4)

Теги: Биология

Пастер Луи

paster-lui

Пастер (Pasteur) Луи (27. 12. 1822, Дол Юра —28. 9. 1895, Виль-нёв-л’Этан, назди Париж), микро­биолог ва химики франсавӣ, асосгузори микробиоло­гия ва иммунологияи ҳозира. Аъзои Академияи Фанҳои Париж (1862) ва академияи тиб- бии Франсия (1873), аъзои фахрии Академияи Фанҳои Петер­бург (1893). Мак­таби олии нормалиро хатм кардааст (1847). Профессори Университетҳои Страс­бург (аз …

Муфассал »

Паладе Ҷорҷ Эмил

palade_jorj_emil

Паладе Ҷорҷ Эмил (таваллудаш 19. 11. 1912, ш. Яссы, Румы­ния), биолог ва тситологи америкоӣ, аъзои АФ миллии ШМА, академияи санъат ва фанҳои Америка. Баъди хатми Университети Бухарест то соли 1946 дар Институти анатомияи ҳамон ҷо кор кардааст. Соли 1946 ба ШМА муҳоҷират карда то соли 1973 мудири шӯъбаи биологии ҳуҷайраи …

Муфассал »

Ортогенез

Ортогенез

Ортогенез (аз юн. orthos — рост ва …генеа), ортоэволюсия, фарзияи биологиест дар бораи роҳи муайяни таҳаввули мавҷудоти зинда. Бино ба ин фарзия инкишофи шаклҳои органикӣ пешакӣ муқаррар гардида, фақат ба роҳҳои муайян ҷараён мегирад (ба мисли афзоиши кристаллҳо дар сатхҳои қатъиян му­айян). Олимони немис Т. Энмер (1888) ва В. Хакке …

Муфассал »

Орнитохория

Орнитохория

Орнитохория (аз юнонӣ ornithos— парранда ва choreo — меравам, паҳн мешавам), тавассути паррандаҳо паҳн шудани мева ва тухми растаниҳост. Як ҷузъи зоохория. Паррандаҳо мева ва тухми растаниҳоро бо чангол ё нӯли худ бурда, дар сӯрохии кундаҳо, зери хасу шиббаҳои лонан худ ва ғайра пинҳон ва захира менамоянд. Тухми растаниҳо дар …

Муфассал »

Органоидҳо

1

Органоидҳо (аз орган ва юнонӣ ei- dos — намуд), структураҳои доимии ҳуҷайраҳои ҳайвоноту растаниҳост. Ҳар як органоид вазифаи муайяни барои ҳуҷайра ҳаётан муҳимро иҷро менамояд. Ҳамин тариқ, ҳар як зуҳуроти фаъолияти ҳуҷайра натиҷаи Органоидҳо аст. Ба Органоидҳо митохондрияҳо, комплекси Голҷи (аппарати тӯршакли дохилиҳуҷайравӣ, ки ташаккули таркибҳои гуногуни дохилиҳуҷайравӣ бо он …

Муфассал »

Организмҳои гетеротрофӣ

1

Организмҳои гетеротрофӣ, гетеротрофҳо, организмҳоеанд, ки барои ғизо пайвастҳои тайёри органикиро истифода мебаранд. Ба Организмҳои гетеротрофӣ тамоми ҳайвонот ва одам, инчунин баъзе растаниҳо (занбӯруғҳо, аксари паразитҳо ва ғайра) ва микроорганизмҳо мансубанд. Вале ба гетеротрофӣ ва автотрофӣ ҷудо кардани растаниҳо ва микроорганизмҳо шартист, зеро ҳатто автотрофҳои типӣ — растаниҳои сабзи фотосинтезкунанда як …

Муфассал »

Организмҳои автотрофӣ

1

Организмҳои автотрофӣ (аз юнонӣ autos — худ ва trophe — хӯрок), организмҳои аутотрофӣ, организмҳоест, ки моддаҳои органикии барои ҳаёт зарурро аз моддаҳои ғайриорганикӣ синтез мекунавд. Ро­ли Организмҳои автотрофӣ дар табиат хеле калон аст. Онҳо тамоми моддаҳои органикиро, ки одам ва қариб ҳамаи ҳайвонҳо синтез карда наметавонанд, ҳосил мекунанд (нигаред Организмҳои …

Муфассал »

Омелянский Василий Леонидо­вич

0

Омелянский Василий Леонидо­вич (10. 3. 1867, Полтава — 21. 4. 1928, Гагра), микробиологи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1923; аъзо-корреспондент 1916). Соли 1890 Университети Петербургро хатм кардааст. Солҳои 1893—1928 дар шуъбаи микробиологияи уму­мии Институти тиббии таҷрибавӣ кор кардааст (аз соли 1912 мудири шуъба). Асосан мақоми микроорганизмҳоро дар гардиши нитроген ва …

Муфассал »

Носиров Юсуф

0

Носиров Юсуф Саидович (таваллуд 24.8.1932, Хуҷанд), биологи советӣ, акад. АФ РСС Тоҷикистон (1981; аъзо-корр. 1966), доктори илмҳои биоло­гия (1966), профессор (1968). Аъзои КПСС аз соли 1955. С.оли 1950 Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст. Солҳои 1954—1960 корманди калони илмӣ, мудири лабораторияи физиологияи растании Институти ботаника ва 1960—1964 мудири Шӯъбаи физиология …

Муфассал »