Маълумоти охирин
Главная / Теги: Биология (страница 3)

Теги: Биология

МЕЛАНОМА

melanoma

МЕЛАНОМА (аз юи. melas, mela- bos — сиёҳ ва oma — пасоянди номи омосҳо), меланобластома, ё моей бадзотест, ки аз ҳуҷайраҳои меланинҳосилкунанда иборат аст. Омилҳои пайдоиши Меланома ҷароҳат ва ҳосилшавии гормонҳо (хусусан дар давраи ба балоғатрасӣ) мебошанд. Меланома бештар дар пӯст ва баъзан дар пардаи шабакияи чашм, пардаи нарии мағзи …

Муфассал »

МЕЛАНОЗ

melanoz

МЕЛАНОЗ (юн. melanosis — сиёҳшавӣ, аз melano — сиёҳ, мешавам), мешавам) меланопатия дар узву бофтаҳо ҳосилшавӣ ва аз даҳ зиёд тақсимшавии пигменти қаҳваранги сиёхтоб ё сиёҳро (аз гурӯҳи меланинҳо) гӯянд, ки дар пӯст, пардаи шабакавии чашм, пардаи мағзи cap мавҷуд аст. Меланоз модарзодӣ ва ғаиримодарзодӣ мешавад. Ба намуди аввал Меланози …

Муфассал »

МЕЙОЗ

meyoz

МЕЙОЗ (аз юн. meiosis — камшавӣ), тақсимшавии тахфифӣ, яке аз типҳои митоз, ки дар натиҷаи он миқдори диплоидии хромосомаҳо то миқдори гаплоидӣ кам мешаванд. Мейоз дар наслҳои оянда боздории маҷмӯи диплои­дии хромосома­ҳо ва комбинацияи нави информацияи ирсиро таъмин мекунад. Мейози ҳайвонотро олими немис О. Гертвиг (1890), Мейози растаниҳоро тадқиқотчии рус …

Муфассал »

МОНОЦИТҲО

monocitho

МОНОЦИТҲО (аз моно… ва юн. kytos — зарф, дар ин ҷо ҳуҷайра), яке аз шаклҳои ҳуҷайраҳои сафеди бедонаи хун — агранулитҳо. Моноцитҳо дар мағзи устухон ба вуҷуд меоянд; одатан ядрои лубиёшакл ва цитоплазмаи сустбазофилӣ доранд. Дар хуни мӯътадили одам 4—8%-и лейкоцитро ташкил медиҳанд. Андозаи Моноцитҳо 12—20 мкм аст. Моноцитҳо қобилияти …

Муфассал »

МОНОГЕНЕЯҲО

monogenizm

МОНОГЕНЕЯҲО (Monogenoidea), як синфи паҳнкирмҳои паразитӣ. Моногенеяҳо ба зерсинфи Моногенеяҳои дараҷаи паст (Polyoncnoinea) ва дараҷаи олӣ (Oli-goncnoinea), ки аз рӯи сохти системаи ҷинсӣ, давраи инкишоф ва ғ. фарқ мекунанд, ҷудо мешаванд. Қариб 2000 намудашон дар тани модӣ, инчунин дар тани обхокиҳо ва хазандаҳо (мас., сангпушт) парзаитона зиндагӣ мекунанд; як намуди …

Муфассал »

МОМОГУЛ

momogul

МОМОГУЛ, гули момо (Campanula), ҷинси гиёҳҳои як-ду ва бисьёрсола, баъзан нимбуттаест аз оилаи момогулиҳо. Поли бешохча ё сершохча, барги бедумча ё думчадор, хӯшагули бисёргула (баъзан якгула), гули пайвастбарги зангӯла ё цифшакли кабуд, осмонранг, баъзан сафед ё бунафш, ғӯзаи 3—5-паллаи сертухм дорад. Зиёда аз 300 намуди Момогул дар минтақаи мӯътадили Нимкураи …

Муфассал »

МИРИ МУШОН

miri-mushon

МИРИ МУШОН (Dryomys nitedu1а), ҳайвони хояндаест аз оилаи GH-ridae. Дарозии танаш то 11 см, думаш дарозу (то 10 см) сермӯй. Рангаш зардчаи бӯр ё хокистарӣ. Мири мушон Дар Европа, Осиёи Ғарбӣ, Марказӣ, Осиёи Миёна паҳн гаштааст. Дар Тоҷи­кистон Мири мушон дар ҳама ҷо (ғайр аз қисми ҷанубу ғарбӣ ва Помири …

Муфассал »

МАГАСҲО

magasho

МАГАСҲО (Muscidae), оилаи ҳашарот аз гурӯҳи дуболаҳо. Дар дуяьд қариб 5 ҳазор намуди онҳо маълуманд. Баданашон тира, баъзан зард ё кабуд ва ё сабзи ҷилодор. Аз 1 то 2 ҳазор (дар давоми умри худ) дона тухм мегузоранд; баъзеашон зиндазо. Кирми Магасҳо дар моддаҳои пӯсидаи органикӣ, нору, баъзан дар бофтаҳои зиндаи …

Муфассал »

МАГНОЛИЯ

magnolia

МАГНОЛИЯ (Magnolia grandifloга), дарахти ҳамешасабзест аз оилац Magnoliaceae. Баландиаш то 30 м. Барги байзашакли дурушти ҷилодор (дарозиаш 12—25 см, бараш 4—12 см), гули сап-сафеди калони хӯшбӯй (диаметраш 10—22 см), баргмеваи ҷалғузашакл (дарозиаш то 12 см» бараш то в см), тухми лубиёшакл (дар ҳар як мевабарга 1— 2-той, вазни 1000-тоаш қариб …

Муфассал »

Пенисилл

penisill

Пенисилл, п е н и с и л л и у м, мағори хӯшамонанд (Реnicillium, як ҷинси занбӯруғҳои номукаммалро гӯянд. Аз миселияи нашвиаш узвҳои конидияоваре месабзанд, ки қисми болоии онҳо хӯшавор шох ронда, спораҳои якҳуҷайрагии рангии (конидияҳо) ҳосил мекунанд. Қариб 250 намудаш маълум аст. Пенисилл маҳсулотро вайрону бофтаҳои ҳайвоноту растаниро …

Муфассал »