Маълумоти охирин
Главная / Теги: Бемориҳо (страница 4)

Теги: Бемориҳо

Офталмо

oftalmo

Офталмо (аз юнонӣ ophtalmos — чашм), қисми калимаҳои мураккаб, ки ба чашм, бемориҳои чашм (маслан, офталмология) мансубанд.

Муфассал »

Отосклероз

otoskleroz

Отосклероз (аз .ото… ва скле­роз) як навъ дарди гӯшро гӯянд, ки дар натиҷаи он бофтаи зичи устухонии ғилофаки гӯш ба бофтаи ковоки исфанҷӣ табдил меёбад. Аз Отосклероз аксар вақт устухони назди сӯрохии байзашакли гӯши миёна иллат мебинад; ба замми ин бофтаи ковоки не­фанҷӣ рикобакро дар сӯрохии байзашакл батамом мепӯшад. Дар …

Муфассал »

Отит

otit

Отит (аз юнонӣ otos — гӯш), навъ газани гӯшро гӯянд. Аз он# қисмҳои гӯши берунӣ, миёна ва дарунй иллат меёбад. Отити гӯши бе­ру н ӣ (суфраи гӯш, роҳи берунии сомеа) дар натиҷаи пайдо шудани пучак, шукуфа, ба сӯрохии гуш ворид шудани ҷисми бегона, чирк гирифтанн роҳи сомеа, инчунин – таъсири …

Муфассал »

Оташак

otashak

Оташак, қарҳаи з ӯ ҳ р а в ӣ, реши нарм (Ulcus нише), дарди гузарандаи зӯхравӣ ё ҷимоӣ, ки аз сирояти стрептобасиллаи Петерсен- Дюкрей-Унна асосан баъди алоқаи ҷинсӣ ба вуҷуд меояд. Падидаҳои Оташак ба сифилис (бемории куфт ё оби­дам фарангӣ) шабоҳат дорад; аз ин сабаб ин ду дардро вақтҳои пеш …

Муфассал »

Осур

Осур (ар. — фишурдашаванда), бемориеро гӯянд, ки шахси ба он гирифтор ҳангоми бедорӣ дар са­ри синааш сузиш ва вазнинӣ ҳис мекунад.

Муфассал »

Остеосинтез

osteosintez

Остеосинтез (аз остео… ва синтез — часпонидан), ҷарроҳиест, ки дар он шикастапораҳои устухонро (ҳангоми шикасти устухон) бо лавозимоти махсус (мех, винт, лавҳачаҳои устухонӣ) мепайванданд.

Муфассал »

Остеопороз

osteoporoz

Остеопороз (аз остео… ва юнонӣ рогоз — сурохӣ, масона), тунукшавии қабатҳои исфанҷӣ ва қишрии устухонро гӯянд. Остеопороз дар натиҷаи қисман ҷаббида шудани моддаҳои устухон (аксаран ҳангоми пиронсолӣ, шикастани устухон, полиомие­лит, остеомиелит, илтиҳоби буғумҳо» Заҳролудшавӣ ва ғайра) ба амал меояд. Остеопорозро бо усули рентгенологи ошкор менамоянд. Остеопороз баъди муолиҷаи бемориҳои асосӣ …

Муфассал »

Остеомиелит

osteomielit

Остеомиелит (аз остео… ва юнонӣ myelos — мағз), просесси газакги-рандаю сирояткунандаест, ки аввал як қисми мағзи устухон ва сонӣ унсурҳои бофтаҳои устухонро фаро ме­гирад. Остеомиелит ду хел мешавад; ғ а й р и  м а х с у с (коккҳои фасодовар ва баъзан бактерияҳои рӯда ба вуҷуд меоранд) ва махсус …

Муфассал »

Остеомалясия

osteomalysiya

Остеомалясия (аз остео… ва юнонӣ malacia — нармӣ, сустӣ), бемо­рии бофтаҳои устухон, ки боиси нарм гаштан ва шаклан тағйир ёф­тани устухон мегардад. Остеомалясия дар одам (аксар вақт дар занҳо ҳангоми ҳомиладорӣ) ва ҳайвон дар натиҷаи вайрон шудани мубодилаи минерали (масалан ҳангоми норасоии намакҳои калсию кислотаи фосфат ва витамини Д дар …

Муфассал »

Остеодистрофия

osteodistrofiya

Остеодистрофия (аз юнонӣ остео… ва дистрофия), як гурӯҳ бемориҳои бофтаи устухонро гӯянд, ки дар натиҷаи вайроншавии просесси мубодилаи моддаҳо ба вуҷуд меоянд. Ҳангоми Остеодистрофия сохти устухони қисмҳои гуногуни скелет тағйир меебад. Остеодистрофия паратиреоидӣ, деформасиякунанда, ҷузъии фиброзӣ, токсикӣ (заҳрӣ) ва ғайра мешавад. Аз инҳо танҳо ду шакли аввалаи Остеодистрофия бештар маъмул …

Муфассал »