Маълумоти охирин
Главная / Теги: Бемориҳо (страница 3)

Теги: Бемориҳо

Патология

patalogiya

Патология (аз пато… ва …ло- гия), илмест дар бораи бемориҳо, пайдоишу ҷараён ва оқибати онҳо. Патология таърихи хеле қадим дорад. Ҳанӯз дар давраҳои ибтидоӣ рӯй до­дани бемориро ҳодисаи фавқуттабиа ва амри илоҳӣ медонистанд. Баъдтар дар тиб назарияи гуморалӣ (хилтӣ) ба миён омад, ки он пайдоиши бемо­риро натиҷаи вайроншавии таносуби мӯътадили …

Муфассал »

Патогенез

patogenez

Патогенез (аз пато… ва …генез), таълимотест дар бораи тарз ва тариқи пайдоиш, инкишоф ва андоми беморӣ; як соҳаи илми патоло­гия. Масъалаҳои аз чӣ (этиология) ва чи тавр (патогенез) пайдо шудани касалӣ бисёр мароқангез ва муҳим буда, аз қадимулайём фикру зикри табибонро ба худ мекашанд. Дар худи аҳди деле қадим (то …

Муфассал »

Пато

pato

Пато (аз юнонӣ pathos — азият кашидан, беморӣ), қисми калимаҳои мураккаб, ки ба беморӣ оид буданро ифода мекунад (масалан. патогенез, патология).

Муфассал »

Пастереллёз

Пастереллёз, септисемияи геморрагӣ, касалии сироятии ҳайвонот ва одам, ки бо септисемия ва илтиҳоби пардаи луобии роҳи нафас ва рудаҳо, инчунин варами шуш ва ғайра зоҳир мешавад. Бактерияҳо (пастереллаҳо) меангезанд. Манбаи ангезандаи Пастереллёз— ҳайвоноти касал. Ҳарорати ҳайвони касал баланд, камиштиҳо, набзу нафасгириаш тез ме­шавад; ҳангоми осеби сахти узвҳои нафас аз бинӣ …

Муфассал »

Парсут

parsut

Парсут бемориест, ки баъзе занон баъди таваллуд гирифтор мешаванд. Парсут чанд хел мешавад: баъзеро таби сабук мегирад; баъзеро таом дар меъда ҳеҷ ҳазм нашуда мемонад ва баъзан ба исҳол фуромада меравад. Дар натиҷаи ин бемор рангзард, заиф ва лоғар гардида ба ягон ғизое рағбат намекунад ва иш- тиҳояш тамоман баста …

Муфассал »

Пажмурда

pajmurda

Пажмурда, касалиест, ки дар барг, шоха ва дигар уавҳои растанӣ пайдо мешавад ва сабабаш сустии тургор аст; аксаран дар рӯи барг доғҳо пайдо мешаванд. Ҳангоми аз микроорганизмҳои паразит (бакте­рия, занбӯруғ, баъзан вирус ва микроплазмаҳои иллатнок шудани узвҳои растанӣ, ҳамчунон, дар натиҷаи осеби механикии реша, бухори бошиддати оби баргҳо, нарасидани об …

Муфассал »

Оқуно

Оқуно дар тибби қадими Шарқ номи бемориест, ки аз сабаби бошиддат будани таҳайюҷи шаҳвонӣ ё илтиҳоби хусяҳо (хояҳо) олоти таносул ва пайчҳои дохилин он зуд-зуд варам кунанд.

Муфассал »

Оқсил

oksil

Оқсил, як навъ касалии сироятии ҳайвонҳои ҷуфтсум. Нишонаҳояш пайдоиши обила ва малхидани пардаи луобии даҳон, сина ва байни сумҳо. Оқсил тез паҳн мешавад, ҳайвонҳои як мамлакат ва ҳатто як қитъаро саросар фаро гирифта метавонад. Ба хоҷагии қишлоқ зарари калони иқтисодӣ ме- расонад (ҳайвонҳо каммаҳсул мешаванд, ҷавонаҳо мемиранд). Ҳозир 7 тип …

Муфассал »

Офтобзанӣ

oftobzani

Офтобзанӣ, с а м ҳ, задани офтоб, о ф т о б з а д а гӣ, беморин шадиди одам ва ҳайвонот, ки ҳангоми таъсири бевоситаи нурҳои офтоб ба сар фаъолиятн майна вайрон мешавад. Дарди cap, қай, беҳолӣ, ҳарорати баланд (баъзан зиёда аз 40° Селсия), ихтилоли набз, нафаскашӣ, ташаннуҷ, ҳаяҷон …

Муфассал »