Маълумоти охирин
Главная / Теги: Астрономия (страница 4)

Теги: Астрономия

СОЛИ СИДЕРӢ

new-stars

СОЛИ СИДЕРӢ (аз лотиниӣ solidus ғализ ва olium — ситора, ҷирми осмони), соли ситорагӣ, фосилаи вақтест, ки дар давоми он Офтоб нисбат ба ситораҳо ҳаракат намуда, ба мавқеи аввалазш бармегардад. Соли сидерӣ бадаври гардиши пурраи Замин дар гирди Офтоб (нисбат ба ситораҳо) баробар мебошад. Соли сидерӣ ба ҳисоби миёна ба …

Муфассал »

СОЛИ ГАЛАКТИКӢ

soli-galaktiki

СОЛИ ГАЛАКТИКӢ, фосилаи вақтест, ки дар муддати он системаи Офтоб атрофи маркази Галактикаро як маротиба давр зада мебарояд; Соли галактикӣ тақрибан ба 180 милион сол баробар аст.

Муфассал »

СОЛ

СОЛ, фосилаи вақтест, ки тақрибан ба як даври гардиши Замин дар атрофи Офтоб баробар меояд. Аз қадимулайём ин ҷониб ду мафҳуми Сол—соли шамсӣ (ё табиӣ) ва соли қамарӣ (ё истилоҳӣ) маълум аст, ки зимнан дар байни аксар халқу кишварҳои дунё интишор ёфтааст. Тавсифи илмии ин солҳоро Абурайҳони Берунӣ дар нахустин …

Муфассал »

СИЯҲЧОҲ

siyahchoh

СИЯҲЧОҲ, коллапсар, як объекти хоси (физикиро гӯянд, ки дар натиҷаи коллапси гравитационӣ та- шаккул меёбад. Сияҳчоҳро соли 1939 физики америкоӣ Р. Оппенгеймер бо ҳамкоронаш назариявӣ кашф карда буд. Он вақт физикҳо донистан мехостанд, ки Офтоб ва диг. ситораҳо ин қадар энергияи бузургро аз куҷо мегиранд. Ин муамморо як сол пеш …

Муфассал »

СИТОРАҲОИ ДУҚӮША

star-5

СИТОРАҲОИ ДУҚӮША, ду ситораи ба ҳам хеле наздикро гӯянд, ки дар фазо як системаи физикио томро ташкил медиҳанд ва бо якдигар бо қуъваҳои ҷозибаи мутақобила алоқаманданд. Компонентаҳо дар гирди маркази умумии масса аз рӯи мадори эллипсӣ давр зада якҷоя дар Галактика ҳаракат мекунанд. Ситораи дуқӯша ҳолати хусусии ситораҳои карагӣ мебошанд. …

Муфассал »

СИТОРАҲОИ НАВ

new-stars

СИТОРАҲОИ НАВ, ситораҳоеро гӯянд, ки равшаноиашон якбора афзуда, баъд тадриҷан кам мешавад. Равшаноӣ аз 1—2 с (С. н.-и баланд- суръат) то янчанд шаборӯз (Ситораи нави пастсуръат) мушоҳида мешавад. Баъди якчанд сол равшаноии Ситораҳои нав кам шуда, ба равшанони аввала баробар мешавад. Дар замонҳои қадим ситораҳои тобишашон баландшудаи дар осмои намоёнгаштаро …

Муфассал »

СИТОРАҲО

star

СИТОРАҲО, як навъ ҷирмҳои мунири осмониро гӯянд, ки аз газҳои тафсон таркиб ёфтаанд ва табиатан ба Офтоб монанданд. Офтоб ҳам ситора буда, аэ он сабаб ба наэари мушоҳид хеле калон (нисбат ба Ситора) менамояд, ки ба Замин хеле наздик аст. Агар рушноӣ аэ Офтоб то Замин баъд аэ 8,33 дақиқа …

Муфассал »

СИТОРАИ ҚУТБ

sitora

СИТОРАИ  ҚУТБ, ситораи қутбӣ, а-и Дубби Асғар, ситораи равшанест, ки қадри ситоравиаш ба 2 баробар аст. Дар наздикии Қутби Шимолии олам воқеъ гардидааст ва аз ҳамин сабаб барои муайян кардани самти Шимол ва арзи география мавзеъ қулай мебошад. Дар осмон Ситораи қутбро аз рӯи схемаи дар расм нишопдодашуда ёфтан мум- …

Муфассал »

СИТОРАИ ДУМДОР

СИТОРАИ ДУМДОР  номи халқии комета. Намоён шудани онро қадимиён аломати рӯй додани ягон ҳодисаи наҳс медонистанд. Дар ашъори шоирони классикии форс-тоҷик Ситораи думдор чун рамзи бадӣ ва бехосиятӣ истифода шудааст.   Мисвоки зоҳид аз сари ӯ дур мекунам, Дандони ин ситораи думдор мекашам. (Сайидо)

Муфассал »