Маълумоти охирин
Главная / Теги: Адабиёт (страница 5)

Теги: Адабиёт

ШАҲРОШӮБ

sher

ШАҲРОШӮБ, шаҳрангез, як навъ шеърест ҳаҷман хурд, мазмунан шух ва шурангез. Дар давраҳои гуногуни адабиёти форс-тоҷик расм шуда буд. Дар аввалин Шаҳрошӯбҳо соҳибмансабону амалдорони шаҳр фош карда мешуданд. Дар сарчашмаҳо номи чаҳор шоири а. 16 зикр шудааст, ки ин гуна шеърдҳои ифшогар навиштаанд: Муҳаммадҳошим ва Ҷалолуддин Муҳаммади Огаҳии Хуросонӣ, Воҳиди …

Муфассал »

ЧИСТОН

question

ЧИСТОН, яке аз жанрҳои эҷодиёти даҳанакии халқ аст, ки ба шакли савол сохта шуда, дар он лавҳаҳои ҳаёт, хусусияту сифатҳои ашё ва ҳодисаҳои зиндагӣ қиёсан васф мешавад. Чистон дар қадим ба расму оинҳое, ки гуфтани номи аслии ашё ва ҳодисаҳоро манъ мекарданд (табу), вобаста буд. Баъдтар аҳамияти иҷтимоӣ пайдо кард. …

Муфассал »

«СОМНОМА»

book-5

«СОМНОМА» достони хамосии бузург (20. ҳазор байт) мансуб ба Сайфии Ҳиравӣ (соли таълиф —1307). Аз ин достон ягон нусха то замони мо нарасидааст, вале аз маълумоти тазкиранависон ва асари дигари Сайфии Ҳиравӣ — «Таърихномаи Ҳирот» (дар ин асар намунаҳои «Сомнома» дарҷ гардидаанд) бармеояд, ки «Сомнома» баёни воқооти таърихии аввали асри …

Муфассал »

«СОМНОМА»

shohnoma

«СОМНОМА» достони манзумест, ки дар он аз корнамоиҳои Соми Наримон сухан меравад. Дар охири асри 13— аввали асри 14 таълиф ёфтааст. Азбаски дар хотимаи баъзе нусхаҳои хаттии он исми Хоҷу омадааст, ба Хоҷуи Кирмонӣ нисбат дода мешавад ва аз ҷиҳати сабку тарзи баён ба маснавиҳои ӯ наздикӣ дорад. «Сомнома» аз …

Муфассал »

Соми Наримон

shohnoma

СОМ Соми Наримон, яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, падари Зол, бобои Рустам; аз паҳлавонони Систон, ҳукмдори Бобулистон буд, ки бо даъвати Фаридун ба дарбор омад ва муддате сарварии лашкарро ба ӯҳда дошт. Дар замони ҳукмронии Манучеҳр низ амалиёти ӯ чун паҳлавони ҷангӣ идома кардааст. Дар «Шоҳнома» достони Сом ва корнамоиҳои …

Муфассал »

СЕҲРИ ҲАЛОЛ

СЕҲРИ ҲАЛОЛ (арабӣ сеҳр—афсун, изҳори чизи аҷоибу ғароиб; ҳалол—савоб, раво), санъати бадеии маънавист, ки мувофиқи он калима ва ë ибораи дар байт овардашуда ҳам бо маънии таркиби пешин ва ҳам бо маънии таркиби пасин алоқаманд аст. Масалан: Ҳаст дар ман оташе равшан намедонам, ки чист? Ин қадар донам, ки ҳамчун шамъ мекоҳам …

Муфассал »

Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ

Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва адиби эронӣ (охири асри 16 – ибттдои асри 17). Дар зодгоҳаш – Қазвин илмҳои мутадовилаи замонашро омӯхт ва ба шеъру шоирӣ дар синни камолот майлу рағбат пайдо намуд. Дар 19-солагӣ ба Машҳад омад ва аз он ҷо ба Ҳиндустон рафт. …

Муфассал »

Абдуманнонов Абдураҳмон

Абдуманнонов Абдураҳмон (таваллудаш 6. 4. 1947, ноҳияи Бӯстонлиқи Ӯз­бекистон), адабиётшинос, мунаққид ва тарҷумони тоҷик. Хатмкардаи УДТ (1968). Ходими илмии Институти шарқшиносии АИ РСС Тоҷикистон (1972 – 1975), муҳаррири калони илмӣ ва мудири редаксияи таърихи Сарредаксияи илмии ЭСТ (1975 – 1978), ходими илмӣ, муовини директори ИЗА (1979 -1991), муовини раиси ИН …

Муфассал »

Абдулҷаббори Xуҷандӣ

Абдулҷаббори Xуҷандӣ (соли таваллудаш номаълум – вафот 1219, Хуҷанд), мунаҷҷим ва шоири тоҷик. Оид ба ҳаёташ маълумот нест. Аз Абдулҷаббори Xуҷандӣ аса­ри манзуми нуҷумии «Ал-мадхал-ул- манзум фи аҳком-ин-нуҷум» («М адҳали манзум дар аҳкоми нуҷум») то замони мо расидааст. Ин асар дар байни аҳли адаб маъруф буд ва ба он мунаҷҷимони …

Муфассал »

Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ

Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ (1831/1832, Ургут – 1912, ҳамон ҷо), хаттот ва шоири тоҷик. Яке аз чаҳор нафар ихтироъкорони навъҳои хати настаълиқ. Услуби хаттотии се нафари аввал (Мавлавӣ Соқӣ Муҳаммад, Сиддиқхони Дарахтӣ, Сиддиқхони Иштихонӣ)-ро минбаъд чандин хушнависон пайравӣ ва аз худ кардаанд, вале тарзу услуби Абдулҷабборро ҳарчанд кӯшида бошанд ҳам, касе …

Муфассал »