Маълумоти охирин
Главная / Теги: Адабиёт (страница 30)

Теги: Адабиёт

Тазкираи «Ништари ишқ»

0

«Ништари ишқ» тазкираест, ки Ҳусайнқуллхони Азимободӣ соли 1918/19 дар Ҳиндустон таълиф кардааст. Аз муқаддима ва 28 боб (мувофиқи ҳуруфи алифбои арабӣ) иборат аст, ки муаллиф онҳоро «ништар» номидааст. Дар муқад­дима муаллиф аз нияти тартиб до­дани тазкира, аз сафарҳову мулоқотҳояш бо шоиру нависандагони муосир, ҷамъоварии намунаҳои ашъори шоирон ҳикоят мекунад. Ҳусайнқуллхони …

Муфассал »

Нишоти Исфаҳонӣ

Нишоти Исфаҳонӣ (1761/62, Исфаҳон — 1828/29), шоири эронӣ. Айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоиаш дар зодгоҳаш гузаштааст. Ба забон ва адабиёти форси дилбастагӣ дошт ва дар ин ду фан дониши кофӣ андӯхт. Забонҳои арабӣ ва туркиро ҳам ба хубӣ аз худ намуд; дар илмҳои мантиқ, риёзӣ ва улуми динӣ аз саромадони …

Муфассал »

Нисорӣ

Нисорӣ (тахаллус, номаш Баҳоуддпн Хоҷаҳасан ё Ҳасанхоҷа; 1516, Бухоро —1597, ҳамон ҷо), шоир ва олими тоҷик. Аз оилаи Сайид Подшодхоҷаи адиб. Нисорӣ дар оила са­вод бароварда, дар муҳити илмию адабии Бухоро ба камол расидааст. Чанд муддат дар Балх, Қазвин, Машҳад, Ҳирот ва дигар шаҳрҳои Оси­ёи Миёнаю Хуросон таҳсил карда, аксар …

Муфассал »

Нисории Тунӣ

Нисории Тунӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1560, Тун), шоири форс-тоҷик. Аз Гунободи Хуросон. Дар ҳамон ҷо хату савод бароварда, барои таҳсил ба шаҳри Тун рафт ва то охири ҳаёт он ҷо монд. Дар илми нуҷум ва ҳайат маҳорати том доштааст. Бештар рубоӣ, қитъа, муаммо ва маснавӣ гуфта, дар сарчашмаҳои …

Муфассал »

Нирала Сурякант Трипатҳи

0

Нирала Сурякант Трипатҳи (1896 — 15. 10. 1961, Оллоҳобод), нависандаи ҳинду. Яке аз асосгузорони ҷараёни романтикии чҳаявад. Баъдтар дар эҷодиёти Нирала ба ҷои ало- матҳои романтизм унсурҳои реалистӣ пайдо шуданд. Назми Нирала содда, фаҳмою равон буда, одатҳои иҷтимоию танқидӣ дар насраш қавист. Асарҳои асосиаш: маҷмӯаҳои ашъо- ри «Беном» (1923), «Баргҳои …

Муфассал »

Нимо Юшиҷ

1

Нимо Юшиҷ Алӣ Исфандиёрӣ (1895, деҳаи Юши Мозандарон —6. 1. 1960, Теҳрон), шоири эронӣ, асосгузори ҷараёни «шеъри нав» дар Эрон. Хату саводро аз муллоҳои зодгоҳаш омӯхт. Дар 11-солагӣ ба Теҳрон рафта, дар коллеҷи франсавии Сен-Луи таҳсил кард. Забонҳои франсавӣ, арабӣ ва асосҳои сарфу наҳви забони форсиро аз худ намуд, фалсафаи …

Муфассал »

Николаевна Галина Евгеневна

0

Николаевна (тахаллусаш; фам. В о л я н с к а я) Галина Евгеневна (18. 02. 1911, деҳаи Усманка, ҳозира райони Мариини вилояти Ке­мерово —18. 10. 1963, Москва), на­висандаи советии рус. Аз оилаи муаллим. Институти тиббии шаҳри Горкийро хатм кардааст (1935). Аз соли 1939 дар жанрҳои гуногун қувваозмоӣ кардааст (маҷм. …

Муфассал »

Низории Қаҳистонӣ

Низории Қаҳистонӣ Саъдуддин ибни Шамсуддин ибни Муҳаммад (1247, Бирҷанди Қаҳистон— 1320, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Пас аз хатми Мад­раса ба хидмати маъмурии фармондори Қаҳистон даромада, борҳо ба Хуросон, Рай, Сиистон ва Қаҳистон сафар мекунад, шаҳру деҳот ва мардуми аз асорати муғул ба дод омадаро мебинад. Ин ҳама дар эҷодиёти Низории …

Муфассал »

Низомуддини Астарободӣ

Низомуддини Астарободӣ (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум) ; шоири охири асри 15 — аввали асри 16. Дар Ҳирот рӯз гузаронида, ба Ҳусайни Бойқаро, Алишери Навоӣ ва амиру ҳокимони дигар қасидаҳо бахшидааст. Навоӣ дар «Маҷолис-ун- нафоис» ба қасидаҳои Низомуддини Астарободӣ, махсусан ба як қасидаи «Баҳория»-и ӯ баҳои баланд додааст. Девони Низомуддини …

Муфассал »

Низомуддин Мавлоно Маҳмуд

Низомуддин Мавлоно Маҳмуд ибни Амираҳмади Қории Яздӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 15 форс-тоҷик. Доир ба тарҷумаи ҳол ва таҳсилоташ тазкираҳо маълумот надодаанд. Низомуддин дар Шероз умр ба cap бурдааст. Вай ба монан­дн Абуисҳоқи Атъима дар шеър сабку услуби нав ба миён овардааст. Дар ашъораш номи либосҳо ва …

Муфассал »