Маълумоти охирин
Главная / Теги: Адабиёт

Теги: Адабиёт

САФИНА

book-1

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман дар шаб давом ҳамчун сафина дар халиҷ, Ман бар ӯ собит чунон чун бодбон андар суфун. 2) дафтари шеър, баёз, маҷмӯаи ашъор ва ғайра: Чунончи, Ҳофиз гуфтааст: Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал …

Муфассал »

САФАРНОМА

dnevnik

САФАРНОМА – як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуpаштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба мавзӯи сафар асос ёфтаост. Сафарнома аз қадим баробари нақлу ривоятҳо вуҷуд дошт ва дар зимни онҳо эҷод мешуд. Сафарномаи давраҳои атиқа, асри миёна ва Эҳё арзиши илмӣ, маърифатӣ ва бадеӣ дорад (асари «Таърих»-и Геродот, «География»-и …

Муфассал »

РӮДАКӢ Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад

rudaki

РӮДАКӢ Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад (858, Деҳаи Рӯдак, ҳозира Панҷрӯди pайони Панҷакент —941, ҳамон ҷо), шоир, асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик. Бачагиаш дар деҳаи хурди номашҳури канори силсилаи кӯҳҳои Зарафшон гузаштааст. Дар ин ҷо ӯ аз халқ суруду мусиқӣ меомӯхт, аз манзараҳои рангини табиат ва рӯзгори мардуми меҳнатдӯсти кӯҳистон илҳом мегирифт. …

Муфассал »

РУҶУЪ

book-1

РУҶУЪ (арабӣ бозгашт, муроҷиат), як навъ санъати бадеии маънавӣ, ки дар назми гузашта ва имрӯзаи тоҷик бисёр дида мешавад. Руҷуъ он аст, ки шоир барои пуртаъсиртар баромадани суханаш бо тааҷҷуб зидди фикр, ибора, ташбеҳ ва истиораи аввал баромада, таркиб, ибора ва образи дигар меорад. Дар натиҷа қувват ва таъсири фикру …

Муфассал »

РУҶУИ ЛИРИКИ

book-1

РУҶУИ ЛИРИКИ, нутқ ё як навъ сухани лирикии муаллиф, ки муносибати ӯро ба объекти тасвир иишон медиҳад. Нависанда дар рафти тасвир аз нақли ҳодисаҳо бозистода, фикру мулоҳиза ва ҳиссиёту ҳаяҷонашро, ки аз ҷараёни воқеаҳо ва рафтору кирдори одамон ҳосил шудааст, баён мекунад. Ҳамин баёни фикру ҳиссиёти муаллиф, ки аз сюжети …

Муфассал »

РУҚАОТ

book-5

РУҚАОТ (аз арабӣ — порчаи коғаз), маҷмӯи мактубҳои адибон, ки дар девон ё куллиёти онҳо ҷой дода мешуданд. Масалан, «Руқаот»-и Ҷомӣ, Навоӣ, Бедил, Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб ва ғайра мактубҳои ба шахсони расмӣ ва дӯстони худ навиштаи ин шоиронро дар бар мегиранд. Дар Руқаот мазкур маълумоти тарҷумаиҳолӣ, назари муаллиф дар хусуси …

Муфассал »

РИСОЛАИ КОСИБОН

РИСОЛАИ КОСИБОН, рисола (устав)-и навишта ё нонавиштаест, ки доир ба пайдоиши касбу ҳунари мухталиф, қоидаи қабули шогирд, сохти касаба, маълумоти гуногун медиҳад. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар шаҳрҳои Осиёи Мйёна косибону ҳунармандон ба касаба (ҷамъиятҳои пешаварон) муттаҳид мешуданд, ки онҳо рисолаи хосса доштанд. Рисолаи косибон вобаста ба касбу ҳунари …

Муфассал »

РИСОЛА

books

РИСОЛА (арабӣ — фиристодашуда, нома, мактуб), асари начандон калони илмии назариявӣ, ки аз як масъалаи илмӣ ва қонуниятҳои як илм — математика, астрономия, химия, тиб, арӯз, қофия, бадеъ, мусиқӣ ва ғайра баҳс мекунад. Рисолаи илмиӣ дар таърихи илму адаби форс-тоҷик ба забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ, мах-сусан, аз асри 10 маъмул …

Муфассал »

РИНДИЯ

book-1

РИНДИЯ рӯҳияи озодандешии шоирон ва мутафаккирони клас- сикии форс-тоҷик дар замони феодалист. Баробари зуҳуроти дигар тамоюлҳои зиддидинӣ як навъ эътирози иҷтимоие буд. Шоирони ринд дар заминаи нобаробариҳои иҷтимоӣ ба танқиди хурофоти динӣ, мазаммати ҷаҳолат, тарки дунё ва гӯшанишинӣ, урфу одат ва таассуби динӣ пардохтаанд. Дар эҷодиёти шоирони Риндия ба ғайр …

Муфассал »

РИВОЯТ

books

РИВОЯТ (арабӣ-нақл кардани сухан ё хабар аз қавли касе; дос- тон, қисса), ҳикояти даҳонакии халқист, ки дар асоси он образи хаёлӣ (фантастнкӣ) ва тасаввурот қарор дорад; аз тарафи гӯянда ва шуна- ванда он ҳақиқӣ шуморида мешавад. Дар Ривоятҳо аз рӯйдодҳову воқеоти гузашта имрӯза ва оянда сухан меравад. Ривоятҳои халқии тоҷикиро …

Муфассал »