Маълумоти охирин
Главная / Теги: Қаҳрамон

Теги: Қаҳрамон

САНДИНО Аугусто Сесар

САНДИНО Аугусто Сесар (18. 5. 1895, Никиноомо, департаменти Масая — 21. 2. 1934, Манагуа), қаҳрамони миллии халқи Никарагуа, генерал (1926). Аз оилаи деҳқон. Борҳо касб иваз намуда, ниҳоят дар ҷустуҷӯи кор ватанро тарк ва дар конҳон Гондурас, Гватомала, саноати нефти Мексика кор кард. Соли 1926 ба ватан бозгашза, ба муборизаи …

Муфассал »

САЛАВАТ ЮЛАЕВ

САЛАВАТ ЮЛАЕВ (16. 6. 1752, деҳаи Текеево, ҳозира райони Салавати РАСС Бошк.—8. 10. 1800, бандари Рогервики Балтика, ҳозира шаҳри Палдиски РСС Эст.), қаҳрамони халқи бошқирд, ҳамсафи Е. И. Пугачёв, шоири баҳсҳагӯй. Октябри 1773 ӯро бо отряди стерлитамакҳо ба мудобили Пугачёв сафарбар карданд, аммо Салават Юлаев ба тарафи шӯришгарон гузашт. Пугачёв …

Муфассал »

ФЕДИН Андрей Трофимович

ФЕДИН Андрей Трофимович (16. 7. 1893—10. 1938), қаҳрамони ҷанги гражданӣ, иштирокчии фаъоли сохтмони сосиалисти дар Тоҷикистон. Аъзои КПСС аз соли 1918. Аввал челонгар буд. Аз феврали 1918 дар сафи Армияи Сурх. Дар ҳайати Дивизияи 2-юми савора дар Бухоро бар зидди босмачиён мубориза бурд. Аз апрели 1925 комиссари Бригадаи 7-уми махсуси …

Муфассал »

ТАЛҲАК

afandi

ТАЛҲАК, ЯКЕ АЗ қаҳрамонони ҳикоёту латифаҳои халқии тоҷикӣ, шахси ширинкору базлагӯй. Дар бораи шахсияти Талҳак замони зиндагӣ ва пайдоиши латифаву ҳикоятҳои халқӣ дар бораи ӯ маълумоти саҳеҳ ба даст наомадааст. Якчанд ҳикояту латифаҳоро аз номи Талҳак ва бо иштироки ӯ Убайди Зоконӣ дар рисолаи «Дилкушо» ҷамъ овардааст. Мувофиқи ин ҳикоёт …

Муфассал »

ҚАҲРАМОНӢ

kahramoni

ҚАҲРАМОНӢ, иҷрои амали дорои аҳамияти ҷамъиятиро гӯянд ба манфиати омма нигаронида шуда, мардонагию шуҷоати шахсӣ ва фидокориро талаб мекунад. Роли Қ. аввал дар шакли хеле соддаи тафаккури ахлоқӣ ба вуҷуд омада, минбаъд мавзуи асосии достонҳои Қ. ва маросимҳои базмию размӣ гардид. Дар ҷамъияти истисморӣ он манфиати синфи ҳукмрон (террор, задухурди …

Муфассал »

ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТИ СОЦИАЛИСТӢ

kahramoni-mehnati-s

ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТИ СОЦИАЛИСТӢ, дар СССР унвони фахрӣ, дараҷаи олии мукофотест, ки барои хизмати барҷастаи давлатӣ дар соҳаи сохтмони хоҷагӣ, маданӣ, фаъолияти сиёсӣ, инкишофи илму техника дода мешавад. Он дар СССР с. 1938 ҷорӣ шуд. Унвони Қ. М. С.-ро Президиуми Совети Олии СССР бо ордени Ленин, медали тиллоии «Дос ва Болға» …

Муфассал »

ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТ

kahramoni-mehnati-s

ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТ, унвонест, ки 27 июли 1927 КИМ ва СКХ-и СССР таъсис кардааст. Ба шахсоне дода мешуд, ки дар соҳаи истеҳсолот, фаъолияти илмӣ, давлатӣ ё ҷамъиятӣ хизматҳои махсус дошта, зиёда аз 35 сол коргар ё хизматчӣ шуда кор кардаанд. Мувофиқи Укази Президиуми Совети Олии СССР (27 дек. 1938) «Дар бораи …

Муфассал »

ҚАҲРАМОНИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ

efd40ac173

ҚАҲРАМОНИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ, унвони олии фахрӣ, ки аз с. 1934 барои хизматҳои барҷаста ва корнамоӣ ба нафъи ҷамъият ва давлат дода мешавад. Ин унвонро Президиуми Совети Олии СССР бо ордени Ленин, медали «Ситораи тилло» ва Грамотаи Президиуми Совети Олии СССР медиҳад.

Муфассал »

ҚАҲРАМОНИ АДАБӢ

shohnoma

ҚАҲРАМОНИ АДАБӢ, иштироккунандаи асосии воқеаҳои асари бадеист, ки дар инкишофи воқеаҳо, хати сюжет таъсир дошта, хулчу хислаташ ҳартарафа тасвир мешавад. Баробари Қ. а. мафҳумҳои персонаж, характер, тип ва образи бадеиро истифода мебаранд, вале бештар зимни Қ. а. шахсоне дар назар дошта мешаванд, ки хислатҳои ботинию зоҳирӣ, мубориза ва мақсаду мароми …

Муфассал »

ҚАЙЮМОВ Қудрат

ҚАЙЮМОВ Қудрат (с. тав.номаълум — ваф. 12. 9. 1943, деҳаи Оболоньеи p-ни Копрони вил. Чернигов), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1943), сержант. Пеш аз ҷанг дар к-зи «Сохтмони Вахш»-и собиқ p-ни Октябрь (ҳоло р-ни Вахши вил. Қурғонтеппа) кор мекард. Ҳангоми cap шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ба сафи Армияи амалкунанда даъват шуд. …

Муфассал »