Маълумоти охирин
Главная / Теги: қаторкӯҳ

Теги: қаторкӯҳ

Қаторкӯҳи САФЕДХИРС

САФЕДХИРС, қаторкӯҳест дар шимоли шарқи Афғонистон, дар музофоти Бадахшон. Ба системаи кӯҳҳои Ҳиндукуш дохил мешавад. Интиҳои шимолии қаторкӯҳи Хоҷамуҳаммад буда аз водии дарёи Кӯкча (дар Ҷануб) то водии дарёи Панҷ (дар Шимол) ба масофаи тақрибан 230 километр тӯл кашидааст. Бараш то 60—70 километр. Баландиаш ба ҳисоби миёна 3000—5000метр. Қуллаҳои маъмулаш …

Муфассал »

Қаторкӯҳи САФЕДКӮҲ

САФЕДКӮҲ, қаторкӯҳест дар шимоли ғарби Афғонистон. Қисми меҳварии системаи кӯҳҳои Паропамизро ташкил медиҳад. Тӯлаш қариб 350 километр, баландиаш то 3642 метр. Ба самти арзӣ кашол ёфта, водии дарёҳои Мурғоб ва Ҳарирудро аз ҳам ҷудо мекунад. Асосан аз оҳаксанг таркиб ёфтааст. Дараҳояш бисёранд. Ландшафти нишебиҳои қаторкӯҳ нимбиёбонӣ буда, баъзан арчазор ва …

Муфассал »

Қаторкӯҳи САРСАРАК

katorkuh

САРСАРАК, қаторкӯҳест дар қисми ҷануби ғарбии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар райони Данғараи вилояти Кӯлоб. Қад-қади соҳили чапи дарёи Вахш ба масофаи тақрибан 30 километр тӯл кашидааст. Бараш то 7—9 километр, баландиаш то 2000 метр. Қисми ҷанубии қаторкӯҳ Табақчӣ ном дорад. Сарсарак аз ҷинсҳаи давраи табошир (гил, рег, мергел, оҳаксанг, …

Муфассал »

Қаторкӯҳи САРИҚӮЛ

katorkuh

САРИҚӮЛ, қаторкӯҳест дар Помири Шарқӣ, байни сарҳади давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (райои Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ) ва Хитой. Аз Шимол ба Ҷануб (аз водии дарёи Маркансу то ағбаи Бейик) ба масофаи қариб 350 километр тӯл кашидааст. Бахшгоҳи ҳавзаи дарёҳои Тарим, Аму ва …

Муфассал »

Қаторкӯҳи Самур

katorkuh

САМУР (қаторкӯҳи Самур), қаторкӯҳи Кавкази Калон дар ҷануби РАСС Доғистон. Ба силсилаи қаторкӯҳи Паҳлӯӣ мансуб буда, аз қаторкӯҳи Дюлтидоғ ба самти Шарқ ва Ҷанубу Шарқ қад-қади соҳили чапи дарёи Самур ба 115 км тӯл кашидааст. Баландиаш то 3801 м (кӯҳи Алахундоғ). Асосан аз вараксангҳои гили таркиб ёфтааст. Дар теғаҳояш растанӣ …

Муфассал »

Қаторкӯҳи РУШОН

14

РУШОН, Ғ у н д, қаторкӯҳест дар Помири Ғарбӣ, дар ВМКБ. Аз водии дарёи Панҷ (наздикии шаҳри Хоруғ) то қаторкӯҳи Аличури Шимолӣ (ағбаи Марҷанай) ба масофаи тақр 120 км тӯл кашида, водии дарёҳои Бартанг ва Ғундро аз ҳам ҷудо мекунад. Баландиаш ба ҳисоби миёна 4500—5000 м, қуллаи баландтаринаш — Патхор …

Муфассал »

Қаторкӯҳи ТУРКИСТОН

280px-ayni_zarafshon_river

ТУРКИСТОН, қаторкӯҳест дар силсилаи кӯҳҳои Ҳисору Олой, дар ҳудуди РСС Тоҷикистон ва РСС Узбакистон. Аз шарқ ба ғарб (аз банди кӯҳи Мастчоҳ, ки бо қаторкӯҳи Олой пайваст аст, то наздики қалъаи Фармонтеппа) ба масофаи қариб 340 км тӯл кашидааст. Баландиаш то 5509 м, дар интлҳои шарқӣ то 5621 м. Асосан …

Муфассал »

Қаторкуҳи ТЕРАКЛИТОҒ

ТЕРАКЛИТОҒ, қаторкуҳе, ки дар ҷануби Тоҷикистон воқеъ аст. Дар байтш дарёҳои Вахш ва Тоҳирсу воқеъ гашта, аз Шимол ба Ҷануб ба масофаи тақрибан 70—75 км тӯл кашидааст. Баландиаш то 1715 м (дар қисми ҷанубӣ). Аз ҷиҳати сохти геологӣ Тераклитоғ чини антикланалии ассиметрӣ мебошад, ки аз таҳнишасти давраҳои табашир, палеоген, неоген …

Муфассал »

Қаторкӯҳи РАНГОН

kuh

РАНГОН, қаторкӯҳест дар қисми ҷанубу ғарбии РСС Тоҷикистон. Дар байни қатоокӯҳҳои Қаротегин ва Оқтоғ воқеь гашта, водиҳои Кофарниҳон ва Ёвонро аз ҳам ҷудо мекунад. Аз Ҷанубу Ғарб ба Шимолу Шарқ ба масофаи 70 км камоншакл тӯл кашидааст. Нуқтаи баландтаринаш 1895 м (кӯҳи Хоҷазаранг). Қаторкӯҳ асосан аз гил, регсанг, оҳаксангу мергелҳои …

Муфассал »

Қаторкӯҳи ПШАРТ

pshart

ПШАРТ, қаторкӯҳест дар Помири Шарқӣ (pайони Мурғоби ВМКБ), дар соҳили рости дарёи Мурғоб. Аз Ғарб ба Шарқ ба масофаи 60 км тӯл кашидааст. Баландиаш зиёда аз 5000 м. Ландшафташ биёбонии баландкӯҳӣ; нишебиҳояш санглох. Дар нишебиҳои шимолиаш пиряхҳои начандон калон мавҷуданд.

Муфассал »