Маълумоти охирин
Главная / Теги: Ёдгории археологӣ

Теги: Ёдгории археологӣ

УСТОМУЛЛО – Гӯри Муғ

УСТОМУЛЛО, Гӯри Муғ, Қабристони Устомулло, ёдгории археологӣ, қабристонест мансуб ба асрҳои 2 то мелод—2 м. (воқеъ дар 1 км ҷанубу шарқтари деҳаи Навгилеми раёни Исфараи вилояти Ленинобод). Дар ҳамвории 210Х135 м 72 пушта ҷойгир аст. Пуштаҳо гумбазмонанданд. Устомуллоро соли 1952 бостоншиносони Экспедисияи археологии Тоҷикистон кашф карданд. Соли 1956 8 пуштаи …

Муфассал »

ТИРМИЗАКТЕППА

ТИРМИЗАКТЕППА, ёдгории археологии мансуб ба асрҳои 7—8 дар канори ғарби пос. Шаҳристони раёни Ӯротеппаи вилояти Ленинобод. Солҳои 1957 ва 1960 омӯхта шуд. Бино аз хишти хом (50X25X10 см) ва похса сохта шудааст. Тирмизактеппа дар болои теппаи баланди соҳили Каттасой ҷой гирифтааст. Дар ибтидо ҳамчун пункти дидбонӣ ва истиқоматгоҳи аскарон бино …

Муфассал »

ТЕППАИ ШОҲ

ТЕППАИ ШОҲ, ёдгории археологии мансуб ба давраи Кушониён (асрҳои 1—3 м.), ки дар ҳудуди раёнии Қабодиёни вилояти Қӯрғантеппа, дар соҳили дарёи Аму воқеъ аст. Теппаи шафтолубоғ соли 1928 кашф гардид. Солҳои 1957 (А. М. Манделштам) ва 1972 (Б. А. Литвинский) ҳафриёти археологӣ гузаронида шуд. Теппаи шоҳ аз чашд қисм иборат …

Муфассал »

ТЕППАИ ШАФТОЛУБОҒ

ТЕППАИ ШАФТОЛУБОҒ, ёдгории археологиест мансуб ба асрҳои 3—2 то мелод, ки дар соҳили дарёи Панҷ воқеъ аст. Нигаред низ Саксанохур.

Муфассал »

ТЕППАИ ПИРМУХАММАД

ТЕППАИ ПИРМУХАММАД, теппа, ёдгории археологии мансуб ба давраи атиқа, ки дар канори ҷанубу шарқии деҳаи Шаҳристони раёни Ӯротеппаи вилояти Ленинобод воқеъ аст. Дар он гурӯҳи қабрҳои аввали милод ва асрҳои 10—12 ёфт шудаанд. Солҳои 1956—58 омӯхта шудааст. Дар қабрҳои асрҳои 1—2, ки аз чуқуриҳои одди иборатанд, ғаир аз скелет зарфҳои …

Муфассал »

ҚАЛЪАИ ҲИСОР

kalai-hisor

ҚАЛЪАИ ҲИСОР, ёдгории археологи ва фортификационии мансуб ба а. 3 то м.— ибт. а. 20; 6 км дав. шарқтари станцияи р. о. Хонақоҳ, дар ҳудуди p-ни Ҳисор воқеъ аст. Онро с. 1946 М. М. Дьяконов тадқиқ намуд. Қалъа дар болои теппа ҷойгир шуда (масоҳ. 17 га), аз ҷан. шарқ ба …

Муфассал »

ҚАЛЪАИ ҚАРАТОҒ

ҚАЛЪАИ ҚАРАТОҒ, ёдгории археологӣ ва фортификационии мансуб ба а. 19, ки дар наздикии деҳаи Қаратоғи РСС Тоҷ., Дар соҳили рости д. Қаротоғ воқеъ буд. Дар он беки Ҳисор мезист. Харобаҳои қалъаро саиёҳи франсавӣ Г. Совпало, ки с. 1886 ба Бухорои Шарқӣ омада буд, тасвир кардааст. Дарозии он зиёда аз 400 …

Муфассал »

ҚАЛЪАИ ҚААҲҚА

kalai-kaahka

ҚАЛЪАИ ҚААҲҚА, ёдгории археологии мансуб ба а-ҳои 3 то м.— 6 м. аст, ки дар қисми шарқии деҳаи Намадгути поёни соҳили шимолии д. Панҷ воқеъ аст. Дар бораи Қ. Қ. бори аввал бостоншиноси англис А. Стейн, ки с. 1911 ба ин ҷо омада буд, хабар додааст. Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ …

Муфассал »

ҚАЛЪАИ МУҒ

kalai-mugh

ҚАЛЪАИ МУҒ, ёдгории археологии а. 8, ки 3 км дуртар аз деҳаи имрӯзаи Хайрободи р-ни Айнӣ, вил Ленинобод воқеъ аст. С. 1933 Бостоншинос Л. А. Фрейман кашф карда, с. 1947 А. Ю. Якубовский, с. 1965 Б. Я. Ставиский ва Ю. Ёқубов тадқиқ намудаанд. К. М. истеҳкоми деҳқонони работ буда, 5 …

Муфассал »

ҚАЛЪАИ КУМ

ҚАЛЪАИ КУМ, ёдгории археологии суғдиён мансуб ба а-ҳои 6—8 дар деҳаи Куми р-ни Айнин вил. Ленинобод. Қ- К. с-ҳои 1967—70, 1975 —76 кашфу тадқиқ гардид. Он аз қалъа ва бошишгоҳ иборат аст. Қ. К. пурра омухта нашудааст, вале тахмин мекунанд, ки он 30 иқоматгоҳ дошта, биноҳои қисми шарқиашро дуошьёна сохтаанд. …

Муфассал »