Маълумоти охирин
Главная / Теги: Эроншинос

Теги: Эроншинос

РИПКА Ян

РИПКА (Rypka) Ян (28. 5. 1886, Кромержиж, Чехословакия —29. 12. 1968, Прага), эроншинос ва туркшиноси чех. Доктори фалсафа (1910). Аъзои ҳақиқии АФ Чехословакия (аз соли 1936). Университети Венаро соли 1910 хатм кардааст. Яке аз аввалин ходимони илмии Институти шарқшиносии Чехословакия (аз соли 1929) ва узви ҳайати таҳририяи журнали илмии шарқшиносии …

Муфассал »

РОМАСКЁВИЧ Александр Александрович

РОМАСКЁВИЧ Александр Александрович (28. 8. 1885, Одесса—1. 3. 1942, Ленинград), эроншиноси сове¬тӣ, профессори (1919). Факултетити забонҳои шарқи Университети Петербургро тамом кардааст (1909). Солҳои 1909—1930 дар Университети Петербург, Иниверситети хоҷагии халқ, Институти таърихи санъат дарс мегуфт. Ходими калон ва мудири шӯъбаи дастнависҳои Институти шарқшиносии АФ СССР буд (1936—1942). Иштирокчии Конгресси байналхалқӣ …

Муфассал »

ФРЕЙМАН Александр Арнолдович

ФРЕЙМАН Александр Арнолдович ((22. 8. 1879, Варшава —19. 1. 1968, Ленинград), эрошпиноси сове- тӣ, аъэо-корр. АФ СССР (1928), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1949). Аз оилаи хизматчӣ. Баъди хатми университети Петроград (1903) барои омӯзиши забонҳои эронии қадим ба Германия рафт. Аз соли 1917 дар университети Петроград дарс мегуфт ва аз …

Муфассал »

УДАМ Халянд

УДАМ Халянд (таваллуд 8. 5. 1936, Раквере, РСС Эстония), эроншиноси советии эстонӣ. Факултети географияи Университети Тартуро хатм кардааст (1959). Пас аз сафари Тоҷикистон (1957) ба адабиёту маданияти тоҷик дил баст ва ба омӯзиши мустақилонаи забони форсӣ ва тоҷикӣ шурӯъ кард. Аз соли 1971 муҳаррири илмии Энсиклопедияи Советии Эстония. Удам муҳаққиқ …

Муфассал »

ТЕЛЕГДИ Жигмуyд

ТЕЛЕГДИ (Тelegdi) Жигмуyд (таваллуд 1909), эроншиноси маҷор. Дар Университетҳои Будапешт, Вроцлав ва Париж илмҳои эроншиносӣ, сомишиносӣ ва туркшиносиро аз худ кард. Мудири кафедраи забоншиносии Университети Будапешт (аз соли 1058). Телегди  ба тадқиқи грамматика аз лексикаи забонҳои ҳозираи форсӣ ва тоҷикӣ, инчунин форсии миёна, суғдӣ ва масъалаҳои забоншиносии умумӣ машғул аст. …

Муфассал »

РАСТОРГУЕВА Вера Сергеевна

РАСТОРГУЕВА Вера Сергеевна (таваллудаш 5. 6. 1912, вилояти Липетск), шарқшинос-эроншиноси советии рус, доктори илмҳои фи­лология (1965), профессори (1969), Хо­дими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1978). Университети давлатии Ленинград (1938) ва аспирантураи Институти забон ва тафаккури АФ СССР-ро хатм намуда, дар вазифаҳои зерин кор кардааст: муаллими Институти давлатии педагогии Сталинобод ва инспектори …

Муфассал »

ЮНКЕР Генрих Франц Йозеф

ЮНКЕР (Junker) Генрих Франц Йозеф (1889—1970), эроншиноси немис. Солҳои дароз директори Ин-ти Осиёи Пеши назди Ун-ти ба номи Гумболдта Берлин (пойтахти РДГ) буд. Ходими Хизматнишондодаи Илми РДГ. Дар омӯзиш ва нашри осори забону адабиёти форсии миёна саҳм гузоштааст (мас., нашри «Фарҳанги паҳлавӣ», 1912). Яке аз муҳаққиқони забони яғнобист. С. 1914 …

Муфассал »

ШЕФЕР Шарль

ШЕФЕР (Schefer) Шарль (1820— 1898), эроншиноси франсавӣ. Дар Париж Мактаби забонҳои зиндаи Шарқро хатм намудааст. Шефер дар кишварҳои гуногун вазифаи тарҷумониро ба уҳда дошт. С. 1857 котиби якум ва мутарҷими Вазорати корҳои хориҷии Франция ва профессори забони форсии Мактаби забонҳои зиндаи Шарқ таъин гардид. С. 1867 директори ин мактаб интихоб …

Муфассал »

ХРОМОВ Альберт Леонидович

ХРОМОВ Альберт Леонидович (тав. 28. 8. 1930, Новгород), эроншиноси советӣ, доктори илмҳои филология (1970), проф. (1971). Аз оилаи хизматчӣ. Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1954). Ходими хурд ва ходими калони илмии Иниститути забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон (1954-64), мудири кафедраи забонҳои хориҷии УДТ (1964—68), ходими калони илмии кафедраи забони …

Муфассал »