Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шоири форс-тоҷик

Теги: Шоири форс-тоҷик

ҚАССОРИ УММӢ

ҚАССОРИ УММӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо бо номи Писари Уммӣ зикр гардидааст. Аз ишороти муаллифони тазкираҳо бармеояд, ки вай ашъори некӯ ва ороста бо санъатҳои бадеӣ доштааст. Дар «Тарҷумон-ул-балоғат»и Родуёнӣ абёти зер ба ӯ нисбат дода мешавад: Эй шукуфта гулбуне пайваста бо хуршед сар, …

Муфассал »

ҚАМАРӢ Низомуддин Маҳмуд

ҚАМАРӢ Низомуддин Маҳмуд, мутахаллис ба Қамар ва маъруф ба Низомии Исфаҳонӣ Қозӣ Низомуддин (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 12). Аз хонадони хуҷандиёни Исфаҳон. Шеърашро (бештар қасидаҳо сурудааст) дар сабки ироқӣ ба забонҳои форсӣ (тоҷикӣ) ва арабӣ таълиф мекардааст. Аз осораш девони ашъори шомили 4 ҳаз. байт боқист. …

Муфассал »

ҚАВОМИИ РОЗӢ Бадруддини Шарафушшуаро

ҚАВОМИИ РОЗӢ  Бадруддини Шарафушшуаро (тақр. 1097, Рай—тақр. 1165), шоири форс-тоҷик. Аз доираи ҳунармандон (нонвоӣ) будааст. Аз у девони ашъор (тақр. 3360 байт) боқӣ мондааст, ки дар он қасоиду ғазалиёт ва тарҷеъбандҳояш фароҳам омадаанд. Мавзуи ашъори Қ. Р. васфи ҳунару ҳунармандон, ситоиши ахлоқи пок, баланд шуморидани қаноату хоксорӣ аз «тахти зару …

Муфассал »

ҚАВОМИИ МУТАРРИЗӢ Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Абубакр

ҚАВОМИИ МУТАРРИЗӢ Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Абубакр (с. тав. номаълум — ваф. тақр. 1126), шоири форс-тоҷик. Давлатшоҳи Самарқандӣ («Тазкират-уш-шуа-ро») Қ. М.-ро бародари Низомии Ганҷавӣ гуфтааст, вале ин хатост, чунки Низомӣ баъди вафоти Қ.М. ба дуньё омадааст. Аз мероси адабии Қ. М. як нусхаи дастнависи девоеи ғазалиёту қасоид боқӣ мондааст, ки дар …

Муфассал »

ШУУРИИ КОШОНӢ

ШУУРИИ КОШОНӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 16). Шогирди Мӯҳташами Кошонӣ. Девони ашъораш шомили 6 ҳаз. байт (ғазалҳо, рубоиҳо ва қитъаҳо) боқӣ мондааст. Мавзӯи асосии ашъори Ш. К. ишқ аст. Абьёти зерин аз ӯст: Ба ёди зулфи ту дӯшина дидаам хобе, Ки сад рисолаи ошуфта гашт таъбираш. …

Муфассал »

ШОҲНЕЪМАТУЛЛОҲ

ШОҲНЕЪМАТУЛЛОҲ, Саид Нуриддин ибни Амир Абдуллоҳ (1330, қасабаи Моҳони Кирмон—1431, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Ш. дар ҷавонӣ илмҳои адабиёт, калом, ҳикмат ва фиқҳро омӯхта, ба тасаввуф таваҷҷуҳ намуд. Миср, Маккаву Мадина, Балх ва Мовароуннаҳрро саёҳат кардааст, ки ин сафарҳо дар эҷодиёти у нақши муайян гузоштаанд. Ш. шоири соҳибдевон аст. Девони …

Муфассал »

ШОҲИНИ ШЕРОЗӢ

ШОҲИНИ ШЕРОЗӢ (с.тав. ва вафот номаълум). Шоири форс-тоҷик (ох. а.-нимаи дуюми асри 14). Миллаташ яҳудӣ. Ба қалами Ш.Ш достонҳои «Мусонома» (1327), «Юсуф ва Зулайхо» (соли таълифаш номаълум), «Ардашер ва Эстер» 1332), инчунин ғазалҳо, қасоиду рубоиёт мансубанд. Миқдори ашъораш тақр. 25 ҳаз. байт аст. Ш. Ш. дар маснавиҳо ва ашъори гуногунжанри …

Муфассал »

ШОҲИИ САБЗАВОРӢ Амир Оқмалик

ШОҲИИ САБЗАВОРӢ Амир Оқмалик ибни Малик Ҷамолуддини Фирӯзкуҳӣ, мутахаллис ба Амир Шохӣ (1385, Сабзавор —1453,Астаробод), шоири форс-тоҷик. Аҷдодаш аз бузургони сарбадорон буданд. Пас аз шикасти сарбадорон дар дарбори Бойсунқу Мирзо надим шудааст. Баъди чанде аз дарбор рафта, дар Сабзавор ба замине, ки аз падараш мерос монда буд, ба деҳқонӣ машғул …

Муфассал »

ШИҲОБИИ ХУҶАНДӢ

ШИҲОБИИ ХУҶАНДӢ (тахалл. дигараш «Ғазол»), шоири форс-тоҷик (а. 12). Мувофиқи маълумоти тазкираҳои «Лубоб-ул-албоб», «Ҳафт иқлим» Ш. X. кури модарзод бошад ҳам ба бисьёр шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон сафар карда, бо олимону шоирони номии он рӯзгор ҳамсуҳбат шудааст. Дар ашъори тавассути тазкираю баёзҳои боқимондааш баробари мавзуъҳои маъмулии адабиёти классикии форс-тоҷик мутоибаву зарофатгуӣ …

Муфассал »

ШАҲРИЁРИИ ХУРОСОНӢ

ШАҲРИЁРИИ ХУРОСОНӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 12). Мувофиқи маълумоти Авфӣ шахси фозилу донишманде будааст. Қасоид, ғазалиёту қитаот доштааст, вале рубоиёташ машҳур буда, бо забони соддаву равои эҷод шудаанд. Ин абьёт аз уст: Бас хастадилу бастазабонем бе ту. Дар бори дилу меҳиати ҷонем бе ту. Ё ҳасрати …

Муфассал »