Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шоири тоҷик

Теги: Шоири тоҷик

РАВНАҚ Мавлавӣ Равнақ

РАВН АҚ Мавлавӣ Равнақ (соли таваллулаш номаълум, Хуҷанд — афоташ 1821, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аввало дар зодгоҳаш ва баъдтар дар Мадрасаи Мири Араби Бухоро таҳсили илм кардааст. Ба зодгоҳаш ҳамчун донишманди фозил баргашта, ба мансаби қозигӣ рас идааст, вале ӯ бештар чун шоир маъруф гаштааст. Ғазалҳои парокандаи Равнақ дар …

Муфассал »

ҚАТЛӢ

ҚАТЛӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 17). Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Мувофиқи маълумоти «Музокир-ул-асҳоб» Қ. дар шеър хеле мумтоз буда, аз ҷавонӣ дар радифи шоирони маъруфи қасидасаро қарор гирифта будааст. Шеърҳояш матонату фатонати хосаеро доро будаанд. Намунаҳои осораш дар тазкираҳо (мас. «Музокир-ул-асҳоб» ) омадаанд. С. …

Муфассал »

ҚАТИЛӢ Мавлоно Қатилии Бухороӣ

ҚАТИЛӢ  Мавлоно Қатилии Бухороӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 16). Дар зодгоҳаш маълумот гирифта, илмҳои нуҷум, ҳайат ва мусиқиро хуб омухтааст. Девонаш то ҳол ба даст наомадааст. Аз у достони «Вомиқу Узро» (зиёда аз 5 ҳаз. байт) боқист, ки дар китобхонаи Музеи Британия таҳти рақами OR 9037 …

Муфассал »

ҚАДРӢ Азизуллоҳи Балхӣ

ҚАДРӢ  Азизуллоҳи Балхӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 19). Аз наҷибзодагони Балх. Дар Бухоро таҳсил ва зиндагӣ кардааст. Охири умрашро дар хидмати Садри Сарир гузаронд. Аз осори Қ. намунаҳо тавассути тазкираҳо (мас., «Туҳфат-ул-аҳбоб- фӣ тазкират-ил-асҳоб»-и Возеҳ) ва баёзҳо боқӣ мондааст. Ин абьёт аз уст: Аз тиҳидастӣ нагардад …

Муфассал »

ҚАБУЛИИ БУХОРОӢ

ҚАБУЛИИ БУХОРОӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 16). Дар Бухоро ба камол расидааст. Пас аз таҳсили улуми расмии давр ба хидмати Шайбонихон дохил шудааст. Дар тазкираи «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Нисории Бухороӣ оид ба мушоираи у ба Аллоҷа ном шоирае сухан меравад. Нисорӣ ду байти дар ҷавоби шоира гуфтаи Қ. …

Муфассал »

ҒУБОР – Иброҳими Балхӣ

ҒУБОР – Иброҳими Балхӣ (с. тав. номаълум — ваф. 1680/81, Бухоро), шоири тоҷик. Дар Балх таҳсили мадрасаро хатм намуда, ба Ҳиндустон рафт. Дар хидмати дарбор будааст. Сипас, ба Мовароуннаҳр баргашта, дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро мударрис шуд. Ба қавли тазкиранавис Малеҳои Самарқандӣ Ғ. рисолаҳои илмӣ низ таълиф мекард. Ин абьёт аз уст: …

Муфассал »

ҒОФИЛ Муҳаммадмурод ибни Муҳаммадсаид

ҒОФИЛ Муҳаммадмурод ибни Муҳаммадсаид (с. тав. номаълум, деҳаи Ёгеди ҳозира р-ни Қалъаихум — ваф. тақр. 1892, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли Ғ. равшан нест. Аз осори адабии Ғ. маҷмуаи ашъоре боқист, ки 800 байташ бо унвони «Қиссаи ҷанги духтари қайсари Рум» дар шакли маснавӣ буда, 19 варақи он …

Муфассал »

ЯКДИЛ Ошӯрмуҳаммад

ЯКДИЛ   Ошӯрмуҳаммад (с. тав. номаълум — ваф. 1855), шоири тоҷик. Дар Бухоро таҳсил кардааст. Аз ҷавонӣ ба ҷараёни нақшбандияи тасаввуф майл дошт. Тасаввуф дар ашъори боқимондаи у, ки дар тазкираву баёзҳои а. 19 омадаанд, нақш гузоштааст. Забони ашъораш содда, тарзи баёнаш дилпазир: Ёди айёме, ин чашмам бар ту дар наззора …

Муфассал »

ЯГОНАИ НАСАФӢ

ЯГОНАИ НАСАФӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 17). Я. Н. дар доираи адабии Бухоро камол ёфт. Малеҳои Самарқандӣ ашъори Я. Н.-ро бисьёр матин ва афкорашро натиҷаи доноию хирадмандӣ гуфта, ба санъатн сухани у баҳои баланд додааст. Бино ба қавли у шеърҳои Я. Н. «аз матлаъ то мақтаъ …

Муфассал »

АБУЛҚОСИМ

АБУЛҚОСИМ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва табиби тоҷик (асри 16). Падараш Мавлоно Дарвеш Ҳусайнӣ табиби хосаи Алишери Навоӣ буд. Мувофиқи маълумоти «Музаккир-ул- аҳбоб»-и Нисорӣ Абулқосим ҷузъиёти илми тиб ва дигар илмҳои расмии даврашро аз худ карда буд. Баробари ин Абулқосим дар шоирӣ даст дошта, дар навъҳои гуногуни адабӣ …

Муфассал »