Маълумоти охирин
Главная / Теги: шоира

Теги: шоира

САЛИМА Султонбегим

САЛИМА Султонбегим (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1613, Агра), шоираи форсизабони Ҳиндустон. Салима дар оилаи яке аз мансабдорони дарбори Захируддини Кобур ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ ба омӯзиши илмҳои расмии замон ва ба шеъргӯӣ Шурӯъ кардааст. Мувофиқи маълумоти тазкира ва манбаъҳои адабӣ Салим шоираи нозукбаёну рангинхаёле буда, бо ашъори латифу …

Муфассал »

РОБИАИ БАЛХӢ

РОБИАИ БАЛХӢ Робиа бинти Каъби Қаздорӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоираи форс-тоҷик (асри 10). Муосири Рӯдакист. Аз қабилаи Қаздори шаҳри Балх. Падараш Каъби Қаздорӣ аслан араб буда, раисии он қабиларо ба ӯҳда дошт. Дар назди устодони хусусӣ сарфу наҳв, илми шеъру адаб ва ғайраро омӯхтааст. Ба ду забон — …

Муфассал »

ФУРУҒИ ФАРРУХЗОД

ФУРУҒИ ФАРРУХЗОД (1935, Теҳрон—1967, ҳамон ҷо), шоираи эрони. Дар дабиристони «Хусрави Ховар» таҳсил кардааст. Сипас дар Ҳунаристонн бонувон хайётӣ ва наққоширо омӯхтааст. Дар садамаи автомобил ҳалок шудааст. Аз сездаҳсолагӣ ба шеърнависӣ сар карда буд. Дар ҳабдаҳсолагӣ нахустин маҷмуаи ашъораш бо номи «Асир» аз чоп баромад (1852). Шеърҳои баъдинааш дар маҷмуаҳои …

Муфассал »

ФОФАНОВА Марианна Петровна

ФОФАНОВА Марианна Петровна (таваллуд 21. 10. 1921, заводи Пудеми РАСС Удм), шоира ва тарҷумони советии рус. Аз оилаи коргар. Соли 1943 ба Тоҷикистон омад. Соли 1949 институти адабии ба номи Горкийро хатм кард ва мухбири «Литературная газета» таъин гардид. Фофанова мушовири Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, мудири шӯъбаи назми журнали «Памир» буд. …

Муфассал »

ФАСЕҲА Ҷамилахонум

ФАСЕҲА Ҷамилахонум, Ҷасмилаи Исфаҳонӣ, нисбаи Яздӣ ҳам доштааст (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоираи эронӣ (асри 16). Зодгоҳаш Язд. Дар айни камолот ба Исфаҳон омад. Сипас, ба Ҳиндустон сафар кард ва ба дарбори Ҷалолуддин Акбар роҳ ёфт. Дар анвои гуногуни шеър даст доштааст. Намунаҳои шеъраш тавассути тазкираҳо расидаанд. Ин рубоӣ …

Муфассал »

ТОҶУДДАВЛА

ТОҶУДДАВЛА (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоираи тоҷик (асри 19). Дар ноҳияи Ғарм (ҳозира раёнини Ғарми Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон) ба дунё омада, дар ҳамон ҷо хату савод баровардааст. Сипас фаъолияти эҷодии ӯ дар дарбори бекҳои Дарвозу Қаротегин ҷараён гирифтааст. У шоираи хушбаёну нозуктабъ ва мутрибаи хушовозе будааст. Аз осори …

Муфассал »

ШОҲИҶАҲОНБЕГИМ

ШОҲИҶАҲОНБЕГИМ (1838, Бҳуполӣ Ҳиндустон -1903, ҳамон ҷо), шоира ва арбоби давлатии Ҳиндустон. Ш. шоираи зулисонайн буда, ба забонҳои урду ва форсӣ шеър гуфтааст. Дар ашъори форсиаш «Шоҳиҷахон» ва дар ашъори урду «Ширин» тахаллус мекардааст. У дар навъҳои гуногуни шеър, аз қабили ғазал, рубоӣ. Қитъа ва ғ. қувваозмоӣ кардааст. Ин матлаъ …

Муфассал »