Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шаҳри таърихӣ

Теги: Шаҳри таърихӣ

САМАНГОН

САМАНГОН, шаҳр ва вилояти тоҷикнишини таърихӣ буд дар Афғонистон, дар болооби дарёи Аму, номи Самангон бори аввал дар манбаъҳои хатии асри 7 зикр шудааст. То истилои араб дар Самангон бисёр маъбадҳои буддоии бунёд гардиданд. Самангонро асри 8 арабҳо истило намуда, дар он дини исломро ҷорӣ карданд. Асарҳои 9—10 ба ҳайати …

Муфассал »

Вилояти таърихии ФАРҒОНА

fergana-tar

ФАРҒОНА, Фароғона, Фрағона, Фейхан, Бохан, Полона, Пахаина, вилояти таърихию географиест дар Осиёи Миёна. Фарғона дар давраҳои қадим як қисми ҳудуди ҳозэираи вилояти Ленинобод (раёнҳои Конибодом, Исфара, Ашт)-и РСС Тоҷикистон, вилоятҳои Фарғона, Намангон, Андиҷони РСС Узбакистон ва вилояти Уши РСС Қирғизистонро дар бар мегирифт. Дар ҳудуди Фарғона бошишгоҳҳои аввалин дар асри …

Муфассал »

Шаҳри ТӮС

290px-tomb_of_ferdowsi

ТӮС, шаҳр ва вилояти ваърихиест дар шимолу-шарқи Эрони имрӯза. Он дар асрҳои миёна шаҳрҳои Тӯрон, Навқон, Бруғун, Ройкон, Банвоза, Тобарон ва деҳаи Сунободро дар бар мегирифт. Аз Тӯс роҳи тиҷоратии Шарқу Ғарб мегузашт. Тӯсро соли 651 арабҳо истило намуданд. Соли 900 ба ҳайати давлати Сомониён дохил шуд ва қариб як …

Муфассал »

Шаҳри ТАКСИЛА

taxila

ТАКСИЛА, Такшашила, шаҳри қадимест дар Ҳиндустон, мансуб ба асрҳои 6 то мелод—7 мелодӣ, пойтахти давлати Қандаҳор. Димнаи Таксила дар ҳудуди Покистон, 35 км шимолу гарбтари шаҳри Равалпинди ҷойгир аст. Осори мадани се теппаи димнаи Таксила ба се давраи инкишофи он мувофиқ меояд. Иқоматгоҳҳои давраи аввал (асрҳои 6—2 то мелод) оддист. …

Муфассал »

Шаҳри ЭКБАТАНА

ЭКБАТАНА, номи қадимии юнонии ш. Ҳамадонро номанд, ки дар маъхазҳои ошурии а. 11 то м. Аматама сабт ёфтааст.

Муфассал »

Шаҳри таърихии ШУМАН

ШУМАН, Шумон, яке аз қадимтарин шаҳр ва вилоятҳои таърихию мадание, ки дар ҳудуди ҳозираи водии Ҳисори РСС Тоҷ- воқеъ буд. Одамон дар Ш. ҳануз дар давраи асри санг маскун будаанд (ниг. Маданияти Ҳисор). Бостоншиносон нишонаҳои онро дар натиҷаи ҳафриёти харобаҳои Хайгула, Чимқурғон ва Тухма ошкор кардаанд. Ш. а-ҳои 4—3 то …

Муфассал »

Шаҳри ЧОЧ

ЧОЧ, шаҳри қадима дар Осиёи Миёна, ки тақр. 2-ҳазор сол муқаддам ба вуҷуд амадааст. Дар асрҳои 5—8 Чоч, Шош, Шошкент, зикр ёфта, давлати ҳамноми феодалии Чоч буд. Чоч дар роҳи бузурги абрешим ҷойгир шуда, дар муносибатҳои байни Европа,-Ҳинду Хитой мавқеи калон дошт. Чоч дар а. 6 ба ҳайати Хоқонии турк …

Муфассал »

Шаҳри таърихии ХУҶАНД

hujand

ХУҶАНД, шаҳр ва вилояти таърихию маданиест дар водии Фарғона. Дар ибтидо ҳамчун бошишгоҳи бумӣ ба вуҷуд омада, минбаъд ба маҳалли калони аҳолинишин табдил ёфтааст. Дар асрҳои 6—5 то м. дар қасаба иншооти мудофиавӣ — садди хокӣ буньёд гардид. Дар бораи Хуҷанди асрҳои 4 —3 то м. муаррихони юнонию румӣ (Арриан, …

Муфассал »