Маълумоти охирин
Главная / Теги: Хаттот

Теги: Хаттот

САЛМОНИ ҲАМАДОНӢ

САЛМОНИ ҲАМАДОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти асрҳои 16—17 форс-таҷик. Чанд муддат дар Шероз ҳаёт ба cap бурдааст. Аз намунаи китобати вай як нусха девони Салмони Соваҷӣ дар Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе маҳфуз аст. И. Калонов.

Муфассал »

САЛИМИ НИШОПУРӢ Котиб

САЛИМИ НИШОПУРӢ Котиб (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1582, Машҳад), хаттоти асри 16 форс- тоҷик. Аслан ҳабашӣ ва падараш аз ғуломони Мир Ҷамолуддини Астарободӣ будааст. Шогирди Шоҳ Маҳмуди Нишопурӣ. Салими Нишопурӣ дар хати настаълиқ маҳорат пайдо карда, дар қитъанависи, китобату ранганависӣ шӯҳрат ёфт. Қозӣ Аҳмад ва Сипеҳр ӯро дар китобату …

Муфассал »

САЙИДАҲМАДИ ҒАЗОЛУЛЪАЙН

САЙИДАҲМАДИ ҒАЗОЛУЛЪАЙН (соли таваллудаш номаълум, вафоташ 1578), яке аз хаттотони асри 16 тоҷик. Аслан аз Машҳад. Барои омӯхтани ҳунари хаттотӣ ба Ҳирот омада, ба Миралӣ шогирдшуда, то ба дараҷаи устодӣ расидааст. Сайидаҳмади Ғазолулъайнро ҳамроҳи Миралӣ ва баъзе хаттотону ҳунармандони дигар солт 1529 ба Бухоро овардаанд. Сайидаҳмади Ғазолулъайн чанд муддат ҳамроҳи …

Муфассал »

САИД АБДУЛЛОҲИ БУХОРОӢ

САИД АБДУЛЛОҲИ БУХОРОӢ хушнавис ва хаттоти тоҷик (асри 17). Зодгоҳаш Бухоро. Бо номҳои «Дарвеш Абдӣ» ва «Мавлавӣ» шӯҳрат доштааст. Санъати хаттотиро аз Миримоди Ҳусайнӣ омӯхтааст. Ба шаҳрҳои Истамбул, Исфаҳон, Ҳиҷоз ва сарзамини Миср сафар кардааст. Ҳангоми дар Истамбул иқомат доштанаш шӯҳрати хати настаълиқро афзуда, “Шоҳнома”-и Фирдавсиро китобат кардааст.

Муфассал »

ШОФУТУР МУҲАББАТШОҲЗОДА

ШОФУТУР МУҲАББАТШОҲЗОДА (лақабаш Охунд   Шофтур 1869  Поршнев—1959, Синдеви ВАБК), xaтот, шоир, муаррих ва аввалин муаррих ва аввалин муаллими советӣ дар Бадахшон. Маълумоти ибтидоиро аз падараш гирифтааст. Пас аз ғалабаи Рев. Каб. Соц. Октяорь дар нахустин мактаби советӣ дар Хоруғ муаллим буд. С-ҳои  25 аз китоби ягонаи алифбо чандин нусха руйнавис …

Муфассал »

ШИРИНИ БУХОРОӢ Муҳаммадшариф ибни Абдурраҳими Балхӣ

ШИРИНИ БУХОРОӢ Муҳаммадшариф ибни Абдурраҳими Балхӣ (с. тав. ва ваф. номаълум) шоир ва хаттоти тоҷик (а. 19). Дар Бухоро таваллуд ёфта, дар ҳамин ҷо касби камол кардааст. Забонҳои туркӣ, арабӣ ва илми мусиқиро медонист. Бино ба маълумотп С. Айнӣ («Намунаи_ адабиёти тоҷик») ва Возеҳ («Туҳфат-ул-албоб фӣ тазки-рат-ил-асҳоб») Ш. Б. шахси …

Муфассал »

СУЛТОНМУҲАММАДИ ХАНДОН

unknown-person1

СУЛТОНМУҲАММАДИ ХАНДОН (соли таваллуд номаълум — вафот 1551, Ҳирот), хаттоти форс- тоҷик (асрҳои 15—16). Бештари умраш дар Ҳирот гузаштааст. Дар хати настаълиқ маҳорати зиёд дошт. Аз намунаи китобати СултонмуҳаммадиXандон ду нусха «Юсуф ва Зулайхо» ва як нусха «Сабҳат-ул-аброр»-и АбдурраҳмониҶомӣ (китобат 1525), як нусга «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ (1515), як нусха девони …

Муфассал »

СУЛТОНМУҲАММАДИ НУР

unknown_person-05

СУЛТОНМУҲАММАДИ НУР (4470—1533), хаттоти форс-тоҷик. Аслан аз Ҳирот, котибидарбори Султон Ҳусайни Бойқаро буд. Ҳамасронаш СултонмуҳаммадиНурро дар ранганависӣ (истифодаи якчанд ранг) ва таҳрир мумтоз донистаанд. Муаллифи китоби «Муроот-ул-олам» дар ин хусус навиштааст; «Хатшиносони он замон мӯътақиданд, ки хафиро беҳ аз ӯ касе нанависад». СултонмуҳаммадиНурро баъзеҳо «Азҳари сонӣ» лақаб додаанд. Аз нусхаҳои …

Муфассал »

СУЛТОНАЛИИ ҚОИНӢ

unknown_person-05

СУЛТОНАЛИИ ҚОИНӢ    (соли таваллуд намаълум — вафот 1508), хаттоти форс-тоҷик. Шогирди Азҳари Табрезӣ. Аввал дар Табрез зиста, вазифаи котибии дарбори Султон Яъқуби Оққуюнлуро ба ӯҳда дошт. Пас аз марги Яъқуб хизмати дарбори Рустами Оққуюнлуро адо кардааст. Аз Табрез муддате ба Ҳиҷоз меравад ва аз он ҷо ба Ҳирот сафар карда, …

Муфассал »

СУЛТОНАЛИИ МАШҲАДӢ

unknown_person-11

СУЛТОНАЛИИ МАШҲАДӢ Низомуддин (тақрибан соли 1432, Машҳад —1520, ҳамон ҷо), бузургтарин хаттот ва музаҳиби форс-тоҷик, устоди хати настаълиқ. Дар давраи зиндагиаш бо лақабҳои «Қиблатулкуттоб», «Зубдатулкуттоб», «Султонулхаттотин», «Котибуссултони» машҳур гаштааст. Падараш Муҳаммад аз тоҷикони илмдӯсту ҳунарманди Машҳад буд. Султоналии Машҳадӣ то 20 солагӣ дар яке аз мадрасаҳои Машҳад таҳсил карда, ба …

Муфассал »