Маълумоти охирин
Главная / Теги: Файласуф

Теги: Файласуф

САИДМУҲАММАД БОҚИРИ ACTAРОБОДӢ

САИДМУҲАММАД БОҚИРИ ACTAРОБОДӢ (cоли таваллудаш номаълум — вафоташ 1630, Наҷаф) мулаққаб ба Мирдомод ва «Муаллими солис», файласуф ва табиатшиноси машҳури давраи сафавияи Эрон. Дар Машҳад илм омӯхтааст. Аз Машҳад ба Қазвин ва аз он ҷо ба Кошон рафт ва дар Исфаҳон ба дарсгӯӣ машғул шуд. Бино ба маълумоти муаллифи «Райҳонат-ул-адаб» …

Муфассал »

САИДАҲМАДИ ИСФАҲОНӢ

САИДАҲМАДИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1650), файласуфи асри 17 Эрон. Бино ба маълумоти маъхазҳо ба таълимоти ӯ ақидаҳот Шиҳобуддини Сӯҳравардӣ таъсир кардааст. Асарҳои зиёде дар фалсафа ва ахлоқ таълиф намудааст. Ҳошияе ба «Шифо»-и Ибни Сино навиштааст ва онро «Мтфтоҳ-уш-шифо ва урват-ул- вусқо» ном додааст. Ба «Ишорот» низ шарҳе …

Муфассал »

РУССО Жан Жак

zhan

РУССО (Rousseau) Жан Жак (28. 6. 1712, Женева —2. 7. 1778, Эрменон- вилояти наздикии Париж) файласуф, маорифпарвар, нависанда ва бастакори франсавӣ. Аввалин асарҳои фалсафию сиёсиаш Руссоро шӯҳратманд гардонданд. Асарҳои барҷастаи Руссо «Муҳокима дар бораи илм ва санъат» (1750), махсусан «Муҳокима дар бораи пайдоиши нобаробарӣ байни одамон» (1755), ки Ф. Эн¬гелс …

Муфассал »

РОЗӢ Қутбуддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Таҳтонӣ

РОЗӢ Қутбуддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Таҳтонӣ (соли таваллудаш номаълум, Варомини Рай — 1364, Димишқ), файласуф ва мантиқшиноси форс-тоҷик. Шарҳи ҳол ва фаъолияти илмии Розӣ пурра маълум нест. Аз сабаби дар ҳуҷраи қабати якуми Мадраса зиндагӣ карданаш ӯро Таҳтонӣ номидаанд. Розӣ аз устодонаш Азудуддини Иҷӣ ва Алломаи Ҳуллӣ фалсафа, мантиқ ва …

Муфассал »

РОЗӢ Фахруддин

РОЗӢ Фахруддин, Фахри Розӣ, Абӯабдулло Муҳаммад ибни Хотиби Розӣ (1149, Рай—1209, Ҳирот), файласуфи мутакаллим, фақеҳ, муаррих, табло ва риёзидони форс-тоҷик. Падараш Зиёуддини Умар мутакаллим, сӯфӣ, муҳандис ва хатиби машҳури Рай буд. Розӣ савод ва фиқху усули динро аз наза¬ри худ омӯхта, пас аз вафоти ӯ аз олимони машҳури аср — …

Муфассал »

РОЗӢ Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳё

РОЗӢ Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳё. (28. 8. 865, Рай—25. 10. 925, Рай), файласуф ва табиби бузурги форс-тоҷик. Дар ово¬ни ҷавонӣ ба касби заргарӣ ва саррофӣ шуғл дошт. Аз чиҳилсолагӣ ба омӯзиши тиб ва фалсафа рӯ овар¬да, ҳардуро ба хубӣ фаро гирифт. Баъд аз ин аввал идораи бемористони Рай …

Муфассал »

ХАЙЁМ – Xайёми Нишопурӣ – Умари Хайём

xayyom

ХАЙЁМ Ғиёсуддин Абдулфатҳ Умар Ибни Иброҳим, Xайёми Нишопурӣ, Умар ал-Хайёмӣ (18. 5. 1048, Нишопур—4. 12. 1131, ҳамон ҷо), шоир, файласуф, риёзидон ва ҳайъатшиноси форс-тоҷик; ба тиб, назарияи мусиқӣ ва илми ҷуғрофия низ шуғл дошт. Эҳтимолан аз оилаи косиб (хаймадӯз). Ба қавли Ёраҳмад Ҳусайни Рошидии Табрезӣ — муаллифи маҷмуаи «Тарабхона» Xайём …

Муфассал »

ФОРОБӢ Абӯнаср Муҳаммад ибни Тархон

ФОРОБӢ Абӯнаср Муҳаммад ибни Тархон (873, Фороб—950, Димишқ), олими энсиклопедист ва файласуфи Шарқи Наздику Миёна. Форобӣ дониши ибтидоиро дар зодгоҳаш деҳаи қадимаи Фороб гирифта, сипас барои такмили илм ба Бухоро ва Бағдод сафар кард. Илми фалсафаро дар назди донишмандони давр Абӯбишри Матто ва Юҳанно ибни Хайлон омӯхт. Форобӣ пас аз …

Муфассал »

ФОМАИ АКВИНӢ

foma

ФОМАИ АКВИНӢ, Фома Аквинат (Тhomas Аguinas) (1225 ё 1226, қалъаи Роккасеккаи наздикни Акуино, Италияи Ҷанубӣ—7. 3. 1274, дайри Фоссануова, Италиял Ҷанубӣ), файласуф ва илоҳиётшиноси асримиёнагӣ, ташаккулдиҳандаи схоластикаи ортодоксалии асрҳои миёна, асосгузори томизм, роҳиби доминикаиӣ (аз 1244). Дар Университети Неапол (1239—44), сипас дар назди Алберти Бузург дар Университети Париж (1245—48) ва …

Муфассал »

ФИХТЕ Иоганн Готлиб

ФИХТЕ (Fichte) Иоганн Готлиб (19. 5. 1762, Рамменау—29. 1. 1814, Берлин), файласуф ва ходими ҷамъиятӣ, намояндаи идеализми классикии немис. Солҳои 1794—99 Фихте профессори Университети Йен буд, баъди тарғиботи мулҳидонааш аз университети мазкур ронда шуд. Дар «Хитобаҳои расмӣ ба миллати немис», халқро ба таҷдиди ахлоқ ва муттаҳид шудан даъват намуд. Соли …

Муфассал »