Маълумоти охирин
Главная / Теги: Урфу одат

Теги: Урфу одат

ҚИНҒОЛАБОЗӢ

tuy

ҚИНҒОЛАБОЗӢ, қинғолбозӣ, нисбатбозӣ, дасудабозӣ, як навъ мулоқоти байни арусшавандаю домодшавандаро гуянд, ки баъди туи фотида оғоз ёфта, то туи арусӣ давом мекард. Қ. дар замони модаршоӣ пайдо шудааст. Минбаъд Қ. ҳамчун анъана дар байни баъзе халқҳо мушоҳида мешуд. Шариат вохурии арусшавандаю домодшавандаро то туи арусӣ манъ мекард. Бинобар ин модарарус …

Муфассал »

ШИРИНКОМА

tuy

ШИРИНКОМА, ширинкамона, 1) шириниест, ки падару модари домодшаванда ба ивази расонидани хабари розигии волидайни арусшаванда ба хостгори фиристодааш медод. Вақтҳои охир мазмуни он васеътар шуда, ба ҷои ширинӣ ҷомаю руймол ва ғ. медодагӣ шуданд; 2) пуле, ки пешакӣ барои иҷрои супориши махсус аз тарафи фармоишдиҳанда ба шахси иҷрокунанда дода мешавад; …

Муфассал »

ШАББОЗОР

ШАББОЗОР, бозоршаб, яке аз одатҳои машҳури тоҷиконро гӯянд. Шаббозор асрҳои 9—10 дар баъзе шаҳру ноҳияҳои сернуфус бо номи шаби сурӣ маъмул буд ва ба рўзҳои ҷашни Сада рост меомад. Бино ба ахбори Наршахӣ, дар шаби сурӣ гулхан меафрўхтанд ва дар равшании он мардум сайру тамошо мекард ва бо тиҷорат машғул …

Муфассал »

ЧОКБУРРОН

tuy

ЧОКБУРРОН, ҷомабуррон, парчабуррон, латтабуррон, ҷиҳозбуррон, маросими пеш аз тўйи арӯсиро гӯянд. Пеш аз саршавии тӯи арўсӣ дар хонаи арўсшаванда бо мақсади тайёр намудани лавозимоти рӯзгори оилаи нав, либоси арўсу домод, маъракае барпо мекунанд.            Ф. Зеҳниева.

Муфассал »

ЧОДАРКАНОН

chodar

ЧОДАРКАНОН чимилиқканон,  торканон, яке аз маросимҳои баъди тўи арўсиро гўянд. Ин маросимро дар Ҳисор чодарканон, Уротеппа тахтфаророн, Қаротегин дастбеша, дар Ленинобод чимилиқканон меноманд. Одатан Чодарканон дар ҳар куҷо ҳар хел аст. Mac., дар Ленинобод, Кӯлоб баъди 3—6 рӯз, дар Уротеппа ва баъзе ноҳияҳои дигар худи ҳамон рўз ё рӯзи дигар, …

Муфассал »

ЧОДАР

chodar

ЧОДАР, чимилиқ, гӯшаина, тор, пардаест, ки ҳангоми тӯй дар як кунҷи хонаи арӯс ё домод мекашанд. Чодарро аз матоъҳои махсус ба андозаи дилхоҳ медӯзанд, баъзан кашидадӯзӣ мекунанд. Дар паси парда домод ё арӯс бо рафиқ (дугона)-и худ менишинад.

Муфассал »

ХУРОФОТ

ХУРОФОТ (ар.— ақида, фикри мавҳуми беасос), боқимондаҳои урфу одати гузаштаро гўянд, ки дар сохти нави ҷамъиятӣ низ амал мекунанд. Онҳо дар муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, миллӣ ва ғайра зоҳир мешаванд. Бино ба таълимоти классикони марксизм- ленинизм ҷамъияти нав тамоми боқимондаҳои замони гузаштаро якбора бартараф карда наметавонад. Масалан, дар дохили капитализм …

Муфассал »

ХОСТГОРӢ

traditions

ХОСТГОРӢ, як анъанаи қадимаеро гўянд, ки дар он хостгорон барои гирифтани розигии волидайни духтари интихобшуда ба хонааш мераванд. Дар бисёр шаҳру районҳои республикаҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон, аз ҷумла дар РСС Тоҷикистон маъмул аст. Баъзе унсурҳои маросими Xостгорӣ дар маҳалҳо фарқ мекунанд, вале мазмуну моҳияташ дар ҳама ҷо як хел …

Муфассал »

СУСХОТУН

СУСХОТУН, сухотун, ашаглон (туркӣ-соҳиби об, зани боронталаб), яке аз маросимҳои қадимист, ки дар байни халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон паҳн гашта буд. Дар солҳои хушксолӣ деҳқонон ва чорводорон як қатор маросимҳоро ба ҷо меоварданд ва гумон доштанд, ки ба туфайли ин маросимҳо гӯё борон меборида бошад. Занҳо хӯсаи пиразаншкле (матарс, …

Муфассал »

СОРОРАТ

tuy

СОРОРАТ (аз лотинӣ soror — хоҳар), урфу одате, ки мувофиқи он мард метавонист якчанд зан (хоҳари ҳамтан ё тағодухтар, амакдухтар, холадухтар ва дигарон)-ро ба никоҳи худ дарорад. Ин одат бори аввал аз тарафи этнограф ва археологи америкоӣ Л. Г. Морган қаламдод шудааст; истилоҳи Сороратро этнограф ва археологи англис Ҷ. Фрейзер, …

Муфассал »