Маълумоти охирин
Главная / Теги: унвон

Теги: унвон

САРМАРШАЛИ НАВЪИ ҚӮШУН

САРМАРШАЛИ НАВЪИ ҚӮШУН, унвони олии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Советӣ. Сармаршали артиллерия, авиатсия, қӯшунҳои танкии зиреҳпӯш, қӯшунҳои инженерӣ ва алоқа ҳаст, ки ба унвони Маршали Иттифоқи Советӣ баробар дониста мешавад. 9 октябр 1943 ҷорӣ шудааст. Унвони Сармаршали авиатсия дар Британияи Кабир низ ҳаст.

Муфассал »

САДРИ ҶАҲОН

САДРИ ҶАҲОН, унвони ҳокимони феодалии Бухороӣ охири асри 12 ва ибтидои асри 13 аз хонадони Бурҳон. Аввалин шахси ба ин унвон соҳибшуда фақеҳи тариқати ҳанафия Абдулазиз ибни Умар буд, ки ӯро Султон Санҷари салҷуқӣ раиси (ҳокими) Бухоро таъин кард. Сонитар Садри ҷаҳон ба тобеияти Қарахониён афтод, вале ба василаи дастгирии …

Муфассал »

РУТБАҲОИ ДИПЛОМАТӢ

РУТБАҲОИ ДИПЛОМАТӢ, унвоиҳои махсусеанд, ки ба коркунони дипломатӣ дода мешаванд. Система ва тартиби додани Рутбаҳои дипломатиро қонунгузории ҳар як давлат ба тартиб меандозад. Дар аксар давлатҳо Рутбаҳои дипломатии зерин маълуманд: сафир, намоянда (элчӣ), машваратчӣ, котибони якум, дуюм, сеюм ва атташе. Рутбаҳои дипломатӣ дар Конгресси Вена қабул гардид; дар Конгресси Ахен …

Муфассал »

РОНАНДАИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ РСС ТОҶИКИСТОН

РОНАНДАИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ РСС ТОҶИКИСТОН, унвони фахрӣ; 20 июли 1963 Пре¬зидиума Совети Олии РСС Тоҷикистон таъсис кардааст. Бо ин унвон ронандагоне сарфароз мегарданд, ки дар хоҷагиҳои автомобилии вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳо, колхозу совхозҳо аз рӯи ихтисоси худ камаш 15 сол кор карда, дар бобати моҳирона ва бе фалокат идора кардани …

Муфассал »

УНВОНҲОИ ФАХРИИ РСС ТОҶИКИСТОН

peoples_artist_of_the_tajik_ssr_medal

УНВОНҲОИ ФАХРИИ РСС ТОҶИКИСТОН, шакли мукофоти Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, ки барои хизматҳои барҷаста дар боби тараққӣ додани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, илм, маданият ва санъат ба шахсону коллективҳои ҷудогона дода мешаванд. Унвонҳои фахрии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистонро мувофиқи моддаи 110 Конститутсияи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Президиуми Совети Олии …

Муфассал »

УНВОНҲОИ СПОРТӢ

unvoni-ms

УНВОНҲОИ СПОРТӢ, номҳои фахриро гӯянд, ки барои комёбиҳо дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, миллӣ, расмӣ ва иҷрои меъёру талаботи спорт, фаъолияти самарабахши педагогӣ, треперӣ ва доварӣ медиҳанд. Дар СССР чунин Унвонҳои спортии фахрӣ муқаррар шудаанд: Устоди Хизматнишондодаи Спорт, Тренери Хизматнишондодаи СССР, Гроссмейстери СССР, Устоди спорти СССР-и класси байналхалқӣ, Устоди спорти СССР, Довари …

Муфассал »

УНВОН ВА ДАРАҶАИ ИЛМӢ

unvon

УНВОН ВА ДАРАҶАИ ИЛМӢ, 1. Унвови илмӣ, унвонест, ки ба омӯзгорони мактабҳои олӣ ва ходимони муассисаҳон илмӣ аз рӯи корҳои педагогӣ ва тадқиқоти илмии онҳо медиҳанд. Дар СССР профессор, дотсент, ходими калони илмӣ, ассистент, ходими хурди илмӣ унвони илмӣ ҳисоб мешаванд. Се унвони аввалро Комиссияи олии аттестасионӣ (ВАК) -и СССР …

Муфассал »

ПОШШО

ПОШШО, пошо, унвони фахрии амалдорони гражданӣ ва ҳарбӣ дар империяи Усмония. Аввалҳо бекларбегӣ ва дигар мансабдорони оиб ба ин унвон сазовор мегардиданд. Баъди ислоҳоти асри 19 (Танзимат) ва ташкил ёфтани армияи мунтазам ба генералҳо ва вазирҳо низ медоданд. Баъди таъсиси республикаи Туркия (1923) танҳо генералҳо ба ин унвон соҳиб мешуданд. …

Муфассал »

ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТИ СОЦИАЛИСТӢ

kahramoni-mehnati-s

ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТИ СОЦИАЛИСТӢ, дар СССР унвони фахрӣ, дараҷаи олии мукофотест, ки барои хизмати барҷастаи давлатӣ дар соҳаи сохтмони хоҷагӣ, маданӣ, фаъолияти сиёсӣ, инкишофи илму техника дода мешавад. Он дар СССР с. 1938 ҷорӣ шуд. Унвони Қ. М. С.-ро Президиуми Совети Олии СССР бо ордени Ленин, медали тиллоии «Дос ва Болға» …

Муфассал »

ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТ

kahramoni-mehnati-s

ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТ, унвонест, ки 27 июли 1927 КИМ ва СКХ-и СССР таъсис кардааст. Ба шахсоне дода мешуд, ки дар соҳаи истеҳсолот, фаъолияти илмӣ, давлатӣ ё ҷамъиятӣ хизматҳои махсус дошта, зиёда аз 35 сол коргар ё хизматчӣ шуда кор кардаанд. Мувофиқи Укази Президиуми Совети Олии СССР (27 дек. 1938) «Дар бораи …

Муфассал »